Дар марҳилаи ҷаҳонишавии давлатҳову тамаддунҳо, вазъи ноороми сайёра, тағйир ёфтани раванди зиндагӣ он миллате пирӯзу пешрав хоҳад шуд, ки дар байни сокинонаш ваҳдату ҳамдилӣ побарҷо бошад.

   Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз чанд сол қабл, зимни мулоқоташон бо намояндагони ҷомеаи кишвар вобаста ба хатарҳои замони муосир изҳори андеша намуда, аз ҷумла чунин гуфта буданд:    

     «Дар ҷомеаи муосир терроризму ифротгароӣ дар минтақаву кишварҳои гуногуни олам  торафт доман густурда, боиси ҳар рӯз ба ҳалокат расидани садҳо нафар аҳолии осоишта ва сарсону овора шудани ҳазорҳо одамони бегуноҳ гардида, зуҳуроти мазкур бар асари сиёсӣ намудани ислом ҳоло ба таҳдиди бузурги ҷаҳонӣ табдил ёфтааст.

     Бадхоҳони миллати мо ҳанӯз ҳам бо дасти гумоштагону зархаридонашон, яъне хоинони миллат, ки дар хориҷа қарор доранд, бар зидди давлатамон фаъолият карда истодаанд.

     Зархаридону хоинони миллат, ки имону мазҳаби худро фурӯхтаанд ва тавассути расонаҳои хабарии ташкилкардаи хоҷагони хориҷии солҳои 90-умашон бар зидди мардум ва таъриху фарҳанги халқи бостонии худ туҳмат мебофанд, бехабаранд, ки теша бар решаи хеш мезанад.

    Мардуми тоҷик инро бояд донанд. Маҳз барои ҳамин ман доим таъкид мекунам, ки мо бояд ҳеҷ гоҳ зиракии сиёсиро аз даст надиҳем».

     Пешвои  муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам махсус таъкид карданд, ки шиддати ин хатару таҳдидҳои ҷаҳонӣ имрӯз ҳам  паст нашудааст. Бинобар ин, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомиро зарур аст, ки бо ҳушёриву зиракии сиёсӣ ва баланд бардоштани донишу малакаи касбӣ, инчунин, бо истифода аз шаклу усулҳои муосир муборизаро бар зидди терроризм ва экстремизм, зуҳуроти ҷинояткоии муташаккили фаромиллӣ, қочоқу муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар қонуншиканиҳо тақвият диҳанд. Дар ин раванд, диққати асосӣ бояд ба пешгирӣ намудани терроризму экстремизм, шомилшавии шаҳрвандони мамлакат ба созмону ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ ва ба Ватан баргардонидани шахсони гумроҳшуда равона карда шавад.

     Дар паноҳи хоҷагони хориҷӣ дину мазҳаб, Ватану миллат ва падару модари худро фурӯхта, бо роҳи дуррӯғбофию бӯҳтонзанӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро бадном сохтани Саидюнуси Истаравшанӣ, Шарофиддин Гадоев, Муҳаммадиқболи Садриддин ва Алим Шерзамонов ва дигарон далели ин гуфтаҳои Ҷаноби Олист. Ин зумраи хиёнатпеша ба ғайр аз хунрезию зиёнрасонӣ кори дигарро намедонанд, ҳазорон пешравию ободии дар Тоҷикистон шудаистодаро намебинанд, вале бо мушоҳидаи як камбудии кӯчак аз паша фил сохта, ба рӯи олам ҷор мезананд, роҳбарияти кишварро ба камфаъолиятию бепарвоӣ муттаҳам карданӣ мешаванд.

Мубориза ба муқобили терроризму экстремизм ва дар умум ҳамаи падидаҳои номатлуб ва хатарҳои ҷаҳони муосир дастҷамъӣ ва муттаҳидии тамоми аъзои ҷомеаро, аз ҷумла устодони ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд тақозо менамояд.

Шаҳбоз Дадобоев, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд