Тавре, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромади худ қайд карда буданд: «Ба ҳар як фарди бонангу номус, аҳли ҷомеа, аз ҷумла ҳизбҳои сиёсӣ ва иттиҳоддияҳои ҷамъиятӣ зарур аст, ки манфиатҳои миллат ва давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистонро аз манфиатҳои ҳизбиву гурӯҳи ва диниву мазҳаби болотар гузошта, аҳамияти ҳаётӣ ва зарурати таърихии ваҳдати миллиро барои рушди давлату давлатдорӣ, рӯзгори осоиштаи халқ ва ободии Ватани азизамон амиқан дарк намоянд». Моро мебояд, ки арзиши давлатро ба мисоли дилу дидаҳоямон ҳифз намоем.

Оре, ваҳдати миллати мо Истиқлоияти давлатии мо хело душвор ба даст омад. Агар бархе давлатҳои тараққикардаи ҷаҳон Истиқлолитяту озодии худро ҳамчун ивазкунии системаи давлатдорӣ қабул карда бошанд, ҳам ин неъмат ба осонӣ ба даст наомад барои миллати тоҷик. Дар ҳамон лаҳзаҳое, ки ҷасоратмандону ҷавонмардони ҳақиқӣ барои ҳифзу ҳимояи манфиатҳои миллӣ ба майдон озодҳоҳона баромада мардумро ба сулҳу субот таъкид карда бошанд ҳам, аз ҷониби баъзе кўрдилон натиҷаи ин ҳама заҳматҳо барбод дода шуд.

Шояд то ҳол он нохалафҳо аз кирдорҳои нангину ватанфурўшонаи худ ҳаловат мебурданд ва имрўз низ чунин эҳсос дошта бошанд ҳам, бояд онҳо бидонанд, ки ин нақшаву амали онҳо пеш аз ҳама ба наздикони онҳо ба модари зорашон таъсир расонидааст. Аммо то кунун инро худи онҳо намедонанд, ки чи кореро ба офарандаи худ раво дидаанд. Ба модари худ, ба падару авлоди худ хиёнат карда, ватанфурўшӣ кардаанд.

Албатта бояд як нуктаро мавриди зикр намоям, ки аслан хиёнаткорро авф нашояд ва ўро ҷазои сахт мебояд. Маълум аст, ки имрўз он хиёнаткорон дур аз Ватани худ чӣ қадар ҷазои сахти равониро паси сар мекунанд. Аммо ҳаволаи чунин бадкирдорон, ки хостанд Ватани моро, Ваҳдати моро, Истиқолияту озодиамонро барбод додани буданд, бар Худо, ки худаш имрўз нишон дода истодааст.

Ҳар шаҳрванди кишвар ҳояд ҳамеша кӯшиш намояд, ки барои худшиносӣ, худогоҳӣ, ватанпарастӣ, раъиятпарастӣ, пойдории миллату фарҳанг, эҳтироми муқадассоти миллӣ ва тозагиву шевогии забони милли худ сазовор бошад, эҳтиром кунад ва дӯст дорад.

         Тоҷикистон ҳамон вақт уствору пойдор  мемонад, ки агар тамоми халқ пиру барно барои ояндаи дурахшони он амалҳои созанда ва бунёдкоронаро ба анҷом расонида, хизмати мардонаворашонро ба ҷо меоваранд.

Агар дар миллати мо озодию демократия ҳукмфармо гардад, донед, ки маҳз ана ҳамон вақт зиндагонии хубу хуррам ва сарбаландона насиби мо хоҳад буд. Пас барои ободии диёр, фардои миллатамон меҳнатҳоямонро дареғ надорем.

Мунзифа Раҳимова, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд