Масъалаи таъмин ва ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми меҳвариро ишғол менамояд. Корҳои анҷомёфта дар ин ҷода шаҳодати он мебошанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси дарки масъулияти арзиши олӣ будани инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ, бахусус кӯдакон фаъолияти худро устуворона пеш бурда истодааст. Бо мақсади ҳимояи ҳуқуқи кӯдак ва иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ дар кишвар як қатор тадбирҳои мушаххас андешида шуда, ин раванд бомаром идома дорад.

Ҳукумати Тоҷикистон тамоми чораҳоро баҳри ҳифзи кӯдакон андешида истодааст, то ки ба онҳо шароити зиндагии арзандаро фароҳам оварад. Масъалаи ҳифзи кӯдакон яке аз самтҳои афзалиятнок ба ҳисоб рафта, дар қонунгузории кишвар бо ин мақсад заминаи меъёрии ҳуқуқии муносиб муҳайё карда шудааст

Аз ҷумла, ворид намудани иловаҳо ба моддаи 90 Кодекси ҳукуқвайронкунии маъмурӣ дар хусуси иҷро накардани уҳдадориҳо оид ба парасторӣ, таълим ва тарбияи ноболиғон, аз ҷумла дар диспозитсияи модда илова гардидани калимаҳои «истифодаи зўроварӣ ё таҳдиди истифодаи зўроварӣ нисбати онҳо» илова карда шуда, дар санксияи модда калимаи «панҷ» ба калимаи «ҳафт» нишондиҳанда иваз карда шуд. Ҳамчунин, ба моддаи мазкур эзоҳ ворид карда шуда, мафҳуми истифодаи зўроварӣ ва таҳдиди истифодаи зўроварӣ шарҳ дода шуд.

Қабул гардидани «Дастурамали механизми ҷамъоварии маълумоти оморӣ оид ба кўдакони  ҳуқуқвайронкунанда, шоҳид ё ҷабрдидаи ҷиноят ва зўроварӣ,  Барномаи ислоҳоти низоми адолати судӣ нисбат ба кўдакон барои солҳои 2023-2027, инчунин ворид гардидани тағйиру иловаҳои дахлдор ба Кодекси оила, қонунҳои  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кўдак» ва «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» бо мақсади танзими механизми пешниҳод ва баррасии муроҷиати ноболиғон ва ба инобат гирифтани фикри кўдак, сарфи назар аз синну сол, ҳуқуқуи кўдак ба изҳори ақида ва ҳуқуқи кўдак ба ҳимоя равона шуда, гувоҳи  гуфтаҳои ои боло мебошанд.

Ташаббуси навбатии инсондўстонаи  Сарвари давлат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дар таҳрири нав қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кўдак» ғамхории навбатӣ нисбат ба кўдакон аст. Аз ҷумла, дар лоиҳаи қонуни мазкур бори аввал масъалаи аз ҷониби падару модар, дигар шахсони онҳоро ивазкунанда, инчунин омўзгор ҷазои ҷисмонӣ нисбат ба кўдакон манъ карда шуд. Яъне аввалин бор дар низоми қонунгузории кишвар соли 2023 нисбат ба кўдак истифода ё таҳдиди истифодаи зўроварӣ манъ гардида, соли 2024 бошад ҷазои ҷисмонӣ нисбат ба кўдакон манъ карда шуд.

Айни замон зиёда аз 4 миллион нафар, қариб нисфи аҳолии Тоҷикистонро кӯдакон ташкил медиҳанд. Ҳукумати Тоҷикистон аз лаҳзаи ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ба кӯдакон диққати ҷиддӣ дода, соли 1993 Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак ва ду протоколи иловагии онро ба тасвиб расонидааст. Ба ин нигоҳ накарда, баҳри ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон ва рушду камолоти онҳо Тоҷикистон соли 1993 бо яке аз сохторҳои бонуфузи Созмони Милали Муттаҳид дар ҷоддаи ҳифзи кӯдакон, яъне Хазинаи кӯдакон (ЮНИСЕФ) ҳамкориро ба роҳ монда, то ҳол онро рушд дода истодааст.

Соли 2015 барои амалигардонии босамари меъёрҳои Конвенсияи зикршуда ва баҳри ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак аз ҷониби Парламенти кишвар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» қабул карда шуд. Бо қабули ин қонун самтҳои гуногуни ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак муайян гардида, дар баробари ин, мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак муайян карда шуд.

Пешвои миллат қайд намудаанд, ки «набояд фаромӯш кард, ки барои рушди ҳаматарафаи кӯдак ва инкишофи ҷисмониву зеҳнии вай фазои орому озод, муҳити пурмуҳаббат ва эҳсоси ғамхорӣ нисбат ба ӯ лозим аст. Ояндаи ҷомеа дар дасти кӯдакони имрӯз аст, ки фардо ба воя расида, ҷомеаро идора мекунанд. Аммо, онҳо чӣ гуна ба воя мерасанд ва ҷомеаро чӣ гуна идора мекунанд, аз мо – калонсолон вобаста мебошад. Инро бояд ҳар кадоми мо ҳамеша дар ёд дошта бошем. Яъне кӯдакро мо бояд барои ҳаёти мустақилона дар ҷомеа ба таври шоиста омода кунем. Ӯро бояд дар рӯҳи сулҳдӯстӣ, меҳнатдӯстӣ, таҳаммулпазирӣ ва ахлоқи неку ҳамида тарбия намоем».

Аз ин рӯ моро мебояд, ки кӯдаконро дар руҳияи хешташниносӣ одобу ахлоқи ҳамида тарбия намоем.

Азамҷон Усмонов, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд