Дар суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -  Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолони ҷомеа ва ходимони дин, ки санаи 09 марти соли равон баргузор гардид, хеле бардошти маънавию динӣ гирифтем. Сарвари давлат он қадар бобати покии дини Ислом ва чӣ гуна арзиш доштани он суханронӣ намуданд, ки аминам ҳамон афроде, ки бар хости саводи динии хеш атрофиёнро ба худ ҷалб мекунад,  ангушти ҳайрат газидааст. Дар ҳақиқат ҳамаи суханони Пешвои миллат пур аз панду ҳикмат ва роҳнамо ба роҳи дурусти зиндагӣ буд. Хиради волои Сарвари давлат аст,  ки мо тоҷикон дар партавӣ ақидаҳои сулҳпарваронаи он кас ҷаҳони маънӣ мебардорем, саводи хешро комил менамоем.

Оид ба омӯзиши илму ҳунар ва дорои касбият будан он қадар насиҳатҳои падарона карданд, ки агар онро ҳар яки мо дар зиндагӣ сармашқи фаъолияти худ донем, шарафёби ҳама гуна дастовард хоҳем гашт. Пешвои миллат дуруст қайд карданд, ки ба ҷои хурофотпарастӣ бояд касб омӯхт, то зиндагӣ мунаввар аз меҳнати ҳалолу покии виҷдон гардад. Ман дуруст дарк намуданм, ки моҳияти суханони роҳбарияти ғамхори давлатамон маҳз зиндагии шоиста барои кулли мардум аст.

Нисбат ба дину оину мазҳаб ягон назари хилоферо ҳам пешниҳод накарданд, баръакс ҷонибдории хешро баён сохатанд, ки дар кишвар ҳама озод аст. Аммо ҳоло, ки гурӯҳҳои ифротиву ошӯбгар дар ҷомеа зиёд гардидааст, беҳтар аст  то зиракии сиёсӣ омӯзанду паи ҳурофот нараванд. Зеро мусаллам аст, ки имрӯз дину мазҳабҳоро ҳар кадоме аз ташкилотҳои террористиву экстремистӣ ба таври диду назари худ омӯзонида истодааст. Яъне, он чӣ, ки бар манфиати ташкилоти ифротист тарғиб менамоянд ва ҷавононро дар зиндагии мустақилонаи худ роҳгум мезанонанд.

Барои фирефтаву олудаи ақидаҳои нопоки чунин шахсиятҳо нашудан Сарвари давлат таъкид доштанд, ки саодати хешро бо дилу нияти пок дарёбем. Дини мубини Исломро эҳтиром намоем, зеро дар он беҳтарин хислатҳои инсонӣ, накӯкориву росткориву ростқавлӣ ниҳон аст. Худовандро бо дил шиносем, некиву эҳсонро дар дилу дидаҳо ҷо намоем ва саодати зиндагии хешро аз меҳнати ҳалолу поки худ сохта бошем. Маҳз ҳамон вақт ба нусрату зиё шарафёб хоҳем шуд, ки мо ҳамеша  ватани худро дӯст медоштем ва ба ояндагон низ чунин шиори ватандории хешро хоҳем омӯхт, то онҳо низ донанд, ки бадхоҳони миллат ҳамеша дар фикри зарба задани ин сарзамини биҳиштосо буданд ва ҳоло ҳам ҳадафашон чунин аст. Вале мо ҳеҷ гоҳ ба онҳо иҷоза нахоҳем дод, то гуфтаву амалкардҳои онҳо роҳандозӣ гардад.

Оқилҷонова Шаҳноза, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд