Чанде пеш бобати гуфтушунид миёни «Сайфулло Сафаров, муовини аввали раиси Маркази таҳқиқоти истротежики Раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар вокуниш ба тарҳи роҳандозии шабакаи телевизиюнии интернетӣ аз сӯи фаъоли иҷтимоӣ, Иззат Амон дар Русия, бо лаҳне хитоб ба ӯ гуфтааст: “Иззат! Изатти худ нигоҳ дор, то дар Амон бошӣ!”»

Дар ҳамин радиф бояд зикр дошт, ки ин хитоб маъное аз ягон таҳдиду таҳрик алайҳи Иззат Амон набуда, балки як тадбирест, ки Иззат Амонро аз роҳи интихобкардаи худ, ки аз хорзори наҳзатиҳо ба пояш хор халидааст, бар хоҳад гардонд. Аз ин иқдоми ногаҳонии пешгирифтаи Иззат Амон бармеояд, ки ин амалро танҳо барои он ба иҷро расониданист, ки ин дафъа он хорҳо сахттар ӯро захмдор насозад. Тавре худи Иззат Амон қайд кардааст, ӯ дар нишасти Варшава бо намояндагони ТЭТ ҲНИ ҳамдаму ҳамсӯҳбат гаштааст. Пас аз ин маълум хоҳад гашт, ки сӯҳбати ноқобилон ӯро ба доми дарди хеш кашидааст. Ин иқдоми ӯ танҳо аз фармони хоҷагони хориҷи дарак медиҳад ва дигар осоре нахоҳад буд.

Иззат Амон, «фаъол» - и иҷтимоии тоҷики муқими Русия, дар ёддоште дар ҳисоби корбарии худ дар Фейсбук, бо эъломи тасмими худ мабнӣ бар роҳандозии як шабакаи телевизионии интернетӣ дар Русия навиштааст: “Тими кории мо тасмим дорад ба наздикӣ интернет телевиденияе бо номи МИГРАНТ- ТВ ба роҳ андозад, ки 24 соат аз навигариҳои дунёи муҳоҷират хабар пахш намояд. Аз ҳамаи шумо дӯстони қандам барои шурӯъи ин иқдоми хайр як дуои нек хоҳишмандам.”

Иззат Амон дуои нек гуфта чиро интизор аст? Ростӣ, ки аз ин дуои неки даъваткардааш шакам омад. Аввал ин, ки аз суханони тақлидомези Иззат, танҳо як амали ғайриманқул ниҳон асту халос. Зеро якбора аз ин ки аз муҳоҷирони тоҷик дарак гирифтанаш худ собиткунандаи гуфтаҳои болоианд. То имрӯз дар куҷо буд? Иззат Амон бояд донӣ, ки муҳоҷирони моро дар давлати Руссия то ба дараҷае мешиносанд, ки шояд онқадар ин ба ту хос набошад.

Боре аз яке аз шабакаҳои ахборотии телевизиони Руссия барномаи судмандеро бо як руҳонии Рус, олиму матафаккири барҷаста, тамошо намудам. Бовар кунед, ифтихору сарфарозиам, аз пештара ҳазоронбор бисёр гашт. Мавсуф дар баёни хеш қабл аз ҳама изҳор дошт, ки ҳар касе фарзандони тоҷикро нодону бероҳ гуфт, ӯ худ нодон аст. Ман муҳоҷирони зиёди тоҷикро дар хонааам кор фармудаам ва ба ақлу заковати эшон то ба дараҷае қоил гаштаам. Ман бешакку шубҳа гуфта метавонам, ки манӣ олим ва мутаффаакир аз ин ҷавонон бисёр чизҳои бузургро омӯхтам. Дараҷаи инсонигарии ин муҳоҷирони тоҷик он қадар болост, ки ҳар кас ҳам набошад аз онҳо ибрат хоҳад гирифт.

Ҳамин тариқ, тоҷику Тоҷикистониёнро маҳз бо талошу заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи ҷаҳони бо ному нишони нек мешиносанду нисбати ин мардумони тоҷвар арҷгузорӣ мекунанд.

Маърифат Мавлонова,

корманди нашрияи «Мехвари дониш»-и ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд