Зуҳур ёфтани гурӯҳҳои ифротгарои имрӯз мардуми сулҳхоҳи дунё, аз ҷумла ҷомеаи моро ба ташвиш овардааст.

        Мутаассифона, ҳамарӯза шоҳиди нооромиҳо ва даргириҳои зиёде дар як қатор кишварҳои дунё ҳастем.

Дар ҷаҳони имрӯза зиддиятҳои динӣ, этникӣ ва иҷтимоӣ, ки асоси ҷоннокшавии терроризм гардидаанд, то рафт авҷ  гирифта истодааст. Дар сарҳадҳои Афғонистон ва Покистон базаҳои тайёркунии террористони байналхалқӣ, ки ба онҳо ташкилоти террористии "Ал-қоида", "Толибон" "Ҳаракати исломии Ӯзбекистон" якҷоя амал мекунанд, мавҷуданд. Онҳо аз паст будани маърифати исломии аҳолӣ ва аз муамоҳои иҷтимоии онҳо хеле моҳирона истифода бурда, ин табақаи ҷамъиятро бештар ба тарафи худ мекашанд.

        Экстремизм-зидди ҳукумати қонунӣ баромадани гурӯҳҳое мебошанд, ки мамлакатро ноором гардонида, мехоҳанд ба ҳокимият соҳиб шаванд. Аз рӯйи маълумотҳо ҳоло дар дунё қариб 500 гурӯҳҳои гуногуни самти диннӣ-экстремистӣ дошта амал намуда истодааст. Дар солҳои охир аз тарафи онҳо қариб 10ҳ. ҳаракати террористӣ, ки дар натиҷаи он ҳазорҳо одамон фавтидаанд, амалӣ шуда истодааст.

          Бо баробари ин пурзӯршавии фаъолияти ҳизбӣ динӣ ва экстремистии "Ҳизб-ут -таҳрир", ки фаъолияти зиддиконститутсионӣ дошта, бо роҳи осоишта мақсади барпо кардани "Хилофат"-и исломиро касб менамояд, мушоҳида мегардад. Чунин ҳизбу ҳаракатҳо аз муаммоҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва каммаърифатии як қисми аҳолӣ хусусан ҷавонон хеле моҳирона истифода бурда, онҳоро ба сӯи худ мекашанд. Дар чунин вазъият ҷавононро ҳушёрии сиёсӣ, маърифатнокии баланд, худшиносии миллӣ лозим аст.

         Ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ : Салафия, Ансоруллоҳ, Ҳизб-ут-таҳрир, Ал-Қоида, Ҳаракати исломии Ӯзбекистон, Ваҳобиён ва ғайра мебошанд, ки мақсади онҳо барпо кардани давлати исломӣ мебошад.

         Салафиён ва Ваҳҳобиён ташкилотҳои диние мебошанд, ки аз тарафи ходими динии араб Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб таъсис карда шудаанд. Асосҳои назариявии ин таълимотро олими соҳаи дин Ибни Таймӣ дар асри XIV пешниҳод намудааст. Асоси ғоявии Салафияро муборизаи яроқнок бар зидди “кофирон” ташкил медиҳад.

        “Ҳизб-ут-таҳрир” фаъолияти зидди қонунӣ дошта, бо ҳар роҳ тавонистааст бисёр ҷавононро ба тарафи худ ҷалб намояд.Набояд Мо ҷавонон ба ин ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ шомил гардем ва нагузорем, ки ҳамсолони мо низ фирефтаи чунин ҳаракатҳои номатлуб гарданд.

        Имрӯзҳо дар Осиёи Миёна гурӯҳу ташкилотҳои гуногуни террористӣ ба монанди Ҳаракати исломии Ӯзбекистон, Ҳаракати исломии Туркистон ва ғайра, ки ба ташкилоти байналмиллалии террористии “Ал-Қоида” ҳамкорӣ доранд, бештар фаъол мебошанд. Чӣ хеле, ки аз гуфтаҳои дар боло зикр шуда маълум гашт ташкилоти террористии “Ал-Қоида” бо “Толибон”, “Ҳаракати исломии Ӯзбекистон” якҷоя амал мекунанд ва пешвоёни онҳо барои тайёр намудани ҷанговаронаш аз таълимоти Ибни Таймӣ истифода мебаранд. 

Аксарияти ҷавонони имрӯза бештар бо роҳи осон зиндагӣ карданро фикр мекунанд. Меҳнат кардан намехоҳанд, бо ҳар роҳе мехоҳанд соҳиби маблағи зиёд гарданд ва онро аз каммаърифатӣ, саводу дониш пасти динӣ доштан ва надоштани ягон касбу ҳунар ба ҳар гуна кору амалҳои нозарур даст мезананд. Шахсе, ки соҳибмаърифат аст метавонад мустақилона амал намуда, роҳи дурусти зиндагиро интихоб намояд. Инчунин барои ислоҳи камбудиҳои худ кӯшиш намуда, худро тарбия намояд.

         Бинобар ҳар яки мо  бояд дониши баланди илмӣ дошта бошем ва  аз паи касби интихобкардаи худ гашта, меҳнатдӯстиро пешаи худ гардонед. Чӣ хеле, ки президенти кишвар Э. Раҳмон дар баромади худ гуфтаанд:"Ҳамаи мо вазифадорем, ки бо шукронаи соҳибватаниву соҳибдавлатӣ ва сулҳу оромии кишвар, бо хотири фардои неку ободии Ватанамон ҳарчи бештар заҳмат кашида, Тоҷикистони маҳбубамонро боз ҳам ободу зебо гардонем." Дар ҳақиқат суханони Президенти кишвар дурустанд. Биёед ҳама барои ободу зебо гардонидани Ватани маҳбуби худ ва поку беолоиш нигоҳ доштани он кӯшиш ба харҷ диҳем.

Тоҳирҷон Тоҳиров, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд