Мусаллам аст, ки фазо ва муҳити муосири ҷаҳонӣ рӯз ба рӯз вазъи пурраи сиёсию иҷтимоии қисмати зиёди мамолики Шарқи мусулмониро бар асари ҷаҳолат ва хурофоти асримиёнагӣ ташкилёбии гурӯҳҳои зиёди терроистиву экстремистӣ ва сиёсатҳои ба ном «диндорону исломҷӯён» ноҳамвор сохта, инчунин вазъияти тамоми оламро муташанниҷ гардонида истодаанд. Албатта ҳамаи ин ҳодисаҳову воқеаҳо парешониву бесарусомониро  дар низоми зиндагӣ ба вуҷуд овардааст. Бояд гуфт, ки ин гуна шароит, қабл аз ҳама, аз ниҳодҳои фарҳангию маърифатии ҷомеаи мо тақозо менамояд, ки дар самти муттаҳид намудани қишрҳои гуногуни иҷтимоӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ ва дар ин замина нерӯманд сохтани ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷаҳду талош варзанд.

Мо хуб медонем, ки чанде қабл бо фаъолияти ғаразноконаи иддае аз ташкилотҳои террористӣ миллат ба нооромӣ дучор гардида, сару садоҳои гуногуне баланд гардид. Вале пас аз манъи фаъолияти чунин ташкилотҳои ифротӣ, нохалафон дучанд аз диди ноодамии худ кишвари моро зери танқид гирифта истоданд.  Аз фаъолияти иғвоангезандаи наҳзатиҳо худ маълум буд, ягона аҳдофи онҳо вайрон намудани фазои мустақили ва сохти конститутсионии давлат буд. Имрӯз низ онҳо дар канор нестанд, бо дурӯҳу пӯписаҳои бемаъно нисбат ба ободии миллати мо рахна заданианд. Аммо он наҳзатиҳое, ки имрӯз ташкилоти худро «Паймони миллии Тоҷикистон» номгузорӣ намуданд, мехоҳанд ба ин васила дубора ба боварии мардум дароянд. Дар ҳамин радиф ба  ҳамаи мардумон гуфтаниам, ки ин «паймонхоҳон» замоне барои ҳамкори бо давлат аҳду паймон карда буданд, диде оқибат ба чи ҳолат расидем. Пас имрӯз низ барои шикасатани паймонашон инро созмон додаанд. Ба хамин хотир фирефтаи суханони ин «боаҳду паймонҳо» нагардед. Зеро дар мо мақоле ҳаст, ки «бо ҷой иваз кардани зарбашавандаҳо, ҳосили зарб иваз намешавад». Ба маънои дигаре «Хар ҳамон асту бори хар дигар шудааст».

Миллати тоҷик то ба имрӯзи босаодат расидан рӯзҳои басо сахту сангинеро паси сар намудаст. То ба озодиву Истиқлолияти воқеиро соҳиб гаштан ҷони ҳазорон дар ин роҳ сипар гардидаву ҳазорони дигар дилозурда гардидаанд. Ба хмин хотир таъкид менамоям, ки гарчанде сабабгори чандин нооромии вазъи кишвар ин наҳзатиҳо бошанд ҳам, мо набояд он рӯзҳои сахтро фаромӯш кунем ва нисбати он нафароне, ки ба дастуру супоришҳои хоҷагони хориҷии худ, ки мехоҳанд мақсадҳои нопоки худро амалӣ созанд, бояд сахт нафрат дошта бошем ва бар зидди онҳо муборизаи беамонро ба роҳ монем.

Хуласи калон моро зарур аст, ки бар хилофи чунин падидаҳои номатлуби ҷаҳолатиу разолати ифротиён ва мухолифони миллат дар ин замони ҷаҳонишавии босуръат ва афзоиши террор муқобилият нишон диҳем. Мо мардумони шарафманди диёр амнияти давлат ва ҷомеа, ваҳдату ягонагӣ, зиндагии орому осуда ва устувории пояҳои давлатдории миллиамонро ҳамон вақт пурра таъмин карда метавонем, ки барои баланд бардоштани маърифати сиёсӣ ва худогоҳиву худшиносии миллӣ пайваста саъю талош варзем ва кӯшиш намоем, ки ба хотири ҳифзу ҳимояи арзишҳои миллии диёри азизамон саҳм дошат бошем.

Маҳмудова Ф.М., устоди кафедраи автомобилҳо ва идоракунии нақлиёт