Мақсад аз пешниҳодҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз қабили "Оби тоза", даҳсолаи байналмилалии "Об барои ҳаёт" (солҳои 2005-2015), "Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об", даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор" (солҳои 2018-2028) гӯшрас додани ҷомеаи ҷаҳонӣ дар бораи торафт мушкил шудани дастрасии оби тоза, беҳдошти зиндагӣ, қадр кардан ва сарфакорона истифода бурдани об, тоза нигоҳ доштани сифату тозагии он ва дар ин замина бо низом рушд додани тамоми ҷаҳон мебошад, Об ҳаёт аст, бе об саноат, кишоварзӣ, сохтмон, нақлиёт, хоҷагии манзилию коммуналӣ ва дигарҳо вуҷуд ва рушд ёфта наметавонанд.

  Об ҳамчун моддаи химиявӣ аз як атоми оксиген ва ду атоми ҳидроген иборат аст, хосияти дуқутбӣ дорад. Дар байни моддаҳои ба мо маълум танҳо об дар се ҳолат – моеъ, сахт ва газмонанд (бухор) дучор мешавад. Ин аломату хосиятҳо боиси равандҳои гуногуни биологӣ ва геофизикӣ мегарданд, аҳамияти калон дорад.

Ҳангоми аз 0оС паст шудани ҳарорат об ях мекунад ва боз ҳам васеътар ва зичии он ба 1г/см3 мефармояд. Барои ҳамин ҳам ях нисбат ба об сабук шуда, дар болои он шино мекунад. Агар об ин хосиятро намедошт, он гоҳ ҳамаи обҳои ширини сатҳи замин дар фасли зимистон то қаърашон ях мебастанд ва тамоми мавҷудоти зиндаи дар дохили об ҳаёт ба сар баранда, мурда нобуд мешуданд. Яхҳо ҳамчун пӯстин сатҳи оби дарёҳо, кӯлҳо ва обанборҳоро аз хунукшавии барзиёдатӣ ҳифз менамоянд.

Ба шарофати хосиятҳои аҷоиби гарми нигоҳ доштан, об вазифаи ба низом даровардани ҳароратро дар сатҳи сайёраи Замин мебозад ба давргашти (сиркулятсияи) атмосфера ва гидросфера иштирок меварзад, он ҳарорати гармии аз офтоб гирифтаро аз нав тақсим ва иқлими кураи Заминро нарм мегардонад.

Об маҳлулкунандаи бузург аст, дар зери таъсири он қариб тамоми моддаҳо ба ҷуз кварс, чарб (равған), карбогидридҳо ва баъзе дигар моддаҳо ҳал мешаванд. Дар оби баҳру уқёнусҳо қариб нисфи элементҳои таркиби ҷадвали Менделеев дар ҳолати маҳлул дучор мешаванд. Ба шарофати чунин хосият доштани оби уқёнусҳо наботот ва ҳайвоноти обӣ ҳамаи моддаҳои зарурии ѓизоиро истифода мебаранд, нашъунамо мекунанд, дар ин раванд хосиятҳои химиявиашро об амалан бетаѓйир нигоҳ медорад, зеро давргашти мунтазами об давом мекунад.

Нақши об дар пайдоиш ва рушди олами зинда (наботот, ҳайвонот, инсон) боз ҳам муқтадиртар мебошад. Аввалин мавҷудоти зинда дар муҳити об пайдо шуда рушд ёфтанд ва фақат пас аз гузаштани миллионҳо сол наботот ва ҳайвонот дар сатҳи хушкӣ сокин шуданд ва инсони боақл пой ба арсаи вуҷуд ниҳод.

Ҳатто ягон мавҷудоти соддатарин нест, ки дар таркибаш об надошта бошад ва ё бе об ҳаёт ба сар мебурда бошад. Тамоми наботот дар таркибашон аз 75 то 96% (ба ғайр аз тухмашон) об доранд ва ҳамаи ҷисми ҳайвонот аз 60 то 99% об дорад. Ҷисми инсон вобаста ба вазнаш 2/3 қисмаш аз об иборат аст. Бино ба маълумоти муҳаққиқон 86% бадани тифли навзодро об ташкил медиҳад. Ин нишондиҳанда барои ҳайвонот 75%, картошка – 76%, себ 85%, помидор – 90%, бодиринг – 95% ва тарбуз – 96% ва 99% бадани медузаро ташкил медиҳад.

Организми инсон механизми басо нозуки ба низомдарории мубодилаи обро дорад. Ҳиссаи ташнагӣ ҳангоми талафи 2% оби бадан нишонаи вайрон шудани мувозинати (баланси) об аст ва инсон ин ҳолро хуб эҳсос мекунад. Талафи об ба андозаи 6-8% вазни бадан ба ҳолати нимбеҳушӣ, 10% ба ҳолати таваҳҳум (галлюцинация) меорад, рефлексии фурӯбарии ғизо дар гулӯ вайрон мешавад.

Агар инсон 12% оби баданашро гум кунад, бе ёрии табибон норасогии обро барқарор карда наметавонад. Ҳангоми аз бадани одам талаф ёфтани 20% - и об он ба марг дучор мешавад. Воқеъан об –ҳаёт аст. Ин воқеъиятро нависандаи франсавӣ Антуан де Сент-Экзюпери хеле хубу образнок ба қалам додаст: «Об! Ту на таъм ва на туро тасвир кардан натавон, чи буданатро надониста кас аз ту ҳаловат мебарад. Ту на ҳамон тавр, барои ҳаёт зарурӣ, худ ту ҳаёт ҳастӣ. Бо ту ҳама мавҷудот ҳузуру ҳаловат мебаранд, ки онро тавассути панҷ узви эҳсоси мо фаҳмида намешавад. Ту ба мо қувва ва хосиятеро бармегардонӣ, ки мо аз онҳо кайҳо дасту дилро шустаем. Бо лутфи ту аз сари нав чашмаҳои хушкидаи дил кушода мешавад».

Муайян карда шудааст, ки инсон метавонад бе хӯрок на бештар аз 50 шабонарӯз, бе об 5-7 шабонарӯз ва беҳаво 5 дақиқа зинда монад. Ҳамаи ин неъматҳоро табиат меофарад, ҷои онҳоро чизи дигар иваз карда наметавонад. Ҳамаи он неъматҳое, ки инсон аз табиат мегирад, зери таъсир ва робитаи мутақобилаи офтоб литосфера, атмосфера, гидросфера, ки боиси пайдоиши биосфера гардидааст дастрас мегардад.

Фазилатҳои обро дар фаъолияти хоҷагидории инсон баҳо додан ниҳоят мушкил аст. Бе об филизро (металро) гудохтан, нон пухтан, нерӯи барқ истеҳсол намудан, ба кори зироатпарварӣ машғул шудан, нафтро коркард намудан, доруҳои табобатӣ тайёр намудан, иморат сохтан, пластмассаҳоро коркард намудан, маъдан истихроҷ ва коркард намудан, машинаҳо тайёр намудан ва иҷрои дигар амалҳо номумкин аст. Аз ин хотир обро мудом мебояд ҳифзу гиромӣ дошт.

 Юсупов Ф.Ғ., омӯзгори калони кафедраи меъморӣ