Филми мустанади «Решаҳои ноайён», ки дар шабакаҳои телевизионии кишвар пахш гардид, бори дигар воқеияти ҳолро дар мавриди шинохти ҳизби экстремистиву террористии наҳзати ислом ва ҳадафҳои  ниҳоии онҳоро ба аҳли соҳибназари кишвар нишон дод. Филм дар бораи амалҳои хиёнаткоронаи саркардаҳои ҷанги шаҳрвандӣ аъзоёни Ҳизби наҳзати ислом ба монанди Саидабдуллоҳи Нурӣ, Муҳаммадшариф Ҳимматзода, Саид Қиёмиддини Ғозӣ, Муҳиддин Кабирӣ ва даҳҳои дигар нақл мекунад. Ин нафарон бо истифода аз эҳсости динии мардум, дар шароити ҳассоси сиёсӣ, оғози солҳои навадум, вақте кишварамон марҳилаи нави давлатдории худро оғоз бахшида буд, бо амри хоҷагони берунии худ мехостанд, кишвареро бунёд кунанд, ки соф фундаменталӣ аст. Саид Қиёмиддин Ғозӣ аз нафароне буд, ки дар майдони «Шаҳидон» мардумро ба шӯру валвала ҳидоят мекард. Ӯро чун «Эшони Қиёмиддин», «Генерали мардумӣ» мешинохтанд. Бо гузашти 27 соли ин ҷанги бародаркуш маҳз ҳамин нафари фидоии роҳи «ислом» иқрор шудааст, ки дар ҷанги бародаркуш, талаву тороҷи моликияти давлат ва ҳалқ, гурезагони иҷборӣ, гаравидан ба дигар мазҳаб маҳз ҲНИ даст дорад. Маҳз даъвати оммавӣ дар майдони «Шаҳидон» бар зидди давлат оғози бенизомиҳо дар кишвар гардид. То ба кунун мардуми соҳибназари кишвар гумон доштанд, ки дар ҷангу хунрезӣ танҳо нафарони худхоҳу ҷаҳолатпеша даст доранд, аммо далелу рақамҳо, бозпурсии нафарони боздоштшуда исбот намуд, ки дар ин «амали хайр» ҷониби кишвари Эрон даст доранд.Ҷудо намудани маблағҳои калон, омодасозии ҷавонон дар лагерҳои махсус дар кишварҳои Афғонистон ва Эрон кори дасти хоҷагони Эронӣ будааст. Онҳо ҲНИ –ро як шохаи ҳизби хеш «Ҳизубуллоҳ» медонистанд. Мувофики нақшаҳои дубораи онҳо мебоист соли 2015 дар кишвар табадуллоти давлатӣ баргузор шавад. Бо ин мақсад Кабирӣ ва дигар нафарони носипос барномаи махсусеро рӯи даст гирифта буданд. Онҳо аввал пойтахт ва баъдан дигар минтақаҳои кишварро ба коми оташу гумроҳӣ бубаранд. Аммо тирашон хок хӯрд. 

Ин нафарони кӯрдили сияҳтинат ба хотири молу манол, давлату савлат солхои сол бо вуҷуди гузашт кардани ҳукумати кунунӣ аз гуноҳҳояшон мехостанд, дубора воқеаҳои солҳои навадумро такрор кунанд. Танҳо азму қатъият, ҳушёриву далерӣ ва фарҳанги баланди сиёсии сокинон имкон надод, ки ин ҳизб дар ҷомеа обрӯ ва нуфуз пайдо кунад. Имрӯз роҳбарони ҲНИ хориҷ аз кишвар мехоханд бо истифода аз иродаи ҷавонон барои мустаҳкамсзии сафҳояшон кӯшиш ба харҷ диҳанд. Аз ин рӯ, онҳо чандин расонаҳои хабарии ҳангомаҷӯйро таъсис доданд ва имрӯз мехоҳанд маҳз бо ҳамин роҳ тарафдорон пайдо кунанд.

 Кабирӣ бо даъвоҳои беасос интихоботи солҳои пешинаро интихоботи сохта ва муғризона унвон карда, надоштани вакилонашро дар маҷлисҳои маҳаллӣ борҳо гӯшрас кардааст. Аммо ба андешаи мо нагузаштани вакилони ҲНИ ин аз он шаҳодат  медиҳад, ки ба ин гуна шахсон мардум эътимоду боварӣ надоранд. Дар асл наҳзатиён бо 20-30 шарҳҳое, ки дар васоити ахбори омма гуфта мешавад, гӯё тарафдорони онҳо ҳастанд, гумон мекунанд, ки дар ҷомеа аъзо ва пайравони зиёд доранд. Воқеияти ҳол он аст, ки мардум аз динбозию сиёсатбозиҳои пасипардагии онҳо хаста шудаанд ва ба ваъдаҳои «болохонадори» онҳо гӯш карданӣ ҳам нестанд.

 Зиёд олимони соҳаи динро медонам, ки шомили ин ҳизб нашудаанд. Чун ба ин шахсон савол медиҳӣ, ки чаро ба сафи ҲНИ напайвастед, онҳо дар ҷавоб мегӯянд, ки ислом ба ҳизб ва ягон қувва ниёз надорад. Мулло Абдураҳим мефармояд: “Мо фикр кардем, ки дар Тоҷикистон ҳизб месозем, мардумро ба роҳи ислом мебарем ва онҳоро аз ҳар гуна равияҳову гурӯҳҳо озод мекунем. Бо ҳамин мақсад даст ба ин кор задем. Таҷриба кардему амал кардем...”Зеро беҳтарин суханҳо, пандҳо, андарзҳо, ки роҳнамои ҷомеа аст, аз Қуръони азимушшаън аст. Давлат ба мо кафолати озодии дин, виҷдон ва суханро додааст ва ин дастоварди бузурги давлати мо маънои онро надорад, ки ҷомеаи мо дорои ҳизбҳои гуногуни радикалию тафриқаандоз бошад ва бар хилофи сарқонуну қонунҳои мавҷудаи давлат амал намояндю

Мақсади ниҳоии Шумо, бародари арҷманди “наҳзатӣ”, агар Тоҷикистони ороми рӯбаинкишоф бошад, бояд Шумо ҳамчун олим ба фарзанди фидоии миллат ба будан ё набудани ҲНИТ фикр кунанд ва ба мардум роҳеро нишон диҳед, ки бе ҳизби исломӣ ҳам эътиқоди одамӣ дошта бошанд ва дар бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ саҳмгузор бошанд.

Амиртемур Ваҳҳобов, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд