Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Нақшаи чорабиниҳои «Барномаи давлатии ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022» тасмим гирифтааст, ки бо мақсади ҳавасмандгардонии муаллифони мақолаҳои публитсистӣ озмуни ҷумҳуриявиро миёни қаламкашони ҷавон дар мавзӯи «Меҳри Ватан» доир намояд. 

Аз ин рӯ, олимону муҳаққиқон ва омӯзгорони ҷавон, хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таълимӣ метавонанд мақолаҳои худро барои иштирок дар озмун ба Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш (шахси масъул: Муродзода М.-934640440) пешниҳод намоянд.

Муаллифони ҷавони беҳтарин мақолаҳои публитсистӣ дар арафаи «Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон» бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда мешаванд.