Ҳамаи мо хуб медонем, ки агар модар аз ҳаёт баҳра, диҳад омӯзгор аз зиндагии хубу беолоиш, ҳаёти мусаффо ҳамчун шири сафеди модар баҳра медиҳад. Омӯзгор  роҳбалади зиндагии пурбаракати инсонҳо мебошад. Равшаникунандаи якумраи роҳи сафеду фаррохи дар ҷойҳое ба печутоб дучор гаштаи дар лаҳзаҳои муайяни ҳаёт ҳамчун гуфтаи халқ, ки поёни шаби сияҳ сафед аст, итилодиҳандаи инсонҳо мебошад. Торикию равшанӣ ин ду калимаҳоеанд, ки яке бадӣ, нобарорӣ, кӯтоҳӣ, ғазаб, ноумедӣ, ноҷӯрӣ, ва дигаре некӣ, омади кор, муваффақият, дастболоӣ, сарбаладиро талқин медиҳад.

Дар ба ҳаёт омодасозии инсонҳо падар, модар ва омӯзгор дар як радиф меистанд. Дар бисьёрии ҳолатҳои ҳаётӣ вақте, ки инсон як кори арзишманд ё рафтори неки маъмулро иҷро мекунанд инсонҳо ин ҳолро баҳо дода беихтиёр мегӯянд: ба таълимдодагиат раҳмат! Ин калимаҳо ё гуфтаҳо дар ҳар сари қадам ба кор бурда намешавад ва мавқеъи истифодабарии онҳо на ҳама мавқеъи муқаррарӣ, рӯзмаравӣ аст. Он вобаста ба мавқеъ ва манзалат баамал меояд, ки онро истифода бурда ҳодисаи баамал омадаро таъриф ё мазаммат карданамон мумкин аст.  масалан: омӯзгори забон ва адабиётамон ҳангоми дарс вақте, ки муҳассилин нодуруст ба савол ҷавоб медиҳад гуфтаи зеринро ба кор мебурданд: «Саги занҷирбандро ба шикор бурдан нашояд». Боре ман аз устодам пурсидам: «Барои чӣ ин калимаро ҳангоми дарс бештар истифода мебаред». Зуран, маҷбуран омӯзонидан ба муваффақият намебарад. Маҷбур омӯхта истодагон ҳангоми ҷавоб худ аён мешаванд ва бо сухани худ гуфтани мешавам, ки бо амри дил хонед он гоҳ натиҷа мешавад. Устоди ман калимаи дигареро низ бисьёр кор мефармуданд, ки он: «Аз лаъли лабат ширу шакар мерезад» гуфта ба таҳнияткунӣ шурӯ мекарданд ва мегуфтанд: «Инро бинед суханҳо аз қаъри дили ӯ ғул -ғуллазанон мебарояд». Ҳаммаи ҳамсабақони ман барои гирифтани ширу шакар кӯшиш мекарданд. Худи устод, ки бо ширу шакар мегуфтанду бо ширу шакар менавиштанд ба мани математикаро дӯст доранда таъсир намуда, ба ман ҳам аз адабиёт лоиқи, сазоворӣ ширу шакар таҳният гирифтан насиб гардид.

Омӯзгор қуттичаи зулбиё аст бо меҳр онро кушода аз дохили он дилхоҳ маълумотҳоро гирифта мутоила намуда метавонем. Ин суханҳо аз он гувоҳи медиҳад, ки бояд ба дарс худи муҳассилин омода бошанд. Қуттичаро кушода худ маълумотҳои заруриро барои гирифтан омода бошад.

Ман дар донишкадаи политехникӣ кор мекунам. Вобаста ба контингенти гурӯҳ як хатм хуб дигараш сустар омӯзишро тамом мекунанд ва дар фаъолияти ояндаи худ миёна на болову на паст фаъолият мекунанд. Хатмкунандагони гурӯҳҳои фаъол бо ҳамон равиши фаъолу интизоми хуб донишкадаро ба итмом мерасонанд ва баъзе аз онҳо барои дар оянда давом додани таҳсил дар магистратураву доктрантура майл зоҳир намуда хонишро давом медиҳанд. Мушоҳидаҳо тайёрии дутарафаро муваффақиятнок арзёби менамоянд, омӯзгору донишҷӯро.

Омӯзгор барои донишҷӯ барандаи ғояҳои ҷадид, таблиғгари фазилату каромати инсонӣ, техникаю технологияи нав, дастраснамояндаи зеҳни (интелекти) сунъӣ, муаррихикунандаи пешравӣ ва қафомонии саноати ҷаҳонӣ, дар мағз мағзи тору пуди ҷавонон ҷойдиҳандаи маводҳои илмии, иқтисодиву сиёсӣ, фарҳангиву иттилоотӣ, ҳарбиву маданӣ равшаннамоӣ мебошад. Дар урфият мегӯянд: «Донишҳои дар ҷавонӣ аз бар карда ба санг навишта мешавад ва онро на обу борон тоза мекунад».

Омӯзгор бояд хазинаи маълумотҳо бошад ва ба ҳама саволҳои донишҷӯён ҷавобҳои самтдиҳандаи умумӣ дода тавонад ва барои ба он омода шудан тайёри бинад ва маслиҳатҳои дарёб намудани маълумотҳоро аз адабиётҳо ва расонаҳои даврӣ, интернет дода тавонад.  Ба дӯши омӯзгор бори вазнине, масъулият гузошта шудааст, ки адои ифтихормандонаи он роҳи ба ояндаи дур равандаи инсон  ва инсониятро равшан ва фарроху бемамониаъ мегардонад. Аз ин лиҳоз омӯзгор пайваста дар ҷустуҷӯи донишҳои нави истеҳсолоти муосирро пеш баранда, тараққи диҳанда бошад. Бе омӯзгор, дар ҳақиқат тира мемонад рӯзгор, пешравии ҷамъият, зиндагии бофароғат, кашфиётҳои нав нопадид мемонанд. Омӯзгор, ки илмомӯзандаи ҷавонон мебошад раҳнамои пешравӣ мебошад. Бесабаб дар китобҳои муқаддас гуфта нашудааст: «Аз гаҳвора то ба гӯр илм омӯзед». Илм ва дониши мукаммали ҷавонон асоси пешравию муваффақият -ҳост, ки онро ба ҷавонон омӯзгор бо заҳматҳои тӯлониву пурмеҳраш дастрас мегардонад. Дар ҳақиқат омӯзгор бахшандаи зиндагии пурфайз мебошад ва номи ӯ ҷовидон вирди забон мемонад.

Устодон ва мавқеъи онҳо дар ҷамъият ва дифои марзу бум.

Хишти аввал чун ниҳод меъмор каҷ

То ба охир меравад девор каҷ.

Дар тарбия намудани инсонҳои ҳамида, мактаб ва устодони он мавқеъи махсус ва нотакрорро, дар ба воя расонидани муттахассисону инсонҳои комил, мебозад. Худи ибрати шахсии ӯ суханронӣ, тарзи либоспӯшӣ, амалҳо ҳангоми иҷрои ин ё он муаммоҳои рӯзгор ва истеҳсолот, кашидани тасвирӣ нақшаву расмҳо, маданияти баёнӣ мавзӯву ибораҳои ҷолиб, ҷои махсус ва асосиро, дар тарбия намуданӣ инсонӣ комил, фарди ватандӯсту инсонпарвар, интернатсиона- лист  мебозад. Ҳар як амалҳои муаллим, устод ба бунёдёбии хислатҳои ҷолиби фард таъсир мерасонад ва онро ташаккул медиҳад. Дар бисьёр мавридҳо ба муҳассилин ва хонандагону донишҷӯён чунон хислатҳои устодон таъсир мерасонад, ки ҳатто ҳангоми навиштан ба тахтаи синф тарзи қапидани бӯр, нигоҳ доштани транспортир, паргор ва ҳоказо асбобҳои нақшакаширо, мисли устод тақлид намуда нигоҳ медоранд ва ба монанд амалҳои иҷрокардаи устод амал карда ба тасвир намудан, сухан гуфтан шурӯ менамоянд. Устод бояд ҳамата - рафа қобилятнок ва маданиятпараст, аз ҳамаи ганҷинаҳои тиллоии гузоштаи ниёгон бархӯрдор ва эъҷодкор бошад, вобаста ба шароит ва ваъз ибора, калима ва ҷумлаҳоро дар мавқеъҳои муайян кор фармуда тавонад ва ҳамаи ин хислатҳоро дар вуҷудӣ хонандагону донишҷӯён, ҳамчун ибрати шахсии устод, маскан гиронда тавонад. Нутқи ҷалбкунандаи устод дар вуҷудӣ шунавандаву таълим гиранда ҷой гирад ва барои бедор карданӣ тарафҳои ниҳонии имкониятҳои эъҷодии муҳассилин ва донишҷӯён  мусоидат намуда, асосҳои илмро барои аз бар кардан ва малакаи амалӣ ҳосил намудан замина гузорад ва роҳ кушода диҳад.

Саидова Севтлана, омузгори калони кафедраи меъморӣ