Асари “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров дар баробари сарчашмаи омӯзиши таърих будан ҳамчун китоби муътабар барои ташаккули таърихии адабиёти форсу тоҷик низ хидмат мекунад. Дар ҷараёни нигориши даврони мухталифи таърихӣ муаррихи номвари тоҷик талош намудааст, ки ба таври муфассал роҷеъ ба авзои адабиёт дар ҳамон давра маълумот диҳад. Аз ин рӯ, масъалаҳои таърихи пайдоиши адабиёти тоҷик, оғози адабиёт ва сабабҳои номи адабиёти паҳлавиро гирифтани намунаҳои адабиёти тоисломии тоҷик ҳатто дар мулоҳизоти Бобоҷон Ғафуров таъкид шудааст. Роҷеъ ба ин масъала аз ҷумла дар китоби “Тоҷикон” омадааст: “Вале ёди ин давра дар хотири халқ ба шакли аҷиб маҳфуз мондааст - калимаи “паҳлавон” исми ом шуда, ибораи “ривояти паҳлавӣ”, “суруди замони паҳлавӣ” маънои достону ривояти қадимаро гирифтааст.

Номи адабиёти форсизабони асрҳои III-VII ҳам адабиёти паҳлавӣ шудааст. Таҳқиқи масъалаи пайдоиши адабиёти форсу тоҷик дар китоби “Тоҷикон” ба таври барҷаста мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтааст, ки он ба замони давлатдории Сомониён пайванд дорад. Академик Бобоҷон Ғафуров асри Сомониёнро давраи нашъунамои адабиёти форсу тоҷик ва оғози шукуфоии он унвон намуда, навиштаанд: “Асри Х ва асрҳои минбаъда аз давраҳои нашъунамои адабиёти классикии тоҷику форс ҳисоб меёбанд. Осори адабиёти бадеӣ (аксаран, асарҳои манзум), асарҳои таърихӣ ва илмӣ, ки дар ин давра ба вуҷуд омаданд, дар ҳаёти мадании мардуми Мовароуннаҳр, Хуросон, Эрони ғарбӣ, Ҳиндустони шимолӣ ва бисёр мамлакатҳои Шарқи Наздик ва Миёна нақши калон бозидаанд. Ба тавассути тарҷумаи русӣ ва забонҳои Аврупои ғарбӣ имрӯз ёдгориҳои адабиёти классики тоҷику форс сарвати мадании бисёр халқҳои ҷаҳон гардидаанд ва ба ганҷинаи умумии дурдонаҳои қиматбаҳое, ки инсоният андӯхтааст, дохил шудаанд.

Масъалаи пайдоиши ин адабиёт ва пайдоишу интишори забони он, бешубҳа, ҳам барои шарқшиносон ва ҳам барои доираи васеи аҳли илму адаб аз масъалаҳои хеле муҳим ҳисоб меёбад. Барои дурусттар фаҳмидани ин масъала, пеш аз ҳама, лозим меояд, ки ба вазъияти таърихию мадании Эрон ва Осиёи Миёна дар асри Х ва асрҳои пешина, ба таърихи забонҳои эронӣ ва осори хаттии мардуми эронизабон муроҷиат кунем.

 Дар ҷараёни баррасиҳои хеш устод Бобоҷон Ғафуров қабл аз таҳқиқи масъалаи пайдоиши адабиёти форсу тоҷик нахуст ба зуҳури адабиёти арабизабон таваҷҷуҳи амиқ зоҳир намуда, зимнан ба мероси адабии нахустин нависандагон ва адибони арабизабон мурҷиат намуда, нақш ва мақоми онҳоро дар пешрафти адабиёти арабизабон ва тарҷумаи осори паҳлавӣ муқаррар сохтааст. Аз ин рӯ, дар робита ба ин мавзуъ навиштааст: “Забони арабӣ – забони табақаи болои хилофат ва дини ҳукмрони он чун аслиҳаи мутамарказонии ҳокимият ва ҳукмронии идеологии истилогарони араб хизмат мекард. Соли 81 (700-701 м.) забони арбӣ забони давлатӣ эълон гардида, ба тадриҷ коргузорӣ ва мукотибаи расмии вилоятҳои таҳти тасарруфи хилофат ба ҳамин забон гузаронида мешавад. Сафолпораҳои алифбои арабӣ сабтшуда, ки аз ҳафриёти археологии Марв ёфт шудаанд ва зоҳиран ба асрҳои VII-VIII тааллуқ доранд, нишон медиҳанд, ки дар Марв такягоҳи маъмурияти хуросонӣ ва мовароуннаҳрии араб ба мақсади тайёр кардани амалдорони арабидон таълими забон ва хати арабиро ҷорӣ карда будаанд.

Мувофиқи маълумоти ал-Ҷаҳшиёрӣ, аз соли 742 донистани забон ва хати арабӣ барои маъмурияти Хуросон ва ҳамчунин Мовароуннаҳр, ки таҳти идораи ҳукумати Хуросон қарор гирифта буд, ҳатмӣ ва маҷбурӣ гардид. Дар баробари ин дар мукотибаи расмӣ на танҳо намояндагони ҳокимияти араб, балки ҳокимони маҳаллӣ ҳам (лоақал ҳангоми алоқа бо маъмурияти араб) аз забони арабӣ истифода мебурданд. Ин иддаоро, масалан, қадимтарин санади арабизабони аз ҳудуди Мовароуннаҳр ёфтшуда – номаи машҳури “шоҳи Суғд, ҳокими Самарқанд” Девоштак ба ҳокими Хуросон (718-719) низ метавонад тасдиқ намояд. Забони арабӣ дар ин давра на танҳо дар мукотибаю коргузорӣ, балки дар адабиёти илмӣ, дар назм ва дигар соҳаҳои маданияти хаттии мардуми эронизабон ҷорӣ карда мешавад. Рисолаҳои илмӣ ва асарҳои сершумори бадеии ба забони арабӣ навиштаи намояндагони вилоятҳои гуногуни Эрон ва Осиёи Миёна, чунончи, Ибн ал-Табарӣ (соли ваф. 923) аз Форс; ал-Хоразмӣ (780-847) ва ал-Берунӣ (973-1048) аз Хоразм; Башшор ибни Бурд (710-784) аз Хуросон; ал-Хураймӣ (асри VIII) аз Суғд; Саолабӣ (961-1038), Наршахӣ (асри Х), Ибни Сино (қариби 980-1037) аз Бухоро ва ғ. маълуму машҳуранд. Саолабӣ дар асари худаш “Ятимат-уд-даҳр” дар бораи 119 шоире, ки дар Хуросон ва Мовароуннаҳр дар замони ҳукмронии Сомониён зиндагӣ карда, ба забони арабӣ шеър эҷод кардаанд, маълумот додаст, албатта, қисми зиёди ин шоирон ба табақаи аъёну ашроф ва доираҳои расмии ҳукмрон мансубанд.

Ин ҳам маълум аст, ки шоир Абӯ Нувос (742-қариб 812), ки худ фарзанди форсдухтар аст ва шеърҳояшро дар дарбори Ҳорунаррашид ба забони арабӣ эҷод кардааст,- мувофиқи маълумоти “Таърихи Систон” дар шеърҳояш калимаҳои форсиро ҳазломезона дохил кардааст” Академик Бобоҷон Ғафуров нақши забони арабиро дар ривоҷи забон ва адабиёти форсу тоҷик низ ба риштаи таҳқиқ кашида, аз ҷумла бар он ишорат намудаанд, ки ҳарчанд ин забон нуфузи зиёде пайдо кард, аммо натавонист, ки забонҳои зиндаи мардуми ин манотиқро аз миён бубарад: “Ба маданияти хаттии мардуми эронизабон дохил шудани забони арабӣ, албатта, забонҳои зиндаи эронии аҳолии Эрон ва Осиёи Миёнаро аз байн бурда натавонист. Забони арабӣ ба сифати забони адабиёти хаттӣ танҳо дар байни қисмати миқдоран ночизи табақаи ашроф, шоирон ва олимони дарбор ривоҷ ёфта буд. Оммаи васеи аҳолии шаҳру деҳкадаҳои Мовароуннаҳр, Хуросон, Систон, Эрони ғарбӣ бошад, ба забони модарӣ суҳбат мекарданд, ба ин забон суруд ва достонҳои қаҳрамони эҷод менамуданд. Забони арабӣ барои онҳо ҳамеша бегона монд, вале бо сабабҳои дар боло овардашуда эҷодиёти бадеии мардуми эронизабон дар асрҳои авали ҳукмронии ислом дар хат инъикос наёфта ва аз ин рӯ, осори хаттии онҳо барои наслҳои оянда боқӣ намондааст.

Дар мавриди ривоҷи адабиёти форсу тоҷик дар давраи Сомониён бошад устод Бобоҷон Ғафуров ба омилҳои аслии ривоҷи он дар ин давра таваҷҷуҳ намуда, зимнан таъкид кардаанд, ки: “Вазъияти сиёсии Осиёи Миёна ҳанӯз дар ибтидои асри IХ барои тараққии адабиёти нави китобии тоҷик, ки бар асоси эҷодиёти даҳонакии халқ қарор гирифта буд, шароити мусоид фароҳам овард, вале ин шароит самараҳои худро дар вақти Сомониён бахшид. Бинобар ҳамин ҳам давраи Сомониён давраи пайдоиши адабиёти классикии тоҷику форс ба шумор меравад. Дар айни замон ин ифодаро чунин бояд фаҳмид, ки замони Сомониён аслан на давраи ба вуҷуд омадани адабиёти нави тоҷику форс, балки фақат давраи расман эътироф гардидан, ба шакли хатти зуҳур ёфтан ва нашъунамои ин адабиёт мебошад”. Таваҷҷуҳи академик Бобоҷон Ғафуров ба ташаккули адабиёти бадеӣ дар аҳди Сомониён низ қобили таваҷҷуҳ мебошад. Аз ҷумла, дар робита ба ин мавзуъ навиштааст, ки: “Хеле вақт аз барпо гардидани давлати Сомониён тоҷикон бо забони модарии худ лафзан асарҳои бадеӣ эҷод мекарданд. Чунин амри воқеӣ, ки дар тамоми давраи ҳукмронии арабҳо анъанаҳои адабии қабл аз ислом аз байн нарафтанд ва халқ образҳои бадеӣ ва сюжетҳои бостониро маҳфуз дошт, яке аз далелҳои нисбат ба асри IХ хеле қадимтар будани таърихи адабиёти тоҷик мебошад”.

Дар маҷмуъ, дар китоби “Тоҷикон”-и академик Бобоҷон Ғафуров дар баробари зикри давраҳои муайяни таърихи ташаккули халқи тоҷик ба масъалаҳои инкишофи адабиёти форсу тоҷик низ марҳила ба марҳила зикри маълумот рафтааст ва бешак гуфтан мумкин аст, ки агар ҳамаи ин қисматҳои марбут ба адабиёти тоҷикро мо ҷудогона аз дохили китоби “Тоҷикон” берун оварем, як китоби ҷудогонаи таърихи ташаккули адабиёти тоҷик аз оғоз то асри нуздаҳ ҳосил мешавад.

Воҳидов Аюбҷон Ҷумаевич, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд