То дирӯз барои кишварҳои пасошӯравӣ Ҷумҳурии Исломии Эрон ба ҳайси дӯст ва шарики стратегӣ ҳисоб мешуд. Зеро ин кишвар яке аз аввалин давлатҳоест, ки мустақилияти аксари  ҷумҳуриҳоро эътироф карда, робитаҳои дипломатиро барқарор намуд. Махсусан равобити ҳасанаи Ҷумҳурии Исломии Эрон бо кишварҳои Осиёи Миёна қавитар шуда, доду гирифти молу коло, равобити фарҳангӣ дар сатҳи баланд роҳандозӣ гардид. Зеро пас аз ҷанги чандинсолаи Эрон бо Ироқ, муносибати хуб надоштан бо мамлакатҳои арабӣ як навъ давлати Эронро дар вартаи танг гузошта буд. Имрӯз Эрон дар симои Русияи абарқудрат ҳомӣ ва пуштибони худро мебинад. Зеро аён аст, ки ҳар кадомин давлате, ки бо Амрико душман аст, дӯсти Русия аст. Ин сиёсат дар Амрико низ роиҷ аст. Ва ин давлати абарқудрат низ бо мамлакатҳое, ки бо  Русия душман аст, дӯстигарӣ меварзад. Дар мисоли Ҷумҳурии Украина, ки имрӯз  дар муқобили Русия истодагарӣ мекунад. Умуман чун 50 соли пешин ҷаҳон  ба ду қисмат – лагери Амрикоӣ ва лагери Русия қисмат шудааст.

Тарафдорони Амрико, ки қисмати бузури Аврупоро низ фаро гирифтаанд, кулан аз сиёсати роҳандозишудаи Русия норозиянд. Аммо чанд давлатҳои пурнуфуз аз қабили Чин, Ҳиндустон, Туркия, кишварҳои Осиёи Миёна, якчанд давлатҳои Амрикои лотинӣ дар симои сиёсати кремелӣ пуштибони худро ёфтаанд.

Тоҷикистон чун давлати навроҳ дар саргаҳи соҳибистиқлолии худ аз он сарфарозӣ мекард, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Тоҷикистон диду назари хосса дошт. Охир мо чи тавр ифтихор накунем, ки забони якдигарро ба хубӣ медонистем. Таъриху фарҳанги муштарак доштем. Ва ин наздикиҳо имкон доданд, ки тарҳои бузург дар Тоҷикистон ба сурати умум роҳандозӣ шаванд. Фавҷи шаҳрвандони эронӣ аз Тоҷикистон дидан мекарданду мо низ беибо ба Эрон сафар мекардем. Касе гумон надошт, ки пушти ин ҳама «хуб»- ҳо мақсади дигаре ниҳон аст.

Мо сад дар сад изҳороти давлати Амрикоро дар мавриди пуштибонии Эрон аз ҳаракату равияҳои террористӣ афсона мехондем, агар онро дар пӯсти нохуни худ эҳсос намекардем. Гузашти айём исбот намуд, ки Эрон на ба хотири таҳкими дӯстӣ бо Тоҷикистон робитаашро густариш бахшид, балки мехост кишвари моро ҷангзада намуда, бо баҳонаи ҷанг ғаниматҳои онро берун барораду мардумро гумроҳ созад. Онҳо хеле «маккорона » ва «боадабона» ин корро дар тӯли беш аз 20 – сол идома доданд. Фиристодаҳои онҳо дар симои фаъолони наҳзатӣ аввалан миёни омма маҳбубият пайдо карданд. Он нафароне, ки аз таърих ва фарҳанги бою ғании кишвар огаҳӣ доштанду аз кӯчаи  одаму одамшиносӣ гузаштанд ва муҳимтар аз ҳама тӯдакаш буданд, бо дасти аҳримансифатон ҷисман аз байн бардошта шуданд. Касе дар гӯшаи хаёл ҳам надошт, ки маблағгузори асосии ҲНИ, ки тору пудаш аз бадбинии ин миллат сиришта буд, маҳз эрониён буданд. Он миллионҳо долларе, ки хоҷагони эронӣ ба Нуриву Кабирӣ фиристода мешуданд, танҳо ба хотире буд, ки рӯзи ин миллат сиёҳ бошад. Ақидаву хурофотпарастии ин нафарон ба ҳадде дар зеҳни мардум таъсир кард, ки ҳар касе мусулмонии худро ба аъзогии ҲНИ исбот менамуд.  

Шикасти тилисми онҳо ҳанӯз дар солҳои навадум пас аз интихоби Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз шуд. Дертар сулҳи деринтизор умедҳои онҳоро барбод дод. Аммо хоҷагони наҳзатӣ чун торҳои анкабут бар ҳар кошонаи мо роҳ ёфтанд. «Пешравону муъбадон»-и онҳо дар симои Кабирӣ бо «хушгӯ»-и ҳои  дилҳои ҷавононро тасхир сохт. Онҳо хостанд аз дарун ин миллатро забун созанд. Мубаллиғони ҳизб дар масҷидҳо, ҳатто дар ҷанозаҳо мавизахонӣ намуда, мардумро ба «исломдӯстиву»тифоқӣ даъват мекарданд. Дар ин миён чандин ҷавонони таҳти сеҳру ҷоду монда дар мисоли Илҳому Шарофиддин, Сайидюнусу дигар «сарсупурда»-ҳо рӯи сиёсат омаданд, ки имрӯз мехоҳанд бо даъватҳои беасосу дӯруғгӯиҳои хоҷаи худ Муҳиддин Кабирӣ дар зеҳну тафаккури мардуми тоҷик роҳ ёбанд. Аммо ҳар чи қадаре, ки онҳо манфиати ҳизби худу хоҷагони худро ҳимоя кунанд, ҳамон қадар аз ҷониби сокинони кишвар ҷавоби радро мешунаванд.

Эроне, ки бо ин бузургиву ҳашмат, чун меросбари бузурги фарҳанги ҷаҳонӣ маҳсуб мешавад, дар дасти исломпарастони худ бозичае беш нест. Имрӯз ин кишвар сабабгори бисёр бадбахтиҳост, ки худи миллати сарбаланди Эрон онро тамоман тарафдорӣ намекунанд.

Мо бояд ҳушёр бошем, дӯст кист, душман кистро донем, дарк кунем ва барои ҳифзу амнияти миллати хеш кӯшиш намоем.     

Нусратхон Ахмедова, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд