Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистонро давлати ҷавонон ном бурданд. Ин ифодаи он аст, ки Сарвари давлат ба қувваю иродаи ҷавонони кишварамон боварии комил доранд ва дар орзуи он ҳастанд, ки насли наврасу ҷавони кишвар ин рисолати худро сарбаландона ва содиқона иҷро намуда, аз пайи омӯзиш, тадқиқ ва тадбиқи ниятҳои неки худ бошанд.

Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» шаҳодат ба мақом ва диққати ҷиддии роҳбарият ба ин қисми ҷомеа аст. Пас аз қабул шудани ин ҳуҷҷат яке аз самтҳои асосӣ ва афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Тоҷикистон сиёсати давлатии ҷавонон ташаккул ёфт ва тарбия намудани инсони комил дар руҳияи ватандӯстиву ватанпарварӣ, садоқат ба Ватан, бофарҳангиву маданиятнокӣ оғоз гардад. Яке аз масъалаҳое, ки боиси нигаронии ҷомеаи кишвар гаштааст, коста шудани маърифату худогоҳии ҷавонон оид ба пос доштани таъриху фарҳанг, арзишҳои ахлоқӣ ва маънавии миллӣ, ноогоҳӣ ва сатҳи пасти маърифати ҷавонон мебошад, ки ин боиси воридшавии онҳо ба гурӯҳҳои иртиҷоӣ, зиёд гаштани майли наврасону ҷавонон ба арзишҳои бегона мегардад.

Пешвои миллат ҳангоми баромад дар маҷлис бахшида ба 20-умин солгарди Иҷлосияи ХХ Шӯрои Олии Тоҷикистон гуфта буданд: «Мо бояд дар замири насли ҷавон ҳисси баланди миллӣ, эҳсоси худшиносиву ватандӯстӣ, ахлоқи ҳамида, сабру таҳаммул, омӯзиши илм ва касбу ҳунарҳои муосир, ҷиддияту меҳнатдӯстӣ ва эҳтироми волоияти қонунро талқин намоем, то онҳо тавонанд, дар оянда ҳамчун намояндагони сазовор ва шоистаи миллати хеш Ватани азизамонро дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ намоянд».

Ин дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат бояд барои ҷавонон сармашқи асосии кору фаъолияти ҳамарӯза  гарданд ва фикру андешаи тозаи онҳо ба роҳ ёфтани амали гурӯҳҳои тундраву ифротгаро дар фазои Ватан имкон надиҳад.

  Мо устодони Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд, ки қисми зиёдамонро ҷавонон ташкил медиҳанд, пас аз шиносоӣ бо Паёми  Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (26.12.2019) тасмим гирифтаем, ки баҳри амалисозии дастуру супоришҳои Сарвари давлат мунтазам кӯшиш намуда, дар тайёр кардани мутахассисони баландихтисос барои соҳаҳои гуногуни фаъолияти кишварамон нақши босазо гузорем. Мо омӯзгорон, ки резандаи қолаби “нақши нав” мебошем, тарбияи ҷавононро дар руҳияи донишандӯзию меҳнатдӯстӣ, ватандӯстию покизагӣ барои таъмини талаботи бозори меҳнат бо мутахассисони соҳибкасб ва амсоли ин сармашқи кори худ қарор дода, барои пешрафти ҷумҳурӣ кӯшиши зиёде ба харҷ бояд диҳем.

Дар дили ҷавонони имрузаи мо ҳисси баланди миллию хештаншиносӣ, эҳсоси ватанпарварӣ, ахлоқи волои ҳамида, сабру тамкин, омӯзиши илму ҳунар, технологияи замона ва касбҳои муосир,  меҳнатдӯстӣ ва эҳтироми волоияти қонун ташаккул бояд ёфт. Кӯшиш намоем, то фаҳмонем, ки таърихи тамаддуни кишвари худро хуб омӯзанд, ки маҳз таърих омӯзгори ҳаёт аст. Дастоварду музаффариятҳо, шикасту нобаробариҳои миллатро ҳамчун сабақи таърих барояшон қарор диҳанд. Мо омӯзгорону тарбиятгаронро зарур аст, ки бо назардошти вазъи ҷаҳони муосир ва пайдошавии фаъолияти гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ ҳамоно масъалаи таълиму тарбияи толибилмонамонро дар мадди аввал гузорем ва онҳоро дар руҳияи ватандӯстиву худшиносӣ ба камол расонем. Бештар бо донишҷӯёни худ ҳамсӯҳбат бошем, фикру ақидаҳои онҳоро оиди масъалаҳои мудҳиши замона гӯш диҳем ва ба роҳи дуруст равона кунем. Зеро муборизаи дастаҷамъонаи мо кафили оромиву амнияти ҷомеа буда, мавқеи гурӯҳҳои манфиатдори ифротиро танг ва нақшаҳои шумашонро барбод хоҳад дод.

Имруз, ки дарсҳои тарбиявӣ дар донишкада хело ҷиддӣ ба роҳ монда шудааст, мо мекӯшем, то ба наврасону ҷавонон-толибилмони худ фаҳмонем, ки  бояд муттаҳид, якдил ва дастаҷамъ бошем, ба иғвои хоинон дода нашавем, тамоми кӯшишҳоро ба харҷ диҳем, то ин ки ватани худро аз дасисаҳои душманон эмин нигаҳ дорем. Ба насли наврас ва ҷавон фаҳмонем, ки мароми мо ҳифзу ҳимояи ватан, обод кардани он, хизмати падару модар, покизагию росткорӣ тарбияи фарзандон дар роҳи рост, тарғиби некиву накӯкорист.

Исомаддинова Раънохон Мирзохамдамовна , устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд