Бахшида ба эълон гардидании солҳои 2019- 2021 Солҳои рушди деҳот, саёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо ташаббуси Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд дар ҳамдастии Федератсияи миллии муҳорибаи ҷанги дастӣ ва каратэи анъанавии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаҳои 10 ва 11 март дар Кохи варзишии ба номи 20 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи вилояти Суғд оид ба муҳорибаи ҷанги дастӣ байни наврасон, ҷавонон ва калонсолон доир гардид. Мусобиқа хеле тезу тунд баргузор гардид.

Боиси сарфарозист, ки донишҷӯи курси 2, ихтисоси 74.02.06 тб Раҳматов Иқбол дар ин мусобиқаи бонуфуз ширкати фаъолона дошта миёни 16 нафар довталабони вазни 80 килограмм мақоми дуюмро касб кард. Ӯ муваффақиятҳояшро аз пайваста машқу тамрин намудан таҳти роҳбарии мураббии худ Махкамҷон Орипов медонад. Ҳамзамон зикр дошт, ки шароити хуби варзишии донишкада имкон дод, ки дар чунин мусобиқаҳо пирӯз гардад. Мо аз чунин варзишгарони худ ифтихор намуда, умед бар он мебандем, ки минбаъд низ шараф ва обрӯи донишкадаро дар арсаи ҷумҳурӣ ва байналмилалӣ боло мебардоранд.

Ғолибият муборак!