Дар давоми наздик ба 33 соли соҳибистиқлолии Тоҷикистон, ки шояд дар назди таърих фосилаи зиёде намебошад, кишвари мо ба музаффариятҳои шоистаи таҳсин ва дастовардҳои беназири сиёсиву иқтисодӣ, фарҳангиву маърифатӣ ноил гардид. Худ расидан ба марҳилаи сулҳофаринӣ ва ваҳдати миллӣ пас аз ҷангҳои бародаркуш беҳтарин неъматест, ки барои миллати мо дар ин фосилаи кутоҳ ба ҳидоят ва раҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат,  Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон насиб гардид. Беҳуда нест, ки роҳбари давлати моро имрӯз дар арсаи сиёсати байналмилалӣ ҳамчун меъмори сулҳ ва ваҳдат ном мебаранд. Воқеан, сулҳе, ки миёни тоҷикон бо талошҳои бевоситаи Эмомалӣ Раҳмон ба миён омад, дастоварди беназирест, ки кишварҳои дигари олам солҳо чунин сулҳу субот ва оромишро интизорӣ мекашанд.  Бахусус, дар ҷомеаи имрӯза, ки ҷаҳон лабрези ҷангу хушунат ва қатлу куштор дар минтақаҳои мухталиф аст ва ҳамзамон кишварҳои ҷангзада дар арсаи сиёсати ҷаҳонӣ меафзоянд, аҳамияти сулҳи тоҷикон бо роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон бештар мешавад. Ҷаҳониён ҳатто хостори он ҳастанд, ки  имрӯз аз сулҳи тоҷикон дарси ибрат омӯзанд, аз ин сулҳе, ки бо талошҳо ва ҷонбозиҳои меъмори он Эмомалӣ Раҳмон насиби миллати мо гардид.

Аммо ҳамин сулҳи побарҷо, якдиливу ваҳдати сар то сариро ҳифз доштан, ҷомеро ба сӯи созандагиву бунёдкорӣ ҳидоят кардан заҳмати содиқонаро талаӣ карда истодааст.

Воқеъияти зиндагӣ ва ҳаёти имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ собит месозад, ки агар шаҳрвандон маърифати зарурӣ, сатҳи баланди худшиносӣ надошта бошанд, дар байни онҳо ваҳдату якдилӣ таъмин намегардад.

Мулоқоти озоду шаффофи Роҳбари давлат дар остонаи моҳи шарифи Рамазон бо  фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар маҳз аз ҳамин зовия зарур ва ҳатмӣ буд. 

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки дар замони бархурди тамаддунҳо ва муборизаҳои  геополитикӣ ҳифзи манфиатҳои миллӣ, муаррифии таъриху фарҳанги ниёгон дар раванди таъмини ваҳдату суботи сиёсӣ нақши бориз мегузорад.

Фаъолони ҷомеа ва ходимони дин, ки тарғибгарони фаъоли сиёсати созандаи давлату ҳукумат ва муаррифгарони таъриху фарҳанг  мебошанд, масъул ҳастанд,  то бо мардум ҳарчи бештар дар мулоқот бошанд, рӯҳияи миллию хештаншиносии сокинонро баланд бардоранд, дастовардҳои шоистаи давлатдориро фаҳмонанд.

Ҳамчунин  таъкид гардид, ки истиқлолу ваҳдат неъмати бебаҳо буда, ҳифзи он ба дӯши ҳар сокини мамлакат меистад. Танзими расму оин, роҳ надодан ба унсурҳои бегонапарастӣ ба мардум, фаҳмонидани роҳи дурусти диёнат, тарбияи фарзанд аз таъкидҳое буданд, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли толор дастур доданд. 

Воқеан ҳама мактаби давлатдории зиёда аз 30-солаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар собит сохт, ки дар меҳвари сиёсати ин абармарди миллати тоҷик ба таври равшану возеҳ ва мушаххас таҳкими тафаккури миллӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ қарор дорад.

 Таъкиду пешниҳодҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар раванди шароити бисёр ҳассоси ҷаҳонишавӣ бамаврид ва саривақтӣ буда, саршор аз оини ватандорӣ аст.

Пешвои миллат бамаврид таъкид намуданд, ки танҳо маърифат садди роҳи ҷаҳолат шуда метавонад. Маърифат имкон медиҳад, ки тамоми арзишҳои ҷомеаи инсонӣ ҳифз шуда, барои зиндагии босубот ва шоиста истифода гарданд. Миллати тоҷик аз азал ҳамчун миллати соҳибмаърифат дар саргаҳи тамаддуни башарӣ қарор дорад. Бо омӯзиш аз сабақҳои таърих имрӯз бояд шукрона кард, ки аз баракати Истиқлоли давлатӣ дар тамоми соҳаҳои ҳаёти иҷтимоии кишвар, аз ҷумла дар самти озодии виҷдон шароити созгору мусоид фароҳам гардида, шаҳрвандон тамоми фарзияҳои динии хешро озодона анҷом медиҳанд.

Имрӯз барои мо мардуми тоҷик саодати бузург аст, ки дар чунин фазои озоду кишвари обод умр ба сар мебарем. Ин пеш аз ҳама, нахуст аз шарофати неъмати Илоҳӣ ва саъю кӯшиши шабонарӯзиву сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Мо мардуми ҳушёру бозаковатро зарур аст, бо шукргузорӣ аз ин истиқлолияти миллӣ ва шароити мусоиду рӯзгори матлуб ҳама рӯза бар андешаи он бошем, ки чигуна ҷомеаи озоду фазои кушоди кишварамонро аз иллат ва сирояти баъзе аз амалҳои номатлуб раҳо созем. Ҳамеша дар мазраи қалбу зеҳн ва тафаккури мо ҳисси меҳанпарастӣ, худшиносӣ, ватандӯстӣ ва инсонгароӣ ҷӯш занад. Муҳаббат ба ватанро чун ибодат ба Худо фарз шуморем ва дар ҳифзи якпорчагиву ваҳдати комили он саъю талош намоем.

Замира Ҷӯраева, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд