Ходимон ва олимони дини мубини ислом дар китобҳои муқадас, дар баромаду пешниҳодҳояшон ҳама вақт мефармоянд, ки  тарбияи инсони комил дар батни модар будан пеш аз ба дунё омадан сар мешавад. Фаҳмиш ва тибқи ин гуфтор  ва навиштаҷотҳо дар тарбияи фарзанд хело нақши муҳимро мебозад. Баҳри фаҳмиши ин равияи тарбия бисёр мисолҳои ҳаётӣ овардаанд, ки ман мехоҳам  каме бошад ба онҳо истода гузарам.

     Дар яке аз маҳалҳои мусалмоннишин имоме ҳаёт мебарад, Ӯ аз ҳама ҷиҳатҳои  талаботҳои инсони ва динӣ покизагӣ, ҳалолӣ ва парҳезкорӣ ва хусусан нигоҳдоштани нафсҳои худ ба  оммаи ин маҳал намунаи ибрат будааст. Дар оилааш фарзанде ба дунё омадааст, ки дар  сини бачагиаш  асбоби найзамонанд сохта, бо он кӯзаҳои обкашоне, ки одамон бо об пур карда ба тарафи хонаҳои худ равонгаштаро бо найзаи худ зада  шикоф мекардааст. Одамон ин  кори бадахлоқии  фарзандашро  аз имом пинҳон медоштанд. Оқибат  аз ин ҳолати ногувор  безор гашта, рӯзе ба имом ин хабарро расониданд. Имом аз аҳли маҳал  бисёр музтариб гашта, соатҳои дароз ба омма ҷавбе надода ба фикр фурӯ рафта  ҳаёти гузаштаашро ба монанди лентаи магнитафон аз назар гузаронида ягон гуноҳи худро  дар   оила ва хусусан истифодаи  ризқи ҳаромро дар тарбияи оилааш истифода шударо муайян накард.

         Бегоҳ пас аз кор ба хонааш омада  ин ҳолати кори ношоистаи  ва ахлоқи бади фарзандашро ба завҷааш гуфта аз ӯ пурсон шуд, ту дар ҳаёти зисти якҷояамон ягон  камбудӣ ё гуноҳе содир накарда бошӣ гӯён пурсон шуд. Сабаб дар чист, ки фарзандамон бо чунин кори номатлуби бад даст зада истодааст.

        Зан мудате хомуш монда  бо фикр фурурафта чунин гуноҳи номатлубашро  ба шавҳараш  баён намуд.  Дар ҳақиқат   дар давраи ҳомилагиам,  чӣ тавре, ки ба шумо маълум аз болои девори  байни ҳамсояамон шохи анор бо тарафи мо овезон буд, ки дар ин шох бисёр ҳосили анорҳои калони бо чашм гуворо  ва дилкаш овезон буданд. Ман худамро дошта натавониста  аз чӯб найзаи  тез сохта  ба анорҳо халонида сурох карда аз оби он исеъмол карда будам шояд ин маҳсули ҳамон бошад гӯён бо чашми гунаҳгорона ба шавҳараш нигарист.  Пас аз он имом ин ҳақиқатро фаҳмида ба хулоса омад, ки  барои тарбияи инсони комил  падар ва модарон бояд  аз ҳаромхӯрӣ  нафси худро нигоҳдошта  дар зарурият розигии соҳиби молро гирифтанашон  зарур мебошад.

Аз ин ҳикоя чунин хулоса мебарояд, ки  барои тарбияи  инсони комил падару модар нафақат  насиҳат ва таълими    фарзандро бо ростқавлӣ, ва меҳнати ҳалол  ва ахлоқи ҳамида тарбия намоянд.

Анвариддин Муҳиддинов, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд