Мутафаккири бузурги Юнони қадим Арасту гуфта буд: «Оила - пояи асосии ҷомеа ва давлат аст. Дар давлате, ки устувории оилаҳо зиёд аст, дар он ҷомеаи солим ҳукмфармост». Ин нукта масалан барои хушбахтии оилаҳои ҷавон бисёр муҳим аст. Масъалаҳои муҳими рӯз маърифати оиладорӣ, баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, омода кардани фарзандон ба ҳаёти мустақилона ва пойдории оила аз ҷумлаи мушкилаҳое мебошанд, ки диққати доимии тамоми мақомоти давлатӣ, муассисаҳои таҳсилотӣ ва кулли аъзои ҷомеаро тақозо меккнад. Мусаллам аст, ки ҷомеаи солим аз оилаи солим ва насли солим ташаккул меёбад.

Оилаи солим - оилаест, ки бунёдашро меҳру садоқат ва якдигарфаҳмӣ асос мегузорад. Вақте талош барои ободии ҷомеаи солим равона аст, пас оилаи солим бояд дар меҳвари он қарор дошта бошад ва вайронии он боиси нобудии ҷомеа хоҳад гашт.

Мутассифона,  сафи ҷавонони гумроҳи шомили ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро сол то сол зиёд мегарданд. Асоси шомил шудани ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб ин надонистани сарнавишти таърихии миллати худ, фориғболию бехабарӣ ва носипосӣ нисбати мероси маънавӣ- фарҳангии хеш, бегонапарастию қадр накардани қимати дастовардҳои истиқлолияти миллӣ оварда мерасонад.

Боиси қайд аст, ки нақши фарҳанг, ташвиқоту тарғиботи таълиму тарбияи насли наврас дар ҳамин раванд дар таҳкими эҳсоси ватандорӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба таърихи ниёгон ва дар пешгирӣ аз низоъҳои иҷтимоӣ ниҳоят бузург аст. Беҳуда нест, ки қувваҳои манфиатҷӯй дар оғози амалҳои ғаразноки худ аввал арзишҳои фарҳангӣ-маънавӣ (ахлоқию динӣ)-ро коҳиш дода, фалаҷ месозанд, баъдан ҳисси нобоварӣ ва таҳдид намуда, ба амалҳои зишт ва хавфноки худ даст мезананд.

Сабаби  пайдоиш ва паҳн гардидани ин гуна падидаҳои номатлуб аз он шаҳодат медиҳад, ки сатҳи ноустувори шароити зиндагӣ, бехабар будан аз маърифати ҳуқуқӣ ва худшиносӣ, таълиму тарбияи нокифояи насли наврас, хусусан, ҷавонон боиси шомил шудани онҳо ба гуруҳи ифротгаро мегардад. Дар филми «Бозгашт аз ҷаҳаннам» Аёмиддин Сатторов, яке аз муассисон ва мубалиғони ҲНИ иқрор мешавад, ки маҳз ҳамин гумроҳӣ, ба қадри кофӣ надоштани дониши диниву сиёсӣ ҷавонони моро ба кӯи навмедӣ бурд ва ин зарфиятро масъулони ҳизби террористии наҳзатӣ оқилона ва мувафаққона ба кор бурданд. Воқеан ҳам, дар чунин вазъият масъулияти азими таърихӣ ва рисолати шаҳрвандии истиқлолияти миллӣ ва осоиштагии ҷомеаи худро аз чунин пайомадҳои манфӣ ва таъсири қувваҳои моҷароҷӯ эмин нигоҳ дорем. Танҳо нафари хирадманд метавонад оилаи солим бунёд намояд, инчунин фарзандони муваффақ самараи оилаи солиманд. Зеро таълиму тарбияи хуби фарзандон ба ҷаҳду талошҳои пайвастаи падару модар вобаста аст. Марду зане, ки соҳиби маърифат, илму ҳунар ҳастанд, ҳар оина муассиси оилаи хуб ва фарзандони намуна гашта метавонанд.

Барои он ки оила солим бошад, аз кӯдакистон, муассисаҳои ибтидоиву миёна, олии касбӣ бояд ба ин масъала таваҷҷуҳи зиёд намоем, ҷараёни машғулиятҳои тарбиявиро дар муассисаҳои таълимӣ самаранок истифода барем.                                      

Муаттара Раҳматова,

номзади илмҳои филологӣ,

устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд