Тараққиёти бевоситаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, хосатан ҷомеаи муосири Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз тақозо менамояд, ки вобаста ба талаботҳои ҷадиди замон меъёрҳои самти фаъолият ва корбариро бояд такмил дод. Яъне бар зидди онҳое, ки ифротгар ҳастанд, мубориза бояд бурд, вагарна онҳо ба мисоли Гадоев бо зиёдаравии беш ба истилоҳ “ба болои сар мебароянд”.  Давлати соҳибистиқлоли мо ба хотири пешравию тараққиёташ имрӯз ҳамаҷониба кӯшишу заҳматҳои худро ба харҷ дода истодааст.

Тарғибу ташвиқи ақидаҳои ифротгароӣ, барангехтани тухми низоъ дар миёни инсонҳо, нодида гирифтани арзишҳои олии давлату миллат, даъвати одамон ба ҷиҳоду муноқишаҳои қавмию мазҳабӣ ва таҳдид ба субботу оромии ҷомеа аз амалу кирдорҳои ҷинояткорона ба ҳисоб рафта, ба ояндаи он хатари ҷиддӣ эҷод менамояд. Ҳамин аст, ки боз як “падида”- и ҷадид аз ҷониби Паймони миллии Тоҷикистон, хосатан Гадоев, ки ташрифи худро ба Тоҷикистонро ситоиш намуда, аз худ қаҳрамон ва “озодандешу олими сиёсатдон” тарошидааст.

Ба муаллифи ин тазоҳуротчиён гуфтаниам, ки инқилоби мухолифон ҳамин аст, ки дар расонаҳо “ҳодисаҳои дар хоб дидаатонро” нашру паҳн мекунед. Ягона диди шумо аз замини мо, кори ҳукумат аст. Аҷабо наҳзатиҳо ва мухолифони “боаҳду паймони тоҷик” аз фаъолияти сарвари давлат ва ҳукумат нигаронӣ дошта бошанд ё фикри мансабу ҷой карда истодаанд?

Мутаасифона, солҳои охир сар боло кардани гурӯҳҳои тундраву ифротгаро вазъи сиёсиро дар як қатор кишварҳои олам ноором сохта, боиси содир намудани амалҳои террористӣ ва дигар амалу кирдорҳои ҷинояткорона мегарданд. Алббата, ҳамин мухолифону терророни наҳзатӣ ва дигар нобакорон дар ҳамаи мамлакатҳо маскан гирифтаанд. Натиҷаи кору пайкори онҳо ҳамин аст, ки мардумро алайҳи давлату ҳукумат барангехта, мансабталошӣ карда истодаанд.

Ин домеро, ки мухолифон барои мардуми миллати хеш тайёр мекунанд, рӯзе аз ҷаҳолат, худ ба он меафтанд. Шарофиддин инқадар “ҷасорат” пайдо кардааст,ки ба миллати тоҷик таҳдид кардааст. Ҷамъи озодандешону фарҳангсолорони миллатро замоне шумобарин “инқилобчиёни роҳи озодӣ” кушту садои сухани оҳанги навозишашонро хомӯш сохтанд. Дар ҳақиқат имрӯз давлату миллат аз худ соҳиб дорад. Дигар ба хатогӣ роҳ намедиҳад. Дигар хуни ноҳақро дар замин намегузорад. Дигар ба ин ҳангомаҳои шумо чашм намепӯшад. Минбаъд аз паи хомӯш намудани оташи инқилоби тундгароӣ шумо хоҳад буд.

Ман бо таассуф иброз менамоям, ки бархе аз шаҳрвандони Тоҷикистон низ ба доми найранги гурӯҳҳои экстримистӣ афтода, ба сафи онҳо пайвастаанд. Тоҷикистон  ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявию иҷтимоӣ узви ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, дар ҷараёни таҳаввулоти босуръати ҷаҳонишавии муносибатҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёт қарор дорад.

Вазъияти ҷаҳони имрўза болобардории фаъолияти самараноки тамоми сохторҳои давлатиро барои таъмини боэътимоди сулҳу субот ва амнияти кишвар водор месозад, ки ин метавонад барои ҳар як сокини кишвар шароити арзандаи зиндагӣ ва ҳаёти осоиштаро таъмин намояд.

Умуман, дар шароити имрўза кӯшишҳои аҳли ҷамъияти умумиҷаҳонӣ дар доираи муқобилият ба терроризм пеш аз ҳама ба муборизаи зидди созмонҳо ва ҳаракатҳои устувор нигаронида шудаанд. Зеро ин гуна созмонҳо барои расидан ба мақсадҳои ниҳоии худ тарафдорони худро муттаҳид мекунанд, меомӯзонанд, нақшаи амалҳои онҳоро мекашанд.

Ҳар касе, ки дар қасди душманӣ, низоъангезӣ ва бадхоҳии дигарон аст, рўзгори осудаву ором ва ободии ҷомеаро нодида мегирад, оқибат пойбанди ҷаҳолат ва гирифтори нокомиҳо мешавад.

Муаттар Раҳматова, номзади илмҳои филологӣ,

устоди кафедраи забони давлатӣ ва ҷомеашиносӣ