Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони Истиқлолият фарҳанги миллӣ ва расму оинҳои мардумии тоҷикон аз нав эҳё гардид.

Дар фарҳанги суннати ниёгони мо муборизаи равшанӣ ва торикӣ ҳамчун ҷавҳари маънавӣ нақши калидӣ доранд, ки он ба ҷашни Сада низ алоқаманд мебошад. Дар доираи ташаккули ҳамин унсурҳои ба ҳам зид гузаштагони мо, аз ҷумла қавмҳои ориёӣ  рӯзи пайдоиши оташро чун ҷашни Сада ҳамасола қарор додаанд. Дар манбаъҳои таърихӣ ин ҷашн ҳамеша ба шакли дастҷамъӣ ва бо гирдҳамоии ҳамаи мардумони шаҳр, маҳалла ва русто дар як ҷо ва бо барпойи як оташи бузург баргузор мешудааст. Ҷашни Сада ба иттифоқу ҳамбастагии мардум мусоидат менамуд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳои хеш вобаста ба арзиши ин ҷашнии суннатии халқҳои ориёнажод таъкид доштанд: “Ҷашни Сада паёмовари ҷашни Наврӯзи оламафрӯз, омодагӣ ба ин ойини бузурги ориёӣ мебошад ва баъди панҷоҳ шабу панҷоҳ рӯзи он ҷашни соли нави ориёӣ – Наврӯз фаро мерасад”.

 Яке аз ҳадафҳои давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба низом даровардани масъалаҳои ҳифз ва истифодаи дурусту мақсадноки мероси таърихиву фарҳангии халқи тоҷик, тарғиби ҳамаҷонибаи арзишҳои маънавии таърихӣ ва мероси ниёгон, татбиқи асноди қонунгузории миллӣ дар соҳаи фарҳанг, рушд ва оммавигардонии намунаҳои беҳтарини мероси фарҳангии ғайримоддии халқи тоҷик, тарғиби дастовардҳои фарҳанги суннатӣ дар дохили кишвар ва ҷаҳон, ворид намудани нодиртарин ёдгориҳо ба Феҳристи мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО, азнавсозии механизмҳои ташкиливу ҳуқуқӣ, мукаммалгардонии воситаҳои бақайдгирии он, истифодаи шаклҳои гуногуни сабти унсурҳо ва объектҳои мероси фарҳангии ғайримоддӣ мебошад.

Боиси хурсандист,  ки имрӯз дар қатори ҷашнҳои Наврӯз, Меҳргон ва дигар расму оинҳои миллӣ ҷашни Сада низ дар кишварамон бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил карда мешавад.

Мароми мо устодон низ тифоқу сарҷамъии мардум баҳри пешрафти зиндагии шоиста аст.  Таманнои онро дорем, ки равшании ин ҷашни нурбор бар дили ҳар яки мо асар намуда, қалбҳоямонро мунаввар намояд.

Рухшона Аминҷонова, устоди кафедраи забонҳои ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд