Дар замони муосир бисёри ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои гуногун дохил мешаванд ва сабаби асосии он ин  сабаби шабакаи интернет ва доштани малакаю дониши пасти сиёсӣ мебошад.Барои пешгири кардани ҷавонон аз ин ҳодисаи номатлуб онҳоро бояд ба руҳияи худогоҳиву худшиносӣ,пешгирии хурофотпарастӣ ,таҳкими ваҳдат ва сулҳу субот дар ҷомеа тарбия гардонидан лозим аст.

Пешвои муаззами миллат борҳо таъкид менамоянд , ки давлати мо Тоҷикистон соҳибистиклол, дунявӣ, демократӣ ва ягона аст. Соҳибистиклолиятро Тоҷикистон  бо азобу машаққати зиёде ба даст оварда буд. Ҳоло бошад дар давлат оромию осудагӣ вуҷуд дорад. Бояд ҷавонони имруза ба қадру қимати сулҳу субот ва истиқлолияти давлатӣ расанд.

Имруз барои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб падару модарон бояд ба ин гуна зуҳуроти  нангин мубориза бурда ва фарзандони худро дар руҳияи худогоҳии миллӣ ва худшиносӣ тарбия намоянд. Ба қадри Модар – Ватан бирасанд ва арзишҳои миллии мардуми тоҷикро ҳифз намоянд. Боз як сабаби шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб ин дар вақти муҳоҷирати меҳнатӣ мебошад. Сабаб дар он аст, ки вақте ки ҷавонписарон ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд, онҳо аз сабаби пулу мол ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳо дохил мешаванд. Таҳсили донишҷӯён дар хориҷи кишвар зери назорати волидайн бояд бошад. Барои ҳамин бояд ки падару модарон аз шароити фарзандонашон дар хориҷа чӣ гуна будаашро бохабар бошанд, то ки онро пешгирӣ карда тавонанд. Мо аҳли ҷомеа ин зуҳуроти нангинро агар маҳкум накунем фардо теъдоди ҷавонони гумроҳ ба ин ҳизбу ҳаракатҳо зиёд хоҳад шуд.

Боз як сабаби шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаркатҳои номатлуб ин ходимони дин бояд дар корҳои тарғиботӣ аз меъёрҳои анъанавии дини ислом дуруст истифода намоянд, моҳияти исломро ки ҷонибдори инсондӯстӣ ва сулҳдӯстист ба ҷавонон дуруст фаҳмонанд.

Ҳамин тариқ,новобаста аз он, ки дар қонунгузори ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шомил шудан ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб ҷазоҳои ҷиноятӣ дар шакли маҳрум сохтан аз озодӣ муқаррар карда шудааст, шумораи содиркунандагони ҷиноят коҳиш намеёбад. Аз ин рӯ бояд ҷазоҳои ҷиноятӣ барои содир намудани ҷиноятҳои хусусияти дохил шудан ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатхои номатлуб пурзӯр карда шавад ва шахсони бо ҷурми ин ҷиноятҳо маҳрум гардида, зери назорати махсуси мақомоти иҷрои ҷазо қарор гиранд.

Имруз мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва шомилшавии ноболиғон ва ҷавонон вазифаи дастҷамъонаи тамоми мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва шахрвандони кишвар ба шумор меравад. Бетарафӣ нисбати ин падидаи номатлуб барои рушди кишвар халали ҷиддӣ ворид намуда, ба Ваҳдати миллӣ, Истиклолияти давлатӣ ва бехатарии кишвар таҳдид менамояд.

                           Саидхоҷаева Д.М., устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд