Боиси ифтихору сарфарозӣ ва шукргузории ҳамаи мост, ки Тоҷикистони азиз – Ватани маҳбуб ва хонаи умеди тоҷикони ҷаҳон зери сиёсати хирадмандонаву созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба марҳилаи нави рушд ворид гардида, дар сатҳи ҷаҳонӣ ҳамчун кишвари ташаббусҳои муҳим шинохта шудааст.  Мусаллам аст, ки ин ҳама ободиву пешрафт ва шукӯфоии Тоҷикистони азиз ба душманону бадхоҳони миллату давлати мо писанд нест, зеро онҳо бар ин назаранд, ки тоҷик чун дар гузашта ҳамеша бояд аз “ҷабри таърих” бинолад.  Барои хоинону хоҷагони онҳо талошҳои Пешвои муаззами миллат барои сохтани таърихи навини рушди кишвар, эҳё ва таҳкими давлатдории миллӣ ба қавле “устухон дар гулуст”. Хонандаи ҳушманд дуруст дарк намуд, ки сухан дар бораи чист. Бале, рафтору гуфтори наҳзатиёни наҳс бо роҳбарии Кабириву  Муҳаммадиқбол ва дигар нафриншудагони халқу миллатро дида, кас ба чунин хулосае меояд, ки такрори сенарияи солҳои навадум ва боз ба оташи ҷанги шаҳрвандӣ кашидани кишвар аз ҳадафҳои асосии ҳизбу ҳаракатҳои ифротиву террористӣ мебошад.  Роҳбарону хоҷагони наҳзатиён хуб медонанд, ки мардуми солдидаи  кишвар, ки шоҳиди даҳшатафканиҳои онҳо дар солҳои навадум буданд, дигар ба онҳо бовар намекунанд, аз ин рӯ хонинони миллату давлат акнун мехоҳанд бо ҳар роҳу восита ба мафкураи наврасону ҷавононе, ки аз ғаразҳои нопокашон хабар надоранд, таъсир расонанд, аниқтараш онҳоро ба манқуртоне табдил диҳанд, ки разишҳои милливу давлатӣ барояшон қадре надошта бошад.

Дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии мамлакат, ки 23 декабри соли 2022 ироа гардид, Ҷаноби Олӣ таъкид намуданд, ки “гурӯҳҳои террористиву эктремистӣ барои даъват ва ҷалб намудани шаҳрвандон ба сафҳои худ бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ роҳу усулҳои навро истифода карда, ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳро бо ғояҳои тундгароӣ гумроҳ месозанд”.

Аз ин рӯ зарур аст, ки ҳамаи мо, махсусан вакилону фаъолон, омӯзгорон ва дигар шаҳрвандони худшиносу ватандӯсти кишвар дар сафи пеши мубориза бо ҳама зуҳуроти номатлуб, ба вижа ифротагроиву терроризм бошем ва нагузорем, ки заҳрпечаки ақоиди душманони миллату давлат мағзи фарзандонамонро хазон кунад. Дар ин роҳнамоии дурусти фарзандон ҳангоми истифодаи интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ бисёр зарур аст. Чунки минбари асосии ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ шабакаҳои иҷтимоӣ маҳсуб меёбанд. Қисми зиёди наврасону ҷавонон низ маҳз тавассути интернет мағзшӯӣ гардида, ба чунин гуруҳҳои террористӣ шомил мешаванд.  

Ба таъкиди Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳҳмон: “Мо бояд ватандӯсту ватанпараст бошем ва ҳаргиз фаромӯш насозем, ки эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва ҳисси баланди миллӣ омили асоситарин ва роҳи муҳимтарини рушди давлат ва ҷомеа мебошад.”

Маҳбуба Комилова, устоди кафедраи таъминоти барқ ва автоматика