Рӯзи Ғалаба дар радифи ҳамаи иду ҷашнҳои давлатӣ ва санаҳои муҳими таърихии фаромӯшнашуданӣ мақому манзалати худро дорад. Он барои тамоми инсоният, аз ҷумла мо, тоҷикистониён, низ азиз ва гиромӣ аст. Ҳар сол дар кишвари азизу маҳбуби мо ба хотири ёдбуди онҳое, ки баҳри халқу Ватан дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҷон фидо намудаанд ва барои қадрдонии онҳое, ки баҳри ба даст овардани ғалаба мардонавор ҷангидаанд, 9 май ҳамчун Иди Ғалаба ҷашн гирифта мешавад.

Ҳанӯз аз оғози ҷанг фарзандони тоҷик дар қатори аввалинҳо дар ҳайати ду дивизия ба ҷабҳаи ҷанг рафта буданд. Умуман, аз кишвари мо ҳазорњо нафар дар задухӯрдҳои шадиди ҷанги зидди фашизм иштирок намуда, аз худ ҷасорату мардонагиҳои бемисл зоҳир кардаанд. Эҳсоси ватандӯстӣ ва мушкилнописандии онҳо имрӯз барои мо, ки истиқлолияти давлати худро таҳким бахшида, созандагиву бунёдкорӣ ва ободии Тоҷикистони азизро ҳадафи хеш қарор додаем, намунаи ибрат ва сабақ аст. Далериву шуҷоат ва мардонагиву қаҳрамонии иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ саҳифаи дурахшони таърихи моро ташкил медиҳад. Маҳз ҷоннисориву фидокориҳои онҳо буд, ки тамоми халқҳои Иттиҳоди Шӯравӣ аз чанголи фашистони хунхор раҳоӣ ёфтанд. Қудрату тавоноии артиши шӯравӣ аз матонату садоқати афсаронаш ибтидо мегирифт. Аз шуҷоати сарбозон, ки розӣ буданд баҳри ҳифзи халқу Ватан ҷони худро фидо кунанд, қаҳрамониҳои сарбозони тоҷик, ки худро ба болои мили танки душман партофтаанд, гувоҳ шуда метавонад.

Ин ҷанги хонумонсӯз, ки ҷони ҳазорҳо ҳамватанони моро рабуд, чунон ба рӯҳияи мардум таъсир расонида буд, ки ҳама – пиру ҷавон, хурду калон ва ҳатто занон ҳам тайёр буданд ба ҷанг раванд. Халқи меҳнаткаш баҳри таъмини озуқаворӣ ва сарулибоси сарбозон талош меварзид. Баҳри ба даст овардани ғалаба на танҳо дар фронт, балки дар ақибгоҳ, дар ҷабҳаи меҳнат низ мардум талош меварзиданд. Баробари мардон занон низ бо душман мардонавор меҷангиданд ва қаҳрамонии занони далери тоҷик дар хатти фронт шоистаи ифтихору таҳсин аст.

Ҳамаи ин фидокориву ҷоннисориҳои иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ то имрӯз дар хотири мардум нақш бастааст ва мардум бо некӣ аз онҳову қаҳрамониҳояшон, ки баҳри халқу Ватан кардаанд, ёд мекунанд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хотири иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватаниро пос медорад ва онҳоеро, ки дар қайди ҳаёт ҳастанд, мавриди дастгирӣ ва таваҷҷуҳи хоса қарор додааст. Ёди неки ин мардони шуҷоъ дар хотири ҳар як хурду калони Тоҷикистон абадӣ нақш бастааст. Ҷоннисориҳои ин далерон намунаи ватандӯстӣ ва қудрати мардонагӣ барои ҷавонмардон аст. Бигзор насли ояндаи Тоҷикистон бо чунин ҳисси бузурги ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ифтихори миллӣ нерӯи худро танҳо барои ободии Ватани хеш сарф намояд.

Муҳайё Абдусаломова, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд