Бо мақсади пешгирии ҷинояткорӣ байни ҷавонон ва мубориза бар зидди нашъамандӣ бо донишҷӯёни донишкада вохӯрӣ гузаронида шуд. Мулоқот  дар доираи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар сурат гирифт.  Сарвари давлат зимни ироаи Паёми навбатии худ баён доштаанд, ки “...Озодиву истиқлолият бояд ҳамчун дастоварди бузургтарин ва ғояи муқаддаси миллиамон чун гавҳараки чашм ҳифз карда шуда, хавфу хатарҳои замони муосир, аз ҷумла содиршавии амалҳои террористиву экстремистӣ, гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундрав, муомилоти  гайриқонуни  маводи мухаддир  нашъамандӣ ва омилҳои коррупсионӣ пешгирӣ ва аз байн бурда шавад. Зеро вазифаи ҳар яке аз мо муҳайё сохтани шароити арзандаи зиндагӣ ба мардуми шарифи кишварамон ва мусоидат намудан дар суботу оромӣ дар Тоҷикистон мебошад”.

Мулоқотро муовини директор оид ба илм Мақсудов Хуршед оғоз намуда, зикр кард, ки нашъамандиву нашъаҷаллобӣ дар қатори дигар зуҳуроти номатлуби ҷомеа барои солимии шахс ва миллат хатари зиёд дорад.  Мушоҳидаҳои солҳои охир нишон медиҳанд, ки давлат ва ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати ин амали ногувор муборизаи қавӣ мебаранд. Тавсеаи якчанд қонуну барномаҳои стратегӣ барои коҳиш нашъамандӣ бешубҳа мусоидат намуд. Аммо ҳанӯз ҳам ин беморӣ хосса миёни ҷавонон зиёд паҳн шудааст. Азбаски Тоҷикистон дар сарҳади кишвари истеҳсолкунандаи маводи нашъаовар - мамлакати Афғонистон қарор дорад, интиқолу паҳни маводи мухаддир зиёд ба чашм мерасад. Хушбахтона, таъсиси  Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон садди роҳи қонуншиканиҳо мегардад.

Дар мулоқот намояндаи Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Ҷамшед Аҳмадзода ширкат варзида, оид ба зарар ва оқибатҳои фоҷиаовари маводи нашъадор сухан ронд. Номбурда аз таҷрибаи кории худ мисолҳои мушаххас оварда, бо донишҷӯён мулоқоти озоду шаффоф намуд. Донишҷӯён ба саволҳои худ посухҳои мушаххас гирифта, ҳамзамон ба саволҳои намояндаи Раёсат ҷавобҳои қаноатманд доданд.

Ҷамшед Аҳмадзода зикр намуд, ки тибқи омори Маркази наркологии вилояти Суғд 1012 нафар нашъаманд ба қайд гирифта шудааст, ки аз он 300 нафар  дар шаҳри Хуҷанд мебошад. Мутаассифона, байни онҳо занону духтарон низ ҳастанд, ки 34 нафарро ташкил медиҳанд. Дар охир қйд намуд, ки ҷавонон зиракиро аз даст надода, ба дӯстону ҳамсолони худ ҳушдор диҳанд, ки аз ин доруи марговар даст кашида, рӯ ба зиндагии солим ниҳанд.

Донишҷӯён аз вохӯрии мазкур бардошти хубе гирифта, оид ба сабаб ва оқибатҳои нашъмандӣ ҳушдор гардиданд.