Чанд рӯзи охир намояндагони «Паймони миллӣ», ки роҳбариашро садри аввалмақоми ҳизби наҳзат Муҳиддин Кабирӣ бар дӯш дорад ва дастандаркорони сомонаи ҳамфикру ҳамрози наҳзтиҳо Ахбор. ком Радиои «Озодӣ»-ро ба он гунаҳкор мекарданд, ки минбари ҳақиқии таблиғу ҳукумат гардидааст. Аммо вақте матолиби  «1215 рӯз ҳабси Бузургмеҳр Ёров ба нашр расид, ки ин расона низ мисли сомонаҳои «Паём. нет» «Ислоҳ.нет», «Кадаст .ком» масъаларо яктарафа баҳогузорӣ кардааст ба қавле реаксияи нотавонбинон чӣ гуна мешуда бошад? Ба ҳар ҳол Искандари Фирӯз бо баҳонаи ҳабси Бузургмеҳр Ёров якандоза вазъи ҳуқуқӣ ва шароити  фаъолияти адвокатҳои кишварро ба риштаи таҳлил кашидааст. Муаллифро мебоист вақти таҳлили ин масъала бо парвандаи ҷиноии Бузургмеҳр Ёров шинос мешуд. Зеро Бузургмеҳр на ба хотири дифо аз ҳизби наҳзати исломи кишвар, балки даст задан ба  қаллобӣ бо ҳукми додгоҳ ба маҳкама рафт. Ин нуктаро Зариф Ализода, Омбудсмени Тоҷикистон рӯзи 24-уми январ тасдиқ кардааст. Воқеан ҳам адвокатҳои тоҷик зимни ҳимояи собиқ аъзо ва пайравони ҲНИ чи маводи мӯътамаде дар даст доштанд, ки онҳоро дар суди олӣ ҳимоя кунанд. Ҳамаш аз сар маълум буд, ки ҲНИ бо кадом мақсад дубора ба арсаи сиёсӣ омад ва кӣ буданд тарафдорони онҳо. Зеро исбот шудааст, ки наҳзатиён чун татбиқкунандагони ҳизби «Ҳизбуллоҳ»-и Ҷумҳурии Исломии Эрон аз рӯзҳои нахустини худ барои ба даст овардани афкор ва иродаи халқ кӯшиш ба харҷ медоданд. Бояд вакилони мудофеъ аз  ин нуктаи назар бояд масъаларо медиданд. Азбаски Бузургмеҳр ва дигар ҳаммаслакони онҳо пулҳои ҳангуфти ҳоҷагони наҳзатиро дидан, ҳама чиз аз хотирҳо рафт ва онҳо сиёҳро сафед ва сафедро сиёҳ гуфтанд. Бузургмеҳр Ёров шояд вакили ҳақхоҳу ҳакҷӯ бошад, аммо зимни шиносоӣ бо парвандаҳои собиқ наҳзатиён аз содагиву дилростиаш имрӯз ба чунин ҳолат расид. Зеро ӯ медонист, ки сафедкунии наҳзатиҳо оқибати хуб надорад, бе ин ҳам нафрати мардум аз маҷлисбозиву иғвоангезии домуллотарошони наҳзатӣ зиёд шуда буд. Бузургмеҳр Ёров ва дигар вакилони мудофеъ бояд қазияро мӯшикофона таҳлил мекарданд. Вақте ҳама далелҳо даст доштани наҳзатиҳоро исбот кардааст, ӯро мебоист аз идомаи вакилиаш даст кашад. Илова бар ин, ӯ сахт эътимод дошт ба Кабирӣ ва бо он ки дониши баланди ҳуқуқӣ дошт, мисли дигар наҳзатиҳо даст ба ифротгароӣ зад. Намедонем, ин аз рӯи таассуб буд ё дидаву дониста. Имрӯз Бузургмеҳр Ёров паси панҷараи маҳкама шояд рӯзгори гузаштаи худро ба хотир орад. Аммо як чиз аён аст, ки имрӯз хеле дер шудааст. Вақте гунахкории ӯ дар сатҳи суди олӣ исбот шудааст, ӯ чӣ гуна метавонад, худро сафед созад. Илова бар ин то ҷое иттилоъ дорем, вакилони мудофеи  Бузургмеҳр Ёров барои ҳимояи ӯ наомаданд. Ин онро хулоса мекунад, ки вакилон далели сафед кардани зерҳимояи ӯро надоранд.

Ман аз навиштаи Искандари Фирӯз аз он норизоам, ки ӯ баъди ин қазия як андоза адвокатҳои кишвар дилшикаста шуда, дур аз рисолати касбии худ ҳастанд. Ин хатои маҳз аст. Агар вакили мудофеъ воқеан ҳам дониши баланди ҳуқуқӣ,  дасту дили тоза дошта бошад, дар ҳама ҳолат дастболост.

Ҳамидова Н.Ш.- н.и.ф.,

устоди кафедраи  забонҳои хориҷии ДПДТТ