Масъалаи пойдорӣ ва рушду мустаҳкамии оила чун мавзӯи муҳими рӯз пайваста дар мадди назари аҳли ҷомеа, хоса мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллӣ қарор дорад. Зеро низоъ ва ё фурӯпошии ҳеҷ як оила дар ҷомеа хушоянд нест. Яке, аз сабабҳои пош хӯрдани оилаҳо бе муоинаи пешакии тиббӣ хонадор кардани ҷавонон ва ба эътибор нагирифтани саломатии онҳо ба шумор меравад. Дигар аз мушкилӣ бемории норасоии масъунияти одам мебошад, ки шахсони мубталои ин беморӣ дар ҷумҳурӣ беш аз 6,5 ҳазорро ташкил медиҳанд. Бояд дар хотир дошт, ки пойдорӣ ва устувории оиларо муҳаббат ташкил медиҳад. Ва танҳо муҳаббати самимӣ метавонад оиларо мустаҳкам ва ҳама мушкилоти мавҷударо рафъ созад. Агар дар оила муҳаббат бошад, зану шавҳар ба хотири он аз баъзе талаботи худ гузашт карда ҳамдигарро ба хубӣ дарк мекунанд ва мушкилоти дар оила ба вуҷуд омадаро ба осонӣ ҳал менамоянд. Фарзандоне, ки дар чунин оила тарбия меёбанд, метавонанд дар оянда соҳиби обрӯ ва зиндагии шоиста гарданд. Дар зиндагӣ бо боварӣ умр ба сар бурдани зану шавҳар омили асосӣ аст, зеро боварӣ ва эътимод решаи вафо буда, нахли бовафоӣ аз ҳамин реша об мегирад, сабзу пурбор мешавад ва ба камол мерасад. Нобоварӣ беэътимодӣ меҳри дил ва сафои манзилро аз байн мебарад.  Бояд гуфт, ки оила ва оиладорӣ аз мушкилоти асосии ҳамаи замонҳо буд ва мебошад. Мушкилоти оиладорӣ ва пош хӯрдани оилаҳо рӯз ба рӯз зиёд шуда истодааст. Илми равоншиносӣ сабабҳо ва омилҳои пошхӯрии оилаҳоро то ҷое ҳаллу фасл намудааст. Пошхӯрии оилаҳо сабабҳои гуногун дорад. Ҳоло якчанд омили асосии пошхӯрии оилаҳоро аз нуқтаи назари илми  равоншиносӣ дида мебароем. Аслан, саодат ва хурсандии мард дар издивоҷ, бисёртар аз характер ва рафтори ҳамсараш вобастагӣ дорад. Агар мард дар зиндагиаш ҳама чиз дошта бошад, аммо дар баробари ин, зани туршрӯй, бадгӯю пургап, дағалу бадрафтор дошта бошад, зиндагии ӯ беарзиш аст. Бале, характери бад доштани яке аз ҳамсарон дар хонавода боиси эҷоди муҳити ғамангез ва нафратовар мешавад. Занҳое вуҷуд доранд, ки даромади пулии шавҳарашонро назорат мекунанд. Таъсири зан дар зиндагӣ ва кору фаъолияти шавҳар бисёр муҳим аст. Барои мустаҳкам кардани оила ва нигоҳ доштани он зан ва шавҳар бояд якдигарро дар тӯли зиндагӣ кӯмак кунанд. Онҳо бояд дар якҷоягӣ амал намоянд. Танҳо дар ин ҳол зану шавҳар метавонанд ба зиндагии дуруст ва саодатмандона бирасанд. Саодатмандӣ ва хушбахтии оилавӣ якҷо будан, якҷо ҳаракат кардан, якҷо, бо ҳам ба сӯи ҳадафҳои доштагӣ рафтан аст.

  Сабаби дигари пошхӯрии оилаҳо набудани саодат дар зиндагии оилавӣ мебошад. Инсонҳое, ки саодатро дар зиндагии оилаашон дида наметавонанд, оилаи онҳо ба пошхӯрӣ шурӯъ мекунад. Инсон мавҷуди бошуурест, ки бояд ба ҳадафи асосӣ, яъне саодат бирасад. Ин ҳадафи асосии зиндагии иҷтимоии инсон мебошад. Чаро дар баъзе мавридҳо оилаҳое, ки дорои сарват, чизу чора ва дороии зиёд ҳастанд, зиндагии хубу осоишта надоранд? Сабаби ин мушкилӣ дар набудани саодат ва хушбахтӣ дар оилаҳои онҳост. Саодат ё масъалаи хушбахтии инсон масъалаи иҷтимоист. Мо, ҳангоме ки дар бораи саодат суҳбат мекунем, саодати иҷтимоиро дар назар дорем. Саодат танҳо хоси инсонҳо ва зиндагии инсонӣ мебошад.

  Хулоса, дар оилае, ки равшанӣ ва шӯълаи саодат вуҷуд дорад, он пойдор хоҳад монд. Ҳадафи аслии зиндагии инсонӣ, саодати шахсӣ ва саодати иҷтимоӣ аст. Саодати шахсӣ дар асоси саодати иҷтимоӣ ба даст меояд. Ин маъниро дар ҷараёни таълим ба ҳар восита ба донишҷӯён фаҳмонидан зарур аст, зеро маърифати оиладорӣ бунёди устуворро аз таълиму тарбияи бонизом мегирад. Дар ин кор омӯзгорони  дарсдиҳанда, бахусус, омӯзгорони фанҳои адабиёту биология ва ҳуқуқу варзиш, сарпарасти гурӯҳ ва маъмурияти муассиса бо ташкили дарсҳои кушоду намунавӣ, ташкили суҳбату вохӯриҳо ва умумман чорабиниҳои беруназсинфӣ метавонанд нақши созгор гузоранд.

Наргис Хамидова, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд