Солҳои наврасии мо ба замоне рост омада буд, ки вазъи сиёсии  кишвар хеле ногувор буд. Аз нақли волидон огоҳ гардидем, ки  бинобар нофаҳмиҳо дар кишвар ҷанги шаҳрвандӣ ба вуқӯъ пайвастааст.  Бо вуҷуди хурд будан эҳсоси тарс ва  изтироб моро фаро гирифта буд. Дар хона калонсолон танҳо тинҷиву оромии кишварро аз Худованд талаб мекарданд. Бо вуҷуди чунин вазъ омӯзгорон бе гирифтани маоши вазифавӣ дарс медоданду хонандагонро дар руҳияи ватандӯстӣ тарбия менамуданд. Ҳамаи ҷавонон баробари  хатми мактаб ба хизмати ҳарбӣ бо хоҳиши худашон мерафтанд. Ягон ҷавонеро нашунида будем, ки аз хизмати ҳарбӣ гурехта бошад. Мардум ҳама аҳлу тифоқ буданд. Ба хонаи ҳамдигар тез-тез рафтуомад мекарданд. Зиндагии ҳама як хел буд. Дар байни онҳо бою камбағал вуҷуд надошт. Омӯзгорон  мактабро тарк намекарданд. Боре ҳам нашунида будем, ки касе аз гуруснагӣ мурда бошад. Ҳама ба зиндагии хоксоронаи худ шукр мекарданд...

Хушбахтона, ба сари миллати мо фарзонамардеро Худованд ато намуд, ки миллати парешонгаштаистодаро сарҷамъ намуда, фазои сулҳу субот ва оромиро пойдор кард. Оҳиста-оҳиста вазъи иҷтимоии мардум беҳтар гардида, камбағалӣ аз байн рафт. Агар ҳоло ба сатҳи зиндагии мардум нигарем, нисбати солҳои 1992-1997 хеле боло рафтааст. Аммо чизи дигаре, ки Ҳукумати Тоҷикистон, тамоми соҳаи маориф, мо-омӯзгоронро ба ташвиш оварда истодааст, ин саркашии баъзе ҷавонон аз хизмати ҳарбӣ, шомил шудан ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳо ва аз сабаби гумроҳӣ ба ҳар гуна корҳои паст даст задани наврасону  ҷавонон ва миёнасолон мебошад. Ин ҷо саволе ба миён меояд, ки чаро онҳо зодгоҳу ватанеро,ки дар он ҷо ба воя расидаву аз обу ҳавои он  нафас кашида, соҳиби хату савод гаштаанд, тарк намуда, зиндагии мусофириро ихтиёр намудаанд? Онҳоро чӣ маҷбур карда истодааст? Чаро ба манфиати дигар давлатҳо кору фаъолият мебаранд? Ин гуна саволҳо хеле зиёданд. Оё ин гуна шахсиятҳое, ки барои Ватани худ хизмат намекунанд, фарзандони худро чӣ тавр тарбия мекунанд? Чӣ тавр меҳри Ватанро ба қалби фарзандони худ ҷой мекунанд? Оё онҳо нангу номуси миллӣ, ҳисси мардонагӣ доранд? Ҷавонмарди асил бояд пеш аз он, ки ба коре оғоз кунад, қарзи мардонагии худро дар назди Ватан иҷро намояд, то ки барои фарзандони худ намунаи ибрат бошад. Меҳри зодгоҳу ватанро дар қалби фарзандони худ ҷой намояд.

Падару модарон ва омӯзгоронро зарур аст, ки ҳамкориро байни ҳамдигар зич намуда, баҳри  баланд бардоштани сатҳи саводнокии насли наврас, дар руҳияи инсондӯстӣ, меҳнатдӯстӣ, адобу ахлоқи ҳамидаи инсонӣ, эҳтиром гузоштан нисбати забону миллати худ тарбия намуда, таъкид намоянд, ки чашмгуруснагӣ, ҳасудхӯрӣ, худбинӣ, ҷоҳталабӣ, фитнаҷӯйӣ, кинаварзӣ ва бесабриву бесаводӣ оқибати хуб надорад. Дар хонаву муассиса мақоми тарбия бояд аввалиндараҷа бошад, зеро шахси бетарбия ҳеҷ гоҳ соҳиби саводи баланд шуда наметавонад.

Ҷавононро мебояд, ки ба қадри ин неъмати бебаҳо, ки ба осонӣ ба даст наомадааст, бирасанд. Нагузоранд, ки ба хоки поки кишвари азизамон нохалафе пой гузораду оромии кишварро халалдор кунад. Ҳеҷ чиз ба тинҷиву оромӣ ва хотири ҷамъ баробар шуда наметавонад.

Тоҳирҷон Тоҳиров, устоди ДПДДТ дар шаҳри Хуҷанд