Бо назардошти муҳимияти рушди соҳаи илму маориф Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба соҳаи илму маориф аҳамияти аввалиндара медиҳанд. Ҳамасола дар ҳамаи суханрониҳо ва  паёми худ наврасон ва ҷавононро ба омузиши илмҳои дақиқ, табиатшиносӣ, риёзӣ ва забонҳои хориҷӣ роҳнамоӣ менамоянд. Чуноне ки дар Паёми навбатии хеш  қайд намуданд:  «Рушди илму маориф калиди пешрафти ҳамаи соҳаҳо ва омили муҳимтарини таъмин намудани ояндаи босуботи давлат ва фардои босаодати ҷомеа ба ҳисоб меравад»

Дар ин асно ба Ҳукумати мамлакат, аз ҷумла вазоратҳои маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, рушди иқтисод ва савдо, молия ва Академияи миллии илмҳо аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супориш дода шуд, ки ҷиҳати маблағгузорӣ, таҳкими сармояи инсонӣ ва истифодаи самаранокии он тадбирҳои муассирро ба роҳ монанд.

Дар марҳилаи инкишофёбандаи илму техника ҳамқадами замон будан ва мутахассисони ба талаботҳои замони муосир ҷавобгӯ омода намудан омузиш ва дар амал татбиқ намудани фанҳои дақиқ хеле муҳим мебошад.  Ба  ин хотир аз ҷониби Роҳбари давлат солҳои 2020-2040-ро «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон намуданд. Ҳамчунн баҳри баланд бардоштани сатҳи дониши фанҳои дақиқ, табиатшиносӣ, риёзӣ, донишҳои техникӣ дар ҳамаи қишрҳо аҳолии ҷумҳурӣ бо ташаббуси пешвои муаззами миллат тайи се соли охир озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, «Илм-фурӯғи маърифат», “Тоҷикистон Ватани азизи ман” “Тоҷикон оинаи таърихи миллат”   аз руи 7 наминатсия баргузор карда шуда истодааст.

Қобили зикр аст, ки дар даврони истиқлолияти миллӣ таълиму тарбияи насли наврас, шароити кори омӯзгорон сол то сол беҳтар гардид. Зеро рушди ҳар як соҳаи давлат бидуни рушди соҳаи маориф, ки бештар ба фаъолияти содиқона ва пурсамари омўзгорон вобаста аст, имконнопазир аст. Аз ин рӯ, фаъолияти пурсамари омӯзгорон дар муассисаҳои таълимӣ ва макотиби олӣ, ҳамкории пайвастаи падару модарон ва омӯзгорон, инчунин иқтидори ҳукумати ҷумҳурӣ ҷиҳати баланд бардоштани сифати таълиму тарбия дар ҳама зинаҳои муассисаҳои таълимӣ ва тараққиёти ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷамъият заминаи устувор мегузорад.

Ин ҳама сулҳу субот, истиқлолият ва шароити мусоиде, ки баҳри  тараққиёту инкишофи соҳаи илму маорифи Ватани маҳбубамон заминаи устувор гузошта истодааст, ки рушди илму маориф пояи мустаҳкам баҳри рушди энергетика саноатикунонии кишвар мегузарад.

Кудузова М.А, асисстенти кафедраи математикаи олӣ ва физика