Имрўз мо бо ифтихор метавонем, изҳор намоем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои комилҳуқуқи Созмони милалии муттаҳид мебошад ва ба даҳҳо созмонҳои дигар шомил шуда, намегузорад, ки  дар кишвари азизи мо нобасомониҳои асри гузашта аз рӯи бархе нотавонбинон рух диҳанд. Зеро миллати тоҷик аз он ҳаводиси даҳшатбор сабақи зарурӣ гирифтаасту дигар он рӯзҳоро ба ёд овардан намехоҳад. Пас ин ҷо суоле ҳаст, ки оё “Ҳомиёни ватан”- и Шарофиддин Гадоев аз кадом муаамои миллат ҳимоят мекарда бошад? Аз Паймони миллии Тоҷикистон ё аз гурӯҳи умумии опозитсион ё аз ҳарду. Вариантҳои пешниҳоди ҷумбиш бошад, айнан ишора бар он аст, ки бо ташкили фазо барои тарғиботчиёни наҳзатӣ заминаи асоси гузошта истодааст.

Марбут ба варианти тарбияи ҷавонон дар руҳияи фарҳангшиносӣ ин фиреби маҳси онҳост, зеро онҳо фарҳанги худро талқин мекунанд, ки ин ватанфурӯшию хиёнаткорист.

Барои тамоми мардуми ҷаҳон, бахусус сокинони Осиёи Марказӣ мусаллам мебошад, ки Ватани мо мардуми фарҳангсолори мо аз қадимтарин сарзамини биҳиштосо буда, таърихи беш аз даҳҳазорсола дорад. Дар бисёре аз сарчашмаҳои таърихӣ олимону муҳаққиқони сатҳи ҷаҳонӣ ҳини таҳқиқот ба арзишҳои умумибашарӣ ва фарҳангиву таърихии миллати тоҷик баҳои сазовор дода, кишвари моро дорои марказҳои илмию тиҷоратӣ ва сарзамини ободу осуда тавсиф намудаанд. Ба ҳамин хотир ба Гадоев хотирнишон месозам, ки ягон ҳоҷате нест, ки барои ҷавонони мо наҳзатиҳо фарҳанг омӯзонад. Тавре дар боло гуфтам олимони барҷастаи олам фарҳанги моро медонад, ин нотавонбинон шумо ҳастед, ки дар ниқоби ҳимоя ба яғмо бурдани фарҳанги моро ҳадаф қарор додаед.

Ва ба хотири амнияти пурраи мардум давлату Ҳукумати кишвар таҳти роҳбарии Пешвои миллат тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намуданд. Ба он хотир, ки дигар миллати тоҷик тобу тавони онро надорад, ки дубора нӯшобаи заҳрогини ин нохалафонро нӯш кунад. Пас ин ислоҳот ва ҳомиёни ватани Паймони паймоншиканонро тамоми озодхоҳону равшанфикрон маҳкум менамоянд, зеро ҳамин “ҳимоятгариҳо”и наҳзатиҳову Гадоев моро дар рӯзҳоии таърихиву дигар ҷашнгириҳо ба ҳодисаҳои хунун рӯ ба рӯ сохтааст. Мо дар айни ҷашнгирии Истиқлолияти давлатӣ қарор доштем, ки аз ҷониби иддае кӯрдилону носипосон барои ояндаи миллати мо зарба расид. Гарчанде, ки мо аз ин сари вақт огаҳ шуда, пеши роҳи ин мухолифонро гирифта бошем ҳам дар паи ин ҳадисаи даҳшатангези наҳзатиҳо даҳҳо ҷон бохтанд. Дар чунин рўзҳои барои халқ таърихӣ, ки пеш аз тантанаҳои бузургу оламшумули ҳамоиши чорабиниҳо бахшида ба истиқлолият, падидаҳои номатлуби гурўҳбозону ҷаҳолатпешагон, ки мехоҳанд, ватани моро низ ноором созанд, ҳамаро ғамгин сохта буд. Дар ҳақиқат манъи фаъолияти ТЭТ ҲНИ амнияти мардумро кафолат доду оромиро дар кишвар таъмин сохт. Дар асл мақсадҳои ғаразноки онҳоро пешравиҳои миллат, бунёди роҳҳои мошингарди байналмилалӣ ва нақбу пулҳо, ки яке аз самтҳои стратегияи Ҳукумати Тоҷикистон маҳсуб меёбад, кайҳо ба хок яксон кардааст.

 Ҳамин қадар вайронкориҳову ифротгариҳо, кадом як нафари соҳибақл аз ин ташкилоти ҳимоятхоҳнаи шумо бояд ибрат гирад. Дар дил Гадоев ин қадар “ҳисси ватандӯстиву худогоҳӣ” доштааст, ки мардумро ба ин таҳрик менамояд. Ва ташкилотеро барои муҳайё сохтани шароит ва фазои солим барои тарғиботи паймони наҳзатиҳо фароҳам оварданист.

Имрўзҳо тарғибгарони ТЭТ ҲНИ низ ба ақидаҳои ҷангҷӯёнаю ноустувор, зидди сулҳу ваҳдат ва ҳамзистиву ягонагӣ, зиндагии осоишта баромад мекунад, аз рӯи диди нохалафонаи хеш аз номи ислом сухан мекунанд, ки пурра он маънои зиддиисломиро дорост.

 Хайруллоева Н.А., устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд