Дар ҳамаи давру замон гурӯҳҳои террористию ифротгароӣ бо мақсади ғасби ҳокимият ва амалишавии манфиатҳои шахсиву қавмӣ фаъолияти тахрибкорона мебурданд. Мо хуб медонем, ки Тоҷикистон дар саргаҳи соҳибистиқлолӣ ба чунин амалҳои номатлуб мубориза бурда шикаст ҳам хӯрда буд. Махсусан ҳаркатҳои иртиҷогаронаи ҳизби наҳзат, ҳизби демократ, ҳаракатҳои ба монанди  “”Растохез” ва “Лаъли Бадахшон” теъоди зиёди рушанфикронро ба доми тазвири худ кашида, мамлакатро ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ кашиданд.

Ба сари қудра омадани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳама нофаҳмиҳо, зиёдравиҳо дар такя ба нерӯи хиради халқ нуқта гузошт.

Бо мақсади решакан намудани терроризм соли 1999 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  Қонун “Дар бораи мубориза бар зидди терроризм “ қабул карда шуд. Ин қонун, терроризм- яъне зӯроварӣ ё таҳдиди истифодаи он нисбат ба шахсони воқеъӣ, маҷбур кардан ё таҳдиди истифодаи он нисбат ба шахсони ҳуқуқӣ, ҳамчунин нобуд сохтан, ё таҳдиди нобуд сохтани амвол ё ин ки дигар объектҳои моддии шахсони воқеъӣ ва ҳуқуқиро маҳкум месозад.  Дар идома бо қарори суди олии кишвар фаъолияти беш аз 20 равияву ҳаракатҳои ғайриқонунӣ дар Тоҷикистон манъ карда шуд.

Имрӯз вақте омадааст, ки мо бояд теша бар решаи терроризм бизанем, гарчанде ки мубориза бо терроризм ва экстремизм  вазифаи асосии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ мебошад, бе дастгирии ҳаматарафаи шаҳрвандон ин номумкин аст. Барои он ки гаравиш аз тарафи ҷавонон ба ин гуна равияҳои ифротгароӣ аз байн бардошта шавад, бояд масъалаҳои таълим ва махсусан тарбия дар муассисаҳои миёнаи таҳсилоти умумӣ, муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ беҳтару хубтар ба роҳ монда шавад.Омӯзгоронро лозим аст, ки дар дарсҳои тарбиявӣ бобати масъалаи мазкур бештар диққат диҳанд.Ҳисси нафрат ва бадбиниро нисбати терроризм, экстремизм ва ҳизбу ҳаракатҳои тундрав ва равияҳои номатлуби мавзӯънок бедор намояд. Ташкил намудани вохӯрию конфронсҳо бо кормандони ҳифзи ҳуқуқ дар доираи шомилшавии ҷавонон ва наврасон ба ҳаракатҳои дар боло зикргардида  дар муассисаҳои таълимӣ зиёд карда шавад. Инчунин дар муассисаҳои таълимӣ бояд кори созмонҳои талабагӣ ва созмони ҷавонон  ҷоннок ба роҳ монда шавад, зеро мубориза алайҳи терроризм ва экстремизм на танҳо вазифаи равшанфикрон, балки вазифаи ҳар фарди ватандӯсту гуманист, ҳар шахси комилҳуқуқи ҷомеа аст.

Низомадинова Р. А., устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд