Фарзанд неъмат ва амонатест аз Оллоҳи бузург барои ҳар падару модар, бояд аз ин неъмат самаранок истифода кард ва ба амонат хиёнат накард. Ин неъмат ба ҳар шахс сазовор намегардад ва ҳар шахс ҳам амонатдори хуб нест.

          Вақте кӯдак ба дунё меояд маъсуму зебо поку беолоиш аст. То ба роҳ даромадан то сухан кардан, умуман то бузург шудан ихтиёри ӯ дар дасти волидонаш аст, хоҳ ӯро ба роҳи рост ҳидоят кунанд хоҳ аз ташвиши зиндагӣ ва беаҳамияти ҳар гунае, ки ҳаст ба воя расад. Кӯдакон як хислати аҷоиб доранд, пайрави ба бузургон мекунанд фақат аз мо бузургони оила вобаста аст, ки чи гуна рафтор кунем. Чун рафтори мо метавонад онҳоро тарбия кунад. Бузурге гуфтааст:

          Меҳрубониро ба ман гуфтори модар ёд дод,

          Хоксориро зи рафтори падар омӯхтам.

       Ин гуфтаҳо бисёр маънии бузург дорад, воқеан ҳар коре, ки мо мекунем ва ҳар сухане, ки мо мегӯем боиси ба ин ё он роҳ рафтани наврасонамон мегардад. Пеш аз ба дунё омадани тифл ҳама шароитҳояшро фароҳам мекунем либосҳои гаронбаҳо, асбобҳои бозию дигару дигар...  . Вале боре ҳам фикр намекунем,ки ӯро чи гуна тарбия мекунем. Дар ҳақиқат тарбияи фарзанд кори осон нест заҳмату кӯшиши зиёдро талаб мекунад. Аммо ҳамин заҳмату кӯшишҳо натиҷаи беназир дорад, вақте фарзанди мо  аз хурди бо ахлоқи ҳамида ва рафтори намунавӣ ба камол мерасад. Дар масъалаи тарбияи кӯдак, бояд аз ҳамон рӯзе, ки чашм ба олами ҳасти кушод тарбияи ӯро оғоз намоем. Тифлакон зеҳни тезу бурро доранд дар баробари ин майнаи тоза, аввал бояд тарзи салом додан, барои коре, ки мекунад иҷозат гирифтан, яъне дар мадди аввал одобу рафтор, баъдан вақте ки бузургтар шуд илмҳои динию дунявиро омӯзонем, зеро донише, ки дар кӯдаки омӯхта мешавад мисли нақше, ки дар рӯи санг кашида шудааст, ҳатто сахттарин селу борон ҳам онро шуста наметавонад. Асоситарин чизе, ки барои тарбияи кӯдак таъсири бевосита мерасонад ин муҳити оила мебошад. Чун ҳар воқеаву ҳодиса ва ҳар гуфтору рафторе, ки дар муҳити оила ҳаст кӯдак ҳамингуна барои худ қабул мекунад.              

        Аз соли 2011 инҷониб Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон"Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" қабул гардида амал карда истодааст. Мақсади қонуни мазкур пурзӯр намудани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд дар рӯҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои фарзанд мебошад.

        Инҷо ҳамсуҳбат шудем бо модаре, ки соҳиби се фарзанд ҳастанд. Сокини шаҳри Хуҷанд  Парвина Шокирова ҳангоми суҳбат бо ин модар пай бурдем , ки аз сабаби тангии тангии шароити иқтисодӣ ва иҷоранишинӣ маҷбур ҳастанд дар баробари шавҳар худ низ кор кунанд ва қуттии лоямуте ба даст оранд. Мегӯянд вақте бачаҳо ба мактаб мерафтанд бенигарони ба кор мерафтам, чун баъд аз нисфирӯзӣ ба вазифаҳояшон машғул мешуданду бо ҳамин бегоҳ мешуд. Аммо айниҳол, ки таътил оғоз шуд ин модарро нигарон кардааст, чунки фарзандонашон аз субҳ то бегоҳ дар хона ҳастанд. Ҳарчанд модар таъкид менамоянд, ки китоб хонанду соати муайяне оинаи нилгун тамошо кунанд, вале эҳтимоли дур мондани фарзандон аз тарбия вуҷуд дорад .

           Тавре дар суҳбат мураббияи кӯдакистони "Парвози тобон" Мақсудова Маҳбубахон иброз дошт, таваҷҷӯҳи хосаи Сарвари давлат дар мавриди баланд бардоштани тафаккуру дониши кӯдакон ва омӯзондани забонҳои русиву англисиро дар мадди аввал гузошта, фаъолият намуда истодаанд. Боз ҳангоми суҳбат иброз доштанд, ки кӯдак ҳама вақт кӯдак аст, фикри худашро дорад, орзуҳои зиёд дорад. Бояд ҳангоми суҳбат бо кӯдакон то охир ба гуфтаҳояшон гӯш диҳем, чунки гӯш кардани мо, ҳам волидону ҳам мураббияҳо ба кӯдак нерӯ мебахшад. Бо ҳамин тарзи озод баён карданро меомӯзад. Вақте ба суханҳои кӯдакон аҳамият намедиҳем ва ё фурсати сухан кардан намедиҳем онҳо то охири умр дар назди ҳама худро заифу нодаркор ҳис мекунанд ва озод сухан карда наметавонанд.

         Дар ҳақиқат озодандешӣ ва озодбаёнӣ кафолати пешрафти ҳар шахс аст.

        Мувофиқи таълимоти Добрович дар илми психология якчанд намуди тарбия вуҷуд дорад. Ҳар як намуд ҷиҳатҳои мусбӣ ва манфии худро дорад. Тарбияи васояткунӣ, ҷиҳатҳои манфии ин намуди тарбия ба мустақилиятнокӣ ба қавӣ будани иродаи кӯдакон ё ки ба худбоварии онҳо монеа эҷод мекунад. Яъне аз ҳад зиёд васоят кардан эрка кардан ҳиссиёти тайёрхуриро ба вуҷуд меорад, ки ин дар оянда ба ҷамъият мутобиқ шудани кӯдак халал мерасонад. Вақте ба воя мерасад хусусиятҳои шахсии ӯ ташаккул намеёбад, зеро то ин дам волидон ӯро таъмин карданд. Ҷиҳатҳои мусбии намудҳои тарбия ҳамаи шароитҳои кӯдак фароҳам оварда мешавад.

          Дигар намуди тарбия ин назорати сахт мебошад, яъне ҳар амале, ки кӯдак анҷом медиҳад таҳти назорати сахт аст. Дар натиҷаи доимо дар назорати сахт будан дар вуҷуди бача ҳисси тарс, ҳамавақт иҷрои кор ё амале мавҷуд аст. Ҳарду намуди тарбия сарҳади мебошанд, яъне аз ҳад зиёд васоят кардан ва ё аз ҳад зиёд эрка кардан натиҷаи якхела медиҳад.

       Боз дигар намуди тарбия ин бефарқиятӣ, яъне умуман ба кӯдак эътибор дода намешавад. Ин гуна кӯдакон вақте бузург мешаванду худ роҳи зиндагиро меёбанд, оянда барои падару модарашон ягонхел ғамхориву меҳрубониро зоҳир карда наметавонанд, зеро аз хурди ин муҳитро надидаанд.

       Тарбияи ҳамкорӣ ин намуди беҳтарини тарбия аст. Дар муҳити оила ғамхорӣ нисбати кӯдак муносибати хуби аҳли оила, кӯдаке, ки дар ин муҳит ба воя мерасад дар вай ҳисси ғамхорӣ, меҳрубонӣ, инсондӯстӣ ташаккул меёбад.

        Тарбия ин раванди дуру дароз аст барои ҳамин ҳам ҳар як волидон бояд андеша кунанд, ки чигуна тарбия карда истодаем ва чи гуна натиҷа медиҳад. Аз нав тарбия ё ислоҳ кардани кӯдак бисёр вақт ғайриимкон мебошад. Арзишҳои асосие, ки дар кӯдак ташаккул меёбад ҳамааш аз оила сарчашма мегирад. Мактабу кӯдакистонҳо бошад воситаи ёрирасон ба ҳисоб меравад, қайд намуданд сармуаллимаи кафедраи психологияи иҷтимоӣ ва касбӣ факултети психология ва таҳсилоти томактабии МДТ ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров Раҳимова Муҳаррам.

       Воқеан дар ташаккул ва рушди кӯдакону наврасон оила зина ва сарчашмаи аввалин мебошад. Барои ҳамин ҳам бояд ҳар яки мо кӯшиш кунем то фарзандони ростгӯю ростқавл тарбия намоем.  Аксарият дурӯғ гуфтани кӯдаконро амри оддӣ мешуморанд гӯё кӯдак асту боке надорад дар асл чунин нест. Кӯдак замоне дурӯғ мегӯяд, ки таваҷҷӯҳи бузургон ба ӯ кам шавад. Вақте дид касе ба ӯ диққат намекунад бо дуруғ мехоҳад таваҷҷӯҳи дигаронро ба худ ҷалб кунад.  Пеш аз ҳама бояд ба кӯдакон омӯзонем, ки дурӯғгӯи чи гуна хислати бад аст... .Чун мегӯянд фарзанде, ки аз хурди бо ахлоқи ҳамида бузург мешавад обрӯи волидонаш мегардад.

Н. Машарипова, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд