Барои бомуваффақият ташкил кардани кор оид ба  муқобилият нишондиҳӣ ба ҷалби ҷавонон ба ташкилоту гурӯҳҳои ифротгарона, сабабҳо ва шароитҳо, ки боиси ташаккули рӯҳияи хашмгинии ҷавонон мегардад, донистан лозим аст.

Чунин омилҳои иҷтимоӣ-психологиро метавон муайян кард:

  • муносибатҳо, ақидаҳои нодурусти волидайн;
  • фикру ақидаи гурӯҳи мушовирӣ (аз ҷумла гурӯҳи ҳамсолон);
  • таъсири шахсони бонуфуз ба гурӯҳи мушовирӣ ва ғ.
  • стресс дар натиҷаи навсозии иҷтимоӣ ва равандҳои ҳамгироӣ/парокандашавӣ дар ҷомеа.

Ин омилҳои зикршуда дар баробари омилҳои шахсӣ амал мекунанд, ки дар байни онхо чунин омилҳоро ҷудо кардан мумкин аст:

  • тасаввурот, муносибатҳои наврасон;
  • хусусиятҳои психологии фардӣ (афзоиши хоҳишҳо, хашмгинӣ, паст будани ҳассосият ва ҳисси ҳамдардӣ, хусусиятҳои фардии ангехт пазирӣ ва гузаронидани равандҳои психологӣ);
  • хусусиятҳои эмотсионалӣ (ҳолати шиддатнокии равонӣ).

Вазифаҳои асосии пешгирии ифротгароӣ инҳоянд:

  • Дар хонанда тарбия намудани муносибати эҳтиромнамоӣ, риоя ва ҳифзнамоии ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, риояи қонунҳо;
  • Ташаккули меъёрҳои рафтори иҷтимоӣ, ки хоси ҷомеа мебошад;
  • Баланд бардоштани нақши оила дар ташаккули меъёрҳои таҳаммулпазирӣ ва паст кардани шиддатнокии иҷтимоӣ дар ҷамъият;
  • Мубориза бо ифротгароӣ тавассути ташкилоти ҷамъиятӣ, худидоракунии донишҷӯён;
  • Дар муҳити мактаб ҷорӣ намудани амалияи меъёрҳои рафтори таҳаммулпазирӣ;
  • Тарбияи шаҳрвандони риоякунандаи қонун, ки ба ногузирии ҷазо барои содир намудани фаъолияти экстремистӣ боварӣ доранд;
  • Омӯзиши малакаҳои рафтори бехатари хонандагон ҳангоми таҳдиди амали террористӣ.

Дар вакти ташкили кори пешгирикунанда хусусиятҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва синну соли наврасону чавононро ба назар гирифтан зарур аст.

Аз нигоҳи ворид шудан ба майдони фаъолияти ифротгароӣ хатарноктарин синну сол аз 14 то 22-сола аст. Дар ин вақт, ду омили асосии равонӣ ва иҷтимоӣ якҷоя мешаванд. Аз ҷиҳати равонӣ ба синни наврасӣ ва ҷавонӣ ташаккули худшиносӣ, баланд шудани ҳисси адолат, ҷустуҷӯи маънӣ ва арзиши зиндагӣ хос аст. Маҳз дар ҳамин вақт наврас бо хоҳиши пайдо кардани гурӯҳи худ, ҷустуҷӯи шахсияти худ, ки аз рӯи намунаи ибтидоии «мо» - «онҳо» ташаккул ёфтааст, дар ташвиш аст. Инчунин наврасон ва ҷавонон дар ин давра рӯҳияи ноустувор доранд, ки ба насиҳатҳои дуруғангез ва фиреб ба осонӣ гирифтор мешаванд.

Аз нигоҳи иҷтимоӣ бештари ҷавонони аз 14 то 22 сола худро дар ҳолати маргиналӣ қарор медиҳанд, ки рафтори онҳоро қариб ягон омили иҷтимоӣ-иқтисодӣ (оила, молу мулк, кори доимии ояндадор ва ғайра) муайян намекунад.

Аз ин лиҳоз, бояд тадбирҳои асосии коҳиш додани зуҳуроти ифротгароӣ дар байни ҷавонон равона карда шаванд ба:

- беҳтаркунии муҳити иҷтимоӣ (умуман), ки ҷавонон дар он ҳастанд, фароҳам овардани фазои ҳамкории созанда дар он, ҳавасманд кардани эҳсосоти мусбӣ дар байни ҷавонон аз иштирок дар татбиқи лоиҳаҳои иҷтимоӣ, аз таҳлили дурнамои дастрас, инчунин аз таҷрибаи воқеии ҳалли мушкилоти насли наврас;

- эҷоди механизмҳои самараноки таъсиррасонӣ ба раванди иҷтимоигардонии шахсияти ҷавон, аз ҷумла дар фазои иҷтимоӣ-фарҳангии ҷомеаи наздиктарин ва умуман ҷомеа. Натиҷаи чунин кор бояд ташаккули шахсияти таҳаммулпазир, масъулиятшинос, муваффақ, ки ба арзишҳои шаҳрвандӣ ва ватандӯстӣ нигаронида шудааст;

- таҳияи системаи корҳои равонӣ-ислоҳотӣ, ки ба пешгирии таҷовузҳои ғайримеъёрӣ, ташаккул додани малакаҳои муоширати иҷтимоӣ, худтанзимкунӣ, ташаккули малакаҳои рафтори таҳаммулпазирӣ, баромадан аз динҳо, ташкилотҳо, зерфарҳангҳои харобиовар нигаронида шудааст.

Қосимова М.Ҳ., устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд