ба ҷалби бештари хонандагону омӯзгорон ба истифодаи технологияҳои иттилоотӣ, рақамикунонии соҳаи маориф, омода кардани омӯзгорон ва таҷдиди назар кардани стандартҳои касбӣ барои омӯзгорон, … эътибори аввалиндараҷа зоҳир гардад. (Иқтибос аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», шаҳри Душанбе, 28-уми декабри соли 2023)

Дар тайи солҳои охир арзи ҳастӣ кардани низомҳои математикаи компютерӣ ба усулҳои тадриси фанҳои дақиқ, аз он ҷумла, қисмҳои асосии математика ва дигар унсурҳои илмҳои техникӣ бе таъсир намондааст. Зиёдтар аз ин метавон гуфт, ки рушди бемайлон ва босуръати ин низомҳо, чи аз нуқтаи назари миқдорӣ ва чи аз нуқтаи назари сифатӣ ба он оварда расонд, ки истифодаи ин низомҳо  дар раванди тадрису таълим, дар марҳилаи кунунӣ, ба як унсури таркибии ногузири таълимӣ табдил ёфтааст. Ба таври якқимата, бидуни ягон шакку шубҳа, бо ҳавола ба таҷриба, метавон хулоса кард, ки истифодаи низомҳои математикаи компютерӣ ба баланд бардоштани самаранокии дарс мусоидат мекунад.

Яке аз намояндаҳои қудратманд ва серистифодаи низомҳои математикаи компютерӣ барномаи Maple мебошад. Он ҳама, ё қариб ҳамаи бахшҳои математикаро фаро гирифта, метавонад, ҳам дар раванди тадрису таълим ва ҳам дар таҳқиқотҳои ҷиддии илмӣ татбиқи васеъ дошта бошад. Фаъолияти асосии Maple ба табдилдиҳиҳои рамзӣ нигаронида шудааст. Он аз ядро ва якчанд бастаҳои махсус иборат аст, ки одатан ба қисмҳои алоҳидаи математика ва дигар фанҳои дақиқ бахшида шудаанд. Дар барномаи Maple, дар умум, бо назардошти баъзе махсусиятҳо, зиеда аз се ҳазор фармон мавҷуд аст, ки фарогири ҳамаи бахшҳои математика мебошанд. Барномаи Maple имконияти васеъ фароҳам меорад, ки усулҳои гузаронидани дарсҳои амалӣ ва лексионӣ барои донишҷӯени ихтисосҳои гуногун самараноктар шаванд.

Ҳадафи асосӣ  аз нигоштани ин сатрҳо ҷалби ҳарчи бештари муштариён ба омӯхтан ва истифодаи ин барномаи тавонои низоми математикӣ мебошад. Ба ин хотир якчанд хосиятҳои ин барнома, ки иқтидор ва тавоноии ин барномаро дар худ таҷассум мекунанд, ба тариқи хулосаҳои мушаххаси аз ҳам новобаста ва то андозае ҳамдигарро пуркунанда, бо забони барои омма фаҳмо оварда мешаванд.

Қабл аз ҳама, бояд қайд кард, ки миқдори вақте, ки барои омӯхтани барномаи Maple ва соҳиби малакаҳои аввалини корӣ шудан,  сарф мешавад, дар муқоиса бо сарфи вақт барои омӯхтани барномаҳои дигар хеле кам аст.

Ба замми ин бояд қайд кард, ки  ҳангоми мавриди истифода қарор додани ин барнома унсурҳои фаъолияти тадқиқотӣ ва омӯзишӣ дар истифодабаранда тавлид ва ташаккул меёбанд. Ин унсурҳои тавлидёфта, дар навбати худ, таваҷҷӯҳи истифодабарандаро ба фанни омӯхташаванда боз  ҳам зиедтар мекунанд.

Қобили қайди махсус аст, ки барнома интерфейси муосири пешрафтаи ба интерфейси барномаҳои оффисӣ монанд дорад.

Дар умум:

Муҳаққиқон ва олимон бастаи Mapleро ҳамчун воситаи муҳими кӯмакрасон барои ҳалли мушкилоти гуногуни марбут ба таҳқиқоти худ истифода мебаранд. Ин баста барои таҳия, ҳалл ва таҳқиқи амсилаҳои гуногуни математикӣ беҳтарин мебошад. Воситаҳои алгебравии он доираи мушкилотҳои гуногунро, ки имконияти тавассути ин баста дар сатҳи сифатӣ самаранок ҳалшавиро доранд, хеле васеъ мекунанд.

Барномасозон, донандаҳои забонҳои барномасозӣ аз забони барномасозии махсуси ин барнома истифода бурда, метавонанд «протседураҳо» созанд ва дар таркиби барномаҳои худ онҳоро мавриди истифода қарор диҳанд. Maple имконият медиҳад, бо забони махсус барномаҳо, ки ба ҳисобҳои мураккаби математикӣ нигаронида шудаанд, таҳия гарданд.

Муҳандисон бастаи Mapleро ҳамчун воситаи хеле муассир барои иваз кардани бисер захираҳои анъанавӣ, аз ҷумла маълумотномаҳо, ҳисобкунакҳо, ҷадвалҳои калонҳаҷм истифода баранд. Maple алгоритмҳои хеле пешрафта барои ҳалли масъалаҳои мураккаби математикиро истифода бурда, технологияи нави ҳисобкуниҳои рамзӣ ва рақамиро амалӣ мекунад, ҳисобкуниҳои ададиро бошад, бо ҳар гуна дақиқӣ ва саҳеҳӣ анҷом дода метавонад.

Донишҷӯени аълохон метавонанд ҳисоббарориҳои ададӣ ва табдилдиҳиҳои алгебравии ба ном “дилгиркунанда”-ро тавассути ин барнома ба зудӣ анҷом диҳанд ва ба мафҳумҳои муҳимтари назариявии фанни омӯхташаванда бисертар тамаркуз кунанд. Яъне, барномаи Maple ба донишҷӯён имкон медиҳад, ки мустақилона мулоҳиза кунанд, ба пайгирии лаҳзаҳои асосии назариявии фанни омӯхташаванда вақти бештар ҷудо кунанд.

Донишҷӯени фаъол метавонанд, тавассути ин барнома ба зудӣ дурустии вазифаҳои мустақилонаро санҷиш диҳанд. Ин барнома барои фавран иҷро кардани ҳисобкуниҳои оддӣ мусоидат мекунад, имкон медиҳад, ки дар масъалаҳои намунавӣ на фақат ҷавоби ададӣ, балки дар баъзе ҳолатҳо тасвири графикии натиҷаи бадастомада низ ба даст оварда шавад.

Омӯзгорони мактабҳои миёна, коллеҷҳо ва донишгоҳҳо метавонанд дар нақшаҳои дарсии худ масъалаҳо ва машқҳое, ки барои ҳалли онҳо муколамаи математикӣ зарур аст, ворид  кунанд. Бо ин барнома метавон дар реҷаи муколамаи интерактивӣ кор кард. 

Омӯзгорон тавассути барнома метавонанд, ба зудӣ, миқдори муайяни «вариантҳои параллел»-и ҷавобдорро барои гузарондани  санҷиши назоратӣ таҳия кунанд.  Бо ёрии ин санҷишҳо метавон  таҳлил кард, ки  донишҷӯён то чи андоза ҳадди ақали дониши ҳатмиро аз худ кардаанд. Таҳия ва санҷиши супоришҳои бисёрвариантӣ (ё инфиродӣ) аз омӯзгор вақт ва қувваи зиедро талаб мекунад. Истифодаи барномаи Maple дар ҳалли ин масъала ба мақсад мувофиқ мебошад.

Барномаи Maple дар ҳамҷоягӣ бо барномаҳои  Java, C, Fortran, Visual Basic, Matlab, Excel доду гирифт карда метавонад. Дар ин ҷода қобили қайд аст, ки имконияти  барномаи Mapleро  ба барномаи Excel “ворид кардан” аст. Дар натиҷа фармони барномаи Mapleро, бевосита, аз катакчаи барномаи Excel фаъол кардан мумкин аст. Ин раванд имкониятҳои кории барномаи Excelро ба маротиб афзун мекунад.

Аз барнома саҳифаи кориро ба барномаҳои  RTF, MS Word, HTML MathM, LaTeX, VRML, XM интиқол додан мумкин аст. Дар ин ҷода қобили қайд аст, ки имконияти саҳифи кории  барномаи Mapleро  ба барномаи LaTeX  интиқол додан аст. Чи хеле, ки маълум аст, LaTeX забони кории  ҳамаи маҷаллаҳои бонуфузи илмии муосир мебошад.

Саҳифаи кориро  бо форматҳои GIF, JPEG, BMP, WMF, EPS, DXF, POV, HPG  сабт кардан мумкин аст.

Албатта, барои хосил кардани малакахои аввалини корӣ вақт ва меҳнати муайяне лозим аст. Дар ин ҳолат, Maple бо  низоми пурқудрати самараноки кӯмак (Help) ба пешвоз мешитобад. Истифодабаранда метавонад тавассути менюи Help, ки дар равзанаи саҳифаи корӣ мавқеъ гирифтааст, ба низоми кӯмак дастрасӣ пайдо кунад. Низоми кӯмак бо истифода аз шумораи зиеди гиперпайвандҳо ва гиперҳаволаҳо амалӣ карда шудааст, ки барои истифода хеле қулай мебошад.

Хонандаи ин сатрҳо, ки мехоҳад бо барномаи Maple ҷиддӣ машғул шавад, бешубҳа, дар ин соҳа  вобаста ба неруи интелектуалӣ, талаботи  инфиродӣ ва зарурияти касбии худ масъалаҳоеро пайдо хоҳад кард, ки истифоди ин барнома барои ҳалли онҳо кумакрасони беминнат хоҳад буд.

Сардор Ғуломнабиев, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд