Дар соли сипари гашта бо шарофати заҳмати содиқонаи мардуми кишвар раванди созандагиву ободкорӣ бомаром идома ёфта, нақшаву барномаҳои пешбинигардида ҷиҳати таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони мамлакат заҳматҳои зиёда кашида ба он муваффақ шуданд, ки  дурнамои ба нақша гирифтаро сарбаландона иҷро намоянд, гарчандедар солҳои охир хусусан ин соли сипарӣ гашта вазъи сиёсиву иқтисодии ҷаҳон хеле мураккаб гардида, ҳоло инсоният дар давраи ниҳоят ҳассос ва душвортарини таърихи қариб сад соли охири худ қарор дорад.   Ба ҳаммаи ин нигоҳ накарда  дар натиҷаи татбиқи самараноки ислоҳоти иқтисодӣ, амалӣ намудани стратегияву барномаҳо ва тадбирҳои зиддибуҳронӣ дар панҷ соли охир рушди иқтисодиёти Тоҷикистон ҳамасола ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7,3 фоиз таъмин гардида, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 71 миллиард ба 115 миллиард сомонӣ расид ва ба ҳар сари аҳолӣ 1,5 баробар афзоиш ёфт.

Дар натиҷаи чораҳои дурандешона дидани ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Пешвои миллат  соли 2022 корҳо  барои устувор нигоҳ доштани нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, коҳиш додани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ, фаъолияти босуботи низоми бонкӣ, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноативу кишоварзӣ, беҳтар гардонидани фазои сармоягузорӣ ва дастгирии соҳибкорӣ тақвият пайдо карда, рушди иқтисоди миллӣ дар сатҳи 8 фоиз таъмин карда шуд.

Вобаста ба ин дар панҷ соли охир сатҳи некуаҳволии мардум тадриҷан баланд шуда, даромади пулии аҳолӣ аз 41,1 миллиард сомонии соли 2018 ба 87 миллиард сомонӣ дар соли 2022 расонида шуд, яъне 2,1 баробар зиёд гардид.

Музди миёнаи меҳнат дар кишвар якуним баробар ва андозаи нафақаи ниҳоӣ 1,3 баробар афзоиш ёфт, ки инро мардуми кишвар ҳис намуда  боз бо ҷидду ҷаҳд ба кор шурӯ намуда истодаанд.  Меҳнат барои рушди Тоҷикистон талаботи якӯминдараҷаи мардумамон гаштааст.  Ба ин боис  сатҳи камбизоатӣ аз 27,4 фоизи соли 2018 то 22,5 фоиз дар соли 2022 коҳиш дода шуд.

Дар натиҷаи тадбирҳои дурбинона дидан аз тарафи ҳукумати Тоҷикистон  беш аз 900 ҳазор, аз ҷумла дар соли 2022-юм 190 ҳазор ҷойи кории нав таъсис дода шуд, ки ба беҳтар гардии вазъи шуғли аҳолӣ дар кишвар сабаб шуд.

Ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ ба соҳаҳои иҷтимоӣ аз 9,1 миллиард сомонии соли 2018 то 14,7 миллиард сомонӣ дар соли 2022 ё 62 фоиз зиёд гардид.

Дар панҷ соли охир танҳо барои рушди соҳаҳои маориф ва тандурустӣ 36 миллиард сомонӣ равона гардида, ҳиссаи маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ дар ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ  44 фоизро ташкил кард.

Дар давраи зикршуда аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 842 бинои муассисаи таълимӣ барои 382 ҳазор хонанда, аз ҷумла дар соли 2022-юм 190 бинои таълимӣ барои 87 ҳазор хонанда сохта, ба истифода дода шуд, ки дар 31 соли истиқлоли давлатӣ 3430 муассисаи нави таълимӣ барои қариб якуним миллион хонанда сохта, ба истифода дода шуд.  Агар солҳои шӯравиро ба хотир оварем дар 70 соли замони гузашта ҳамагӣ 3229 муассисаи таълимӣ бунёд гардида буду халос.   Имрӯз дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар 2 миллиону 300 ҳазор нафар хонандагон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Соли 1991 ин нишондиҳанда ҳамагӣ 1 миллиону 325 ҳазор нафарро ташкил медоду халос.

Агар то соли 1991, яъне дар 70 соли замони гузашта дар мамлакат ҳамагӣ 2862 муассисаву иншооти тандурустӣ бо 52 ҳазору 800 нафар корманд фаъолият дошта бошад, пас дар даврони соҳибистиқлолӣ, хусусан, дар 25 соли охир 2827 муассисаву иншооти тандурустӣ сохта, ба истифода дода шудааст. Ҳоло шумораи муассисаҳои тандурустии мамлакат нисбат ба соли 1991 қариб ду баробар зиёд гардида, ба 5116 ва кормандони онҳо ба 79 ҳазор расидааст.

Ин рақамҳо барои он, ки амали шавад мардуми Тоҷик халқи меҳнатдӯстамон пайваста корнамои нишондодаанд. Маҳз дар натиҷаи меҳнати софдилонаи халқамон ин нақшаҳо иҷро шудааст.  Ягон кор бе меҳнат иҷро намешавад. Он чӣ иҷро шуд маҳз дар натиҷаи меҳнати суботкорона иҷро гардид.

Ақл ва заковати роҳбари давдатамон, Пешвоямон дар қасабабандии нақшаҳо нуқтаи асосиро бозидааст.  Ба ҳаммаи мардуми кишварамон, ки дар соҳаҳои гуногун кор ва фаъолиятӣ меҳнатӣ мебаранд барори кор барои амалӣ кардани нақшаҳои қабул карда, хоҳонем.

Файзулло Ҷалилов, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд