9 май дар тақвим танҳо як рӯз нест. Ин рӯз пур аз ифтихор аз корнамоиҳои халқи мо, андӯҳ барои мурдагон ва миннатдории беандоза ба ҳар касе, ки озодии моро муҳофизат кардаанд мбошад.

Дар ин рӯз мо он рӯйдодҳои даҳшатнокеро ба ёд меорем, ки боиси марги миллионҳо одамон гардиданд. Дар бораи онҳое, ки аз фронт барнагаштаанд, онҳое, ки барои осмони осоиштаи болои сари мо ҷони худро нисор кардаанд.

Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар таърихи халқи иттиҳодияи шуравӣ ва рус иди бузург ва муқаддас мебошад. Ҳамасола 9 май ҷашн гирифта мешавад. Соли 2024 расо 79 сол мешавад, ки Артиши Сурх ба Германияи фашистӣ пирӯзии комилро ба даст овард. 9 май соли 1945 Армиям Сурх дар Берлин ворид гашта, амалиёти хуҷуми ғалабаовар 2 май ба охир расид ва баъди як ҳафта санад дар бораи таслими бечунучарои Германия имзо карда шуд. Дар вақти Маскав ин тақрибан як соат пас аз нисфи шаби 9 май аст. Ҷолиб он аст, ки Санади таслими бечунучарои Олмон бори аввал 7 май соати 02:41 ба вақти Аврупои Марказӣ дар Реймси Фаронса ба имзо расидааст. Созишнома дар байни намояндагони ҳайати фармондиҳии олии Вермахт, иттифокчиёни ғарбӣ ва СССР баста шуд, аммо бо хоҳиши Сталин, шаби 8 ва 9 май дар Карлшорсти Берлин дуввумин имзои таслимшавӣ сурат гирифтааст.

Баъди фармони Президиуми шурои Олии СССР аз 8 май соли 1945 Рӯзи Ғалаба мақоми ҷашни расмӣ гирифт. Ва диктори машҳур Юрий Левитан худи ҳамон шаб шаҳрвандони советиро аз ғалабаи деринтизорашон огоҳ намудаст.

9 май соли 1945 ба рузи хурсандӣ ва ҷашни умумихалкӣ табдил ёфт. Мардуми хурду калон ба кучаҳои шаҳрҳои худ баромада, анҷоми ҷангро қайд мекарданд. Дар саросари Иттиҳоди Шӯравӣ тантанаҳои идона баргузор шуда, бегоҳӣ раиси Шӯрои Комиссарони халқ Иосиф Сталин ба ҳамватанони худ муроҷиат кард. Суханронии тантанавӣ бо оташбозиҳои рангоранг анҷом ёфт.

Ҷанг дар ҳар як оила осори амиқ гузошт. Ягон оилае нест, ки ба он таъсир нарасонида бошад, ба ҳама: бачагон, занон, пирон таъсир расонд. Аммо халқи мо аз зери зулми фашистон зинда монд.

Ҳар сол 9 май дар саросари кишварҳои собиқ шуравӣ ҷашн гирифта мешавад, ки аз он ҷумла мардуми шарафманди тоҷики мо, ин идро ҳамчун рамзи мардонагӣ ва садоқат ба ватан ҷашн мегиранд. Дар ин рӯз собиқадорони меҳнат ва иштирокчиёни ҷанг қадрдонӣ карда мешаванд. Қаҳрамонони ҷанг каҳрамононе ҳастанд, ки ба ивази ҷони худ ба мо сулҳу осоиш бахшиданд. Мо вазифадорем, ки хотираи онҳоро ҳифз кунем ва ин хотираро аз насл ба насл гузорем.

Рӯзи Ғалаба ба мо дастур медиҳад, ки сулҳу оромию осоиштагии мамлакатамонро қадр кунем ва рӯзест, ки 15 кишвари мустақили аъзи собиқ шуравӣ ба ҳам меоянд ва дасти ҳамдигар мефишоранд, то осоишу оромӣ дар ҷаҳон ҳукмфармо бошад.

Дар ин рӯз роҳпаймоии сарбозон бо техникаҳои ҷангӣ дар майдони сурхи шаҳри Москва ба намоиш гузошта мешавад, ки дар ин раҳпаймоӣ ҳар сол президенти мамлакати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳарсол иштирок менамоянд, ки ин нишонаи пос доштани хотираи ҳалокшудагони Ҷанги Бузургӣ Ватанӣ мебошад.

Ҷавони имрӯзаро мебояд, ки бо ифтихор ва шарафмандӣ ба ватани худ содиқ монад, мисли бобоёнамон, ки дар ин ҷанги хонумонсӯз содиқона ҳалок гаштанд, намунаи ибрат бошад ва ба қувваҳои муссаллаҳи кишвар пайваста, адои хизмат намояд ва кишвари азизамонро аз газанди душман ҳимоят кунад, то ки аҳли хонаводаи ӯ ва шаҳрвандон орому осуда зиндагӣ басар баранд.

 

Дабир Мирзоев, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд