Миллати тоҷик дар гузашта аз шебу фарозҳои таърих ва дигар озмоишҳои сахту сангин гузашта бошад, ҳам то кунун фарҳанги асилу маданияти волои хешро аз даст надодааст. Баракс барои зинда нигоҳ доштани он тадбирҳои зарури андешида мешавад. Бидуни шак гуфтан мумкин аст, ки маҳз ба шарофати ҳамин тамаддуни пешрафта моро дар тамоми олам мешиносанду ҳамчун давлати мустақил эътироф менамоянд.  Зеро даврони Истиқлолият барои мо шароитеро фароҳам сохт, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллатамонро ба сӯи ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёд равона сохта бошем.

Имрўз шукри он дорем, ки Ватани азизамон Тоҷикистон ободу зебо гардида, мардумаш хушу хуррам ва осуда зиндагӣ доранд. Ва бо  саодатманди иқдомҳои пайгирона ва сиёсати хирадмандонаи сарвари давлатро, ки дар кишварамон як қатор иншооти стратегӣ, аз қабили шоҳроҳҳо, нақбҳо, роҳҳо, нерӯгоҳҳои барқии обии хурду миёна, қасрҳои фарҳангӣ, боғу гулгаштҳо таъмиру тармим гаштаву сохта ба истифода дода шуда, бо рӯҳи баланд пайравӣ менамоянд. Зеро ҳамаи ин созандагиҳо ба тамоми минтақаи  Тоҷикистони азиз ҳусни тоза зам намудааст.  Ин шаҳодати он аст, ки мардумони ватандӯсту хештаншинос бо тамоми ҳастӣ барои ободии ин мамлакат талош доранд. Аммо бархе мухолифон миллати мо талош доранд, ки барои манфиати худу дигар носипосон ин дастовардҳоро ба яғмо баранд.

Оромиву суботи ҷомеа, амният ва осудагии шаҳрвандон беҳтарин дастовардҳои  Тоҷикистони соҳибистиқлол маҳсуб ёфта пойдориаш ба ҳар як фарди бонангу ораш вобастаги дорад. Лек хело афсўсовар аст, вақте пайдо мешаванд шахсони алоҳидае, ки суботи  ҷомеаро бо амалҳои  худ  доғдор намуда,  оқибати аъмоли зишти худро, ки зиёновар аст ва ба ҷонаш таҳдид мекунад  намеандешанд.

Имрӯз мардумони тоҷик хушбахт аз он аст, ки  баъд аз маҳкум намудани фаъолияти ташкилотҳои ифротгароӣ, мардуми халқи мо дар фазои тинҷу оромӣ қарор доранду озодона зиндагии шоиста доранд. Ин осудаҳоливу сулҳ ба идеяи нохалафон носипосон зарба мезанад, зеро тарғиботи онҳо комилан дуруст нест, ки сохтори давлат иҷозат намедиҳад, ки мардум озодона зиндагӣ намоянд. Баръакс имрӯз таҳти роҳбарии сарвари хирадманд, пешвои миллати тоҷик ҳамаи шароит ба хотири амнияти пурраи мардум фароҳам оварда шудааст ва ё касе онҳоро маҷбур намекунад, ки донандаи ислом ё дигар илмҳо набошад. Давлати Тоҷикистон дунявӣ аст, ба ҳамин хотир ҳам дин аз давлат ҷудо фаъолият менамуд, аммо ҳамкориҳои масъулини ташкилотҳои ифротӣ бо хоҷагони беруна ва бардоштани иғвову дасиса дар байни мардум давлату Ҳукуматро маҷбур сохт, ки бори дигар бобати амнияти икишвар чора ҷӯнд. Албатта ин амали  иштибоҳонаи худи масъулини ТЭТ ҲНИ буд, ки хостанд бо ин мафкураи ғаразноки хеш як амалҳои хислати ифротгарои доштаро алайҳи ин давлати мустақилу  соҳибфарҳанг анҷом доданд.

Мо хуб медонем, ки ҳадафи ҳар қавму миллат танҳо пояхои истиқлоляитро устувор намудан аст.

Мо ҳамеша огоҳ бошем, ба ҷавонон ва шахсони гумроҳ таъкид намоем, ки ба хотири ваъдаи ночизи бегонагон амал карда, ҷони худу наздиконатонро ба гирдбоди ғаму андӯҳ напартоед ва дар байни халқ худро шарманда насозед.

Маҳмудова Ф.М., устоди кафедраи автомобилҳо ва идоракунии нақлиёт