Илму маориф  асоси тараққиёти давлату миллат мебошад, ки дуруст ба нақша гирифта, ба амал тадбиқ намудан дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот дар самтҳои омода мутахассисони ҷавон ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ нақши муассир мебозад.

Бо назардошти муҳимияти рушди соҳаи илму маориф Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба соҳаи илму маориф аҳамияти аввалиндара медиҳанд. Ҳамасола дар ҳамаи суханрониҳо ва  паёми худ наврасон ва ҷавононро ба омузиши илмҳои дақиқ, табиатшиносӣ, риёзӣ ва забонҳои хориҷӣ роҳнамоӣ менамоянд. Чуноне ки дар Паёми навбатии хеш  қайд намуданд:  «Рушди илму маориф калиди пешрафти ҳамаи соҳаҳо ва омили муҳимтарини таъмин намудани ояндаи босуботи давлат ва фардои босаодати ҷомеа ба ҳисоб меравад»

Дар ин асно ба Ҳукумати мамлакат, аз ҷумла вазоратҳои маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, рушди иқтисод ва савдо, молия ва Академияи миллии илмҳо аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супориш дода шуд, ки ҷиҳати маблағгузорӣ, таҳкими сармояи инсонӣ ва истифодаи самаранокии он тадбирҳои муассирро ба роҳ монанд.

Дар давраи ҳозираи босуръати баланд инкишофёбандаи илму техника баҳри ҳамқадами замон будан ва мутахассисони ба талаботҳои замони муосир ҷавобгӯ омода намудан омузиш ва дар амал тадбиқ намудани фанҳо дақиқ хеле муҳим мебошад.  Дар ин васила аз ҷониби Асосгузори ссулҳу ваҳдати миллӣ соли 2020-2040-ро «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон намуданд. Баҳри  ба амал тадбиқ намудани «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» дар солҳои 2020-2040 баҳри баланд бардоштани сатҳи дониши фанҳои дақиқ, табиатшиносӣ, риёзӣ, донишҳои техникӣ дар ҳамаи қишрҳо аҳолии Ҷумҳурӣ, тайи се соли охир озмуни Ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат»   аз руи 7 наминатсия баргузор карда шуда истодааст.

Илова бар ин, бо ибтикори бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» бо мақсади ташвиқи тамоми шаҳрвандон ба омӯзиши китобхонӣ доир карда шуда истодааст.

Қобили зикр аст, ки дар даврони истиқлолияти миллӣ таълиму тарбияи насли наврас, шароити кори омӯзгорон сол то сол беҳтар гардид. Зеро рушди ҳар як соҳаи давлат бидуни рушди соҳаи маориф, ки бештар ба фаъолияти содиќона ва пурсамари омўзгорон вобаста аст, имконнопазир аст. Аз ин рӯ, фаъолияти пурсамари омӯзгорон дар муассисаҳои таълимӣ ва макотиби олӣ, ҳамкории пайвастаи падару модарон ва омӯзгорон, инчунин иқтидори ҳукумати ҷумҳурӣ ҷиҳати баланд бардоштани сифати таълиму тарбия дар ҳама зинаҳои муассисаҳои таълимӣ ва тараққиёти ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷамъият заминаи устувор мегузорад.

Ин ҳама сулҳу субот, истиқлолият ва шароити мусоиде, ки баҳри  тараққиёту инкишофи соҳаи илму маорифи Ватани маҳбубамон заминаи устувор гузошта истодааст, ки рушди илму маориф пояи мустаҳкам баҳри рушди энергетика саноатикунонии кишвар мегузарад.

Кудузова М.А., устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд