Ҳар як шахси бузургу тавонро, ки мутолиаи  китоб  ба дараҷаҳои баландтарини илму маърифат расонидааст.

       Бедарак гузаштагони мо ва ҳамаи модарони  бомаърифати замона дар вақти  ба гаҳвора хобонидани фарзандонашон бо зери таксарии навтаваллудшудагон китоби муқадастарини мусулмонони ҷаҳонро гузошта таманои онро доранд, ки фарзандашон   одами бузургтарин, худотарсу қавирода, нотарсу далер ва китобхон шавад, ба ҷамъият лозиму фоидаовар гардад, гуфта доо намекунанд. Ҳақ ба ҷониби онҳост, ки модарон бо сад  фикру андешаҳо хоҳони онанд, ки  фарзандашон аз хурди меҳри китобхони дар қалбашон таҷассум гардад.

       Агар ба кудакон назар андозем, дар онҳо чунин навҳои истеъдод, ки ба кудакон азалист ҳувайдо мегардад. Ин ҳам бошад, рағбат ба сурудхонӣ, расмкашӣ, рақсу бозӣ, гӯш андохтан ба ҳикоя ва афсонаҳо. Чӣ тавре айён аст ин истеъдодҳои  дар боло нишондода шуда бе хондани китоб ва қироати модарону падарон амалӣ шуда наметавонад. Яъне,  фарзандон хондани  ва дустдории китобро аз  падару модарон меомӯзанд, падару модарон дар ҳама кору рафтор ва гуфторашон ба фарзандонашон  намунаи ибрат мегарданд.

         Хондани суруд, шерҳои беҳтарину пурмазмуну дилчасп бе мутолиаи китобҳои пурмазмун мақсади  бачагон амалӣ гашта наметавонад. Барои  далерию шуҷои ватан гаштан албатта китоб ва нақшҳои қаҳрамнони он ба бачагон таъсири ибратбахш гашта  худашонро ҳамчун он қаҳрамонои шуҷои ватан ва накукориро хонда аз он сабақҳои ҳаёти гирифта худашонро ба он нақшҳои қаҳрамонони мусбати  асари мутолиа шуда мепиндоранд. Нисбат ба қаҳрамонони  манфии асар нафратовар гашта, дар ҳаёташон ингуна камбудиҳои нафратангезро  аз вуҷуди худ дурмегардонанд. Бо ин китоб ҳамчун тарбиягари хонандагонаш  мегардад.

        Барои расмкашӣ бошад, китобҳои  расмдор ва албомҳои расмкаши қаламҳои ранга  ва барои завноқ кардани бачаҳо  суханҳо ва баҳои мусбати  падару модарон ва мурабиҳои боғчаҳои  бачагона барои  ояндаи бачагон хело таъсирбахш мешаванд.

        Барои иҷрои рақс  интихоби мақом ва таъсири  мутолиаи китобҳо, ки қаҳрамонони он бо воситаи рақс диқати бинандагонро ба худ ҷалб намуда, ба онҳо  ҳаловат бахшидаанд ва гӯш кардани мақомҳо дар бачагон нисбат ба суруду рақс шавқманд гашта, муҳаббаташон  ба он  бештар мегардад.

       Аз ин лиҳоз барои амалӣ гаштани мақсади модарон ва падарони мушфиқ  вобаста ба мароми пешгирифтаи фарзандонашон  синусолашонро ба инобат гирифта  бо китобҳо, албомҳо ва дигар таҷҳизотҳои зарурӣ таъмин намуда, барои шавқманд кардани онҳо замина гузоранд.

        Хусусан падару модарон, мурабиёни боғчаҳои бачагона ва устодони  муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ  амалҳои китобдӯстӣ ва меҳри  хондани китобро дар вуҷуди  фарзандон ва хонандагон мустаҳкам ҷой намоянд.

        Хуб мешуд,ки  барои хонандагони мактабҳои ибтидои  барои ҷалб кардани  диқати онҳо дар як ҳафта  як рӯзи ё соати  мутолиаи китобҳои хонда шуда гузаронанд. Ин замина мегузорад, ки иштироки хонандагони болаёқати зиёди  мактаб ба озмуни “Фуруғи субҳи доноӣ  кито баст” тайёр гарданд.  Яке аз омилҳои  китобдӯст гардонидани фарзандон мутолиаи китобҳо дар назди фарзандон мебошад.  Бояд  падару  модарон аз давраҳои хурдсолӣ ба китобхонӣ ва китобдӯстии фарзандонашон  эътибори ҷиддӣ диҳанд. Зеро гузаштагонамон китобро “чароғи   раҳнамо”, “Аниси кунҷи танҳои”, фӯруғи субҳи доноӣ” номиданд.

 Анвариддин Муҳиддинов, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд