Пешгирӣ ва мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дар тӯли солҳои Истиқлолияти  давлатӣ санадҳои меъёрии ҳуқуқии мухталиф қабул ва мавриди амал қарор дода шудаанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ аз 23 январи соли 2015 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуданд, ки “Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявию иҷтимоӣ узви ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, дар ҷараёни таҳаввулоти босуръати ҷаҳонишавии муносибатҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёт қарор дорад. Надонистани сиёсати ҳисбу ҳаракатҳои гуногун ҷавонон ба ин ҳаракатҳо шомил шуданашон мумкин аст.Терроризм ва ифротгарӣ руз аз руз авҷ гирифта ба доми худ двр шароити ҳозира ҷавонони иродааш суст ва ҷаҳрнбинии танг доштаро ба доми худ мекашад. Яке аз сабабҳои шомилшавии ҷавонон ин боварии онҳо ба ваъдаю дахмосаҳои бардурӯғи онҳо мебошанд. Дигаре шароити иқтисодии онҳо мебошад. Аз шамин сабаб бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташкил ва тамин намудани ҷои кор ва кам наудани сафи бекорон мебошад.

Дар гузориши мазкур кӯшиш карда мешавад, ки оид ба сабабҳо, омилҳои шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои динӣ-ифротӣ, роҳҳои пешгирии он ибрози ақида намоем. Албатта дар ҳаҷми як мақолаи маҳдуд тамоми ҷанбаҳои масъаларо мавриди таҳқиқ қарор додан аз имкон берун аст ва он таҳлил ва омӯзиши амиқро тақозо менамояд.

Ба саволи – “сабабу решаҳои пайдоиш ва пайравӣ ба ақидаҳои террористию экстремистӣ дар чист ва омилу ангезаҳои асосии он кадомҳоянд?” ҷавоби дақиқу мукаммал додан душвор аст. Ба ҳар ҳол баъзе сабабҳо, решаҳо, омилҳо ва ангезаҳои асосию умумии онро номбар кардан мумкин аст:

А.Пеш аз ҳама ҳисси маъюсӣ, нобоварӣ           парешонӣ, нокомӣ  наёфтани роҳи худ дар зиндагӣ мебошад

Б. Ҷараёни бошиддати ҷаҳонишавӣ (глобализатсия) олами моро тағйир медиҳад, тамаддун, фарҳанг, анъана, урфу одат, дину мазҳаб ва суннатҳои анъанавиро заиф месозад ва ҳатто, тамоман аз байн мебарад.

В. Омиле, ки бештар дар ҷаҳони ислом, дар байни мусулмонон роиҷ аст - ин эҳсоси беадолатӣ нисбат ба ислом ва пайравони он аст. Аксари мусулмонони олам чунин мешуморанд, ки нисбат ба онҳо кишварҳои Ғарб сиёсати духӯра, бурӯя ва меъёру стандартҳои мунофиқонаро ба кор мебаранд.

Г. Рақобати абарқудратҳо барои ҳимояи манфиатҳои худ дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон, афзудани нуфуз, таъсири онҳо дар гӯшаҳои гуногуни олам, мубориза барои ба даст овардани сарватҳои табиӣ: нефт, газ, об, канданиҳои фоиданок, захираҳои энергетикӣ сабаби нооромӣ, ҷангҳои минтақавӣ, афзудани шумораи гурезаҳои иҷборӣ, ба вуҷуд омадани норозигӣ ва оқибат пайвастани гурӯҳи ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва олами ҷинояткорон мегардад.

Д. Густариши хариду фурӯши маводи нашъаовар, яроқу алсиҳа. Бархе аз гурӯҳҳои экстремистию террористӣ аз ҳамин ҳисоб маблағҳои калони пулӣ ба даст меоранд ва ба ин мақсад амал мекунанд. Давлатҳои абарқудрат маҳз ба воситаи чунин гурӯҳҳо яроқу аслиҳаи худро ба фурӯш мебароранд. Тиҷорати маводи нашъаовар ва аслиҳа яке аз сабабҳои доман паҳн кардани гурӯҳҳои экстремистӣ ва террористӣ мебошад.

Е. Як чизи ҳайратовар низ мушоҳида мешавад, ки дар байни аъзои ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ фарзандони оилаҳои сарватманд, ба ҳеҷ чиз мӯҳтоҷ набударо низ дидан мумкин аст ва инро бояд равоншиносон, сотсиологҳо ва дигар равияҳои илмҳои ҷомеашиносӣ таҳлил намоянд

Ж. Баъзе шахсон, хусусан ҷавонони камтаҷриба ва камтарбия ҳастанд, ки табиатан ҷангҷӯ, моҷароҷӯй ва ҳангоматалаб буда, бо ҳар роҳу васила ҳатто бо ҷиноят ва шомил шудан ба гурӯҳҳои экстемистӣ, террористӣ худро намоиш додан ва дар ҷомеа ба “обрӯ”, “нуфуз” ва “эътироф” соҳиб шудан мехоҳанд ва ғайра мебошанд.

Аз  ҳамин лиҳоз моро лозим аст ки ҷавононро дар руҳи ватандустӣ, шомил нашудан ба ҳаракакатҳои номатлуб, дустӣ, ватанпарастӣ тарбия намоем ва ба ин омилҳои пайдошудаистода роҳ надиҳем.

             Пешгири кардани ҷиноят нисбат ба ошкор намудан ва ба ҷавобгарӣ кашидан манфиатнок ва сари вақтӣ мебошад. Дар амал пешгирӣ кардани ҷиноятҳои террористӣ,экстремистӣ хело мураккаб буда сабабҳо ангезиши онҳо омилҳои гуногун мешаванд.

Экстремизм – аз калимаи франсузии “extremisme” валотинии «extremus» гирифта шуда, маънои аслиаш ифротгароӣ, тундравӣ, фикру андешаҳо ва амалҳои тундравона, якравона, аз ҳад гузаштан, аз андоза гузашатан буда, экстремист – шахсиятест, ки дар фаъолияти худ ҷонибдори амалҳои тундравию якравӣ аст. Экстемизм (тундравӣ аз андоза гузаштан) шахсро ба сӯи содир намудани ҷиноятҳои марбут ба терроризм мебарад. Аз ҳамин рӯ ба мо омӯзгорон лозим аст ки корҳои тарбиявӣ ва сиёсиро сӯи ҷавонон ҷоннок намоем ва аз ояндаи онҳо бетараф нанабошем. Ҷавонон ин ояндаи моро месозанд ва тарзе тарбия намоем ки моҳияти лавлати соҳибихтиёрро дарк намоянд ва барои саросар шукуфон шудани кишвари худ саҳмҳоои босазо гузоранд.

Дадобоев Абдуназар Иномович омӯзгори калони кафедраи Сохтмон