Бо мақсади пешгирӣ намудани ҷинояткорӣ ва ҳодисаҳои номатлуб байни ҷавонон, ҷалби онҳо ба гурӯҳҳои ифротгароии экстримистиву террористӣ дар толори донишкада вохӯрӣ таҳти унвони “Пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гуруҳҳои террористиву экстремистӣ” баргузор гардид. Дар мулоқоти мазкур Раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар, муовини раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Шарифзода А., намояндаи Кумитаи занон ва оилаи вилояти Суғд Умаршоева, муовини директор оид ба тарбия Довудов Гулшан  ва устоди кафедраи забони давлатӣ ва ҷомеашиносӣ Темирова Хайриниссо ширкат доштанд. Зимни вохӯрӣ зикр гардид, ки имрӯз ҷавонон бояд фирефтаи найранги дигарон нагардида, аз пайи донишандӯзӣ ва ҳамқадами технологияҳои муосири манфиатовар гарданд.

Бисёре аз ҷавонон аз нодониву гумроҳӣ ба доми гурӯҳҳои гуногуни хислати ифротгароӣ дошта ҳамроҳ шудаанд. Бинобар ин зиракии сиёсиро  аз даст надода, аз чунин амалҳои бад худро дар канор гирифт. Зеро имрӯз мо дар кишвари озоду мустақил зиндагӣ дорему фардои Ватан бошад дар дасти ҷавонон аст. Баъди суханрониҳои меҳмонон саҳнаи ҷолиб аз ҷониби донишҷӯён намоиш дода шуд. Намоиши  “Фарзанди гумроҳ” бо маҳорати хосаи донишҷӯён намоиш дода шуда, хеле таъсирбахшу тарбиявӣ буд. Фарзанди  гумроҳ  аз баҳри оилаву модари бечораи ташнаи роҳи фарзанд баромада, шомили гуруҳе гашта, сахт пушаймон мегардад. Донишҷӯён ва ҳозирин саҳнаи мазкурро бо як ҳиссиёти баланд тамошо намуда, барои худ хулосаи зарурӣ бароварданд. Мулоқоти мазкур барои тарбияи ватандӯстиву хештаншиносӣ,худогоҳии  донишҷӯён мусоидат намуд.