Оила барои тарбия ва ташаккули шахсият нақши асосӣ мебозад. Агар дар оила муҳит солим бошад, он гоҳ фарзанд низ дар руҳияи худшиносӣ ба камол мерасад. Дар ҷомеаи кунунӣ зиёд оилаҳое ҳастанд, ки барои тарбияи маънавии фарзандон саъю талош меварзанд. Чанд омилҳое ҳастанд, ки фарзандони мо тарки омӯзиш намуда, барои худ шуғли дилписанд ҷӯё мешаванд. Агар кӯдакону наврасон дар деҳҷойҳо бинобар вазнин будани бори гарони рузгордорӣ ба меҳнати ҷисмонӣ андармон шуда, тарки омӯзиш намоянд, пас дар шаҳрҳо асосан ин қишри ҷома майл ба марказҳои дилхушӣ доранду ҳамчунин ба телефон. Мутааасифона, сол то сол сафи китобхонон коҳида истодааст, ки фоҷиа ба миллат хоҳад шуд.

Маҳз дур будан аз китобу омӯзиш ҷавонони моро ба кӯчаҳои сарбастаи ҳаёт талқин намуда истодааст. Дар ин росто як қатор омилҳои муҳити хонаводагӣ, аз қабили фаъолияти касбукории волидон ва аъзоёни оила, муҳити иҷтимоӣ, шароити иқтисодӣ ва маҳалли зист дар тафаккури зеҳнии шахс таъсири амиқ мерасонанд. Имрӯзҳо мафҳумҳои оилаи намунавӣ, оилаи тифоқ ва оилаи беҳтарин миёни воситаҳои мухобирот ва муошират дар ҷомеа бисёр садо медиҳад. Роҳандозӣ намудани тадбирҳои муассири хонадорӣ, ҳифзи фарҳанги оиладорӣ ва ташвиқи таҷрибаи оилаҳои муваффақ аз сиёсати инсонпарваронаи Ҳукумати кишвар ва мақомот дар ҷамоату шаҳраку деҳот ба ҳисоб меравад. Зеро оила маъвои муқаддас барои аҳли байт ва муҳити танзимкунандаи хулқу хислатҳои ҳамидаи инсонӣ, ки ҷомеа онҳоро пазируфтааст эътироф гардидааст.

Мутаасифона дар ин самт ба назар мерасанд он нафароне, ки бо рафтори ношоистаи худ ҳам ба номи худ ва ҳам ба волидайн иснод меоранд. Ба роҳи хато гом ниҳодани ҷавонону наврасон аз иродаи фитрии шахс ба вуҷуд ояд ҳам аз чониби дигар маҳсули тарбияи волидон низ буда метавонад. Ҷаҳони пуршебу фарози имрӯза ин масъулиятро ба дӯши устодон низ гузоштааст. Ба ибораи дигар тақозои ҷомеаи муосир тарбияро аз таълим пеш гузошт.

Заминаи ин раванд бархурди тамаддунҳо ва паиҳам зуд-зуд ба вуқӯъ омадани ҳаводиси фалокатбор махсусан дар минтақаҳое, ки анбӯҳи мардуми бегуноҳ қарор дошта, қурбонии ин дасисаҳои қувваҳои радикалӣ мебошад. Яке аз равзанаҳое, ки барои заҳролуд сохтани мафкураи тозаи ҷавонон рӯи кор гирифта шуда истодааст, шабакаҳои иҷтимоие мебошанд, ки ҳадафи онҳо ноором сохтани муҳити ҷамъиятӣ, ихтилоф андохтани мақомоти давлатӣ миёни ҷомеаи шаҳрвандӣ ва билохира гумроҳ сохтани насли ҷавон ба ҳисоб меравад.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” дар пешгирии  ин равандҳои номатлуб хело заминаҳои меъёрию ҳуқуқии мушаххасро фароҳам овард, ки он соли 2011 қабул гардидааст. Санади меъёрии мазкур волидайнро муваззаф менамояд, ки барои саломатӣ, инкишофи ҷисмонӣ, маънавӣ ва ахлоқии фарзанди худ ғамхорӣ намоянд; фарзандонро дар рӯҳияи эҳтиром ба Ватан, арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ тарбия карда, аз ҷониби фарзанд ҷойгир ва паҳн намудани ахбори ғайриахлоқиро тавассути телефонҳои мобилӣ ва шабакаҳои интернетӣ пешгирӣ ва манъ намоянд; ба фарзанди ноболиғ тамошои филмҳои ғайриахлоқӣ ва хусусияти зӯроварӣ, экстремистӣ, террористӣ доштаро манъ намоянд.

Пас метавон натиҷагирӣ намуд, ки танҳо дар ҳамоҳангии сегона: оила-таълимгоҳ ва муҳити ҷомеа  тарбияи ахлоқию равонии насли ҷавонро хуб ба роҳ монд. Бетарафии яке аз ин сегона метавонад замири ҳассоси насли имрӯзаро ба вартаи ҷинояту ҷинояткорӣ ҳидоят созад. Зеро гурӯҳҳои радикалӣ бо баҳонаи ваъдаи ояндаи «хуб» ва сармояи «хуб» метавонанд идораи мафкураи ҷавононро ба дасти хеш гиранд. Яъне омили иҷтимоию иқтисодии «музди муфт» барои аз роҳи росто берун баромадани ҷавонон замина мегардад.

Барои пешбурди зиндагии шоиста имрӯз дар кишвари мо барои ҷавонон ҳамаи имкониятҳо тарҳрезӣ шудаанд, то ҷавонон ҳам дар дохили кишвар ва ҳам берун аз он метавонанд соҳибкасб гардида, бо ташаббусҳои созандагии хеш дар эъмори Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми худро гузошта бошанд.

Дар ин замина ҳам таълим ва ҳам тарбия ду ҷузъи ногусастае гардидаанд, ки мо устодонро вазифадор менамояд дар баробари омӯзонидани касбу ҳунар аз хазинаи маърифати классикони бузургамон аз Одамушшуаро Устод Рӯдакӣ то Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ, ки зиндагиномаи онҳо худ пандест барои имрӯзу ояндаи насли ояндасози миллат. Зеро андарзи пирони хирад рафтору пиндори насли ҷавонро ташаккул дода, хислатҳои ҳамидаи инсонӣ, амсоли накукорию рафоқат, рӯй овардан ба илму ҳунар, расидан ба қадри вақт, дӯстӣ, ҳусни тафоҳум, ҷавонмардӣ, ростӣ, поктинатӣ ва дурӣ аз аъмоли ношоистаро дар қалби инсон тақвият медиҳанд.

Дар интиҳо нуқтае аз суханрониҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ин хусус қайд менамоям, ки тақвият ба гуфтаҳои болост: “Мо бояд ба масъалаи таълиму тарбияи фарзандон эътибори ҷиддӣ диҳем ва онҳоро тавре ба камол расонем, ки боиси ифтихори падару модарони хеш гарданд, эҳтироми калонсолонро ба ҷо оранд, соҳибихтисос шаванд ва ба Ватани аҷдодии хеш содиқона хизмат намоянд.”

 

Аминҷонова. Р, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд