Оила яке аз ячейкаҳои аввалини давлат ва ҷомеа мебошад. Агар оилаҳо солим бошад ҷомеа ҳам солим аст.  Сабаби тез парокандашавии оилаҳо дар чӣ бошад?  Якдигарфаҳмии нокомилии байни ҳамсарон. Маъқул нафаромадани суханҳои гуфта шуда  байни якдигар ва ғайра.

Аз ҳама кори муҳимӣ хушбахтшавӣ ин бахшиш ва ва узрхоҳӣ мебошад. Бахшиш ё узрхоҳӣ намуда пеш аз ҳама пеши алоби тавсонӣ ҳама дарбар гирандаро гирифтанамон мкмкин. Яке кори ноҷоеро иҷро карда узр напурсад, ба тарафи дигар бад таъсир намуда, алангаи моҷароро барои баланд бардоштан сабаб мешавад. Дар ин ҳол узр пурсидан корӣ ақлона ва савоб мебошад. Савоб барои пеши моҷароро гирифтан кӯмак ва мусоидат намуда оромиву осудагиро дар хонадон буньёд сохтан мусоидат менамояд. Инсон дар сари ҳар муаммо воқеъ гардида барои савоб гирифтан амал ва сухан мегӯяд. Савоб ин чизест, ки маҳз онро дар натиҷаи амал кардан ё суханӣ нек гуфтан ба даст оварда мешавад. Талаботҳои оила ва оидадориро барои хубтару беҳтар ҷорӣ намудан кӯшиш намуда, мустаҳакамии оиларо барои пойдор гардонидан замина мегузорем. Рафтори муносиб, сухани баркашкарда, суханӣ ба ҷо, дар мавқеъи зарурӣ гуфта шуда пайвандгари унсгирӣ мегардад. Рафтор ва сухан, муносибати ҳалим бо калонсолон, гуфтори маслиҳатомез бо хурду калон, асос ва нуқтагузоранда ба моҷарову нофаҳмиҳо  мебошад. Набаромадан аз вазъ ҳангоми пайдошавии муаммоҳо низ, яке аз роҳи нигоҳдории оромиву осудагӣ дар хонадон мебошад.

Гуфтани калимаҳои шӯрангез, кинояомез боиси харобшавии вазъи хонадон гашта манбаи моҷаро гаштанаш мумкин аст. Истифодаи ин қабил суханҳо набояд дар лексиконӣ хонадон истифода бурда шавад. Бештар гузар кардан аз тарафи калонсолон дида шавад. Гузар кардан роҳи беҳтаринӣ тарбия ба ҳисоб меравад. Дар урфият мегӯянд: «Адаб аз беадаб омӯз». Ибрати шахсии калонсолон ба гуфтаи дар боло оварда шуда хело хуб мувофиқат менамояд.

Дар бисьёр мавридҳо ҷавонон ба тарзи гирифту монӣ соҳибхоназан, назар карда бе таъкид ва гуфти ӯ ба рафторашон назар карда амалҳои дар хонадон пайгиршавандаро барои иҷро кардан кӯшиш кардан лозим  аст, ки ритми хонадон аз қолаб намебарояд ва бе тағъир рафтан мегирад. Ақли инсонӣ ана ҳамин анализ синтгз куниҳоро гузаронида барои муайян намуданӣ миёнҷои тиллоии, ҷобаҷогузорииҳои   ашёҳо, лавозимотҳои декоративӣ, гулҳо ва гайраро муайян карда тавонад. Соҳибхонаи ҳақиқӣ шахсест, ки ба ӯ ҳаммаи лавозимоту ашёҳои хона гӯё муте бошад. Амри калонсолҳо дар бисьёр мавридҳо бояд ба эътибор гирифта шавад ва аввлин дараҷа иҷро карда шавад. Ин боиси барқароршавии фазои муътадил дар оила мегардад. Ба ҳаммаи ин бояд шахси нав ба оила ворид шуда эътибор диҳад ва бо оҳистагӣ вазъи оиларо омӯзад ва ба он ворид шавад. Ҳамин тариқ воридшавӣ ҳам ба вазъи хонадон низ мактаби мураккабе мебошад, ки онро на ҳамма ҷавонон бо осонӣ паси сар менамоянд ва ақл онҳоро ҳамроҳӣ менамоянд.Вақте, ки ҳаммаи ин мушкилиҳо паси сар менаванд дар он лаҳза гуфтаи ҳақ: «Зани хушсифати солиҳаи порсо, кунад марди дарвешро подшоҳ» амалӣ мешавад ва зиндагӣ хушу хурсандона мегузарад.

Зиндагии хуррам натиҷаи ягдигарфаҳмии ҳамсарон мебошанд. Бесабаб нагуфтаанд: «Зан шарики зиндагӣ ва ёри дармондагист»! Бунёдкунандаи ин гуфтаҳои ҷовидона, муттаҳиди дар оила мебошад.

Файзулло Ҷалилов, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд