Давлати Тоҷикистон худ як кишвари ҷавон аст, зеро пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ он пурра ҳам аз ҷиҳати рушд ва ҳам аз ҷиҳати маъруфият маҳз бо шарофати Асогузори сулҳу ваҳдати миллӣ -  Пешвои миллат, Президети кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар рӯз гул – гул шукуфТ. Мо шукрона аз он дорем, ки дар чунин кишвари соҳибихтиёру ободу озод зиндагӣ мекунем.

Шукрона аз он дорем, ки зодагони даврони Истиқлолият ҳастему дар шароити муҳайё ҳам дар муҳити оила ва ҳам дар таҳсилу хониш фаро гирифтаем. Ҳоло расонаи гаштани хабарҳои аксарияти кишварҳои рӯи олам, ки барои ба даст овардани сулҳу субот талош доранд, моро дубора водор месозад, ки дар чунин Ватани  озод бояд бо шукргузорӣ зиндагӣ кард. Вагарна носипосиву беадолати дар ҷавоби чунин ғамхориҳо моро ба оқибати вазнин дучор месозад.

         Асогузори сулҳу ваҳдати миллӣ -  Пешвои миллат, Президети кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи баромадҳои хеш такя ба мо, ҷавонон доранд. Мо аз ин хеле сарфарозем ва хизмат ба Ватанро қарзи муқаддаси шаҳрвандии хеш мепиндорем.  Тамоми дастуру супоришҳои давлату Ҳукумати кишваро оид ба дарси шуҷоатмандӣ ва ватандорӣ сармашқи кору пайкори худ қарор дода, барои фарзона фарзанди Ватан гаштан талош менамоем.

Ояндаи давлату миллат дар дасти имрӯзу фардоиён аст. Дарки ин асолат ва шинохти ҳуввияти миллӣ, ки бевосита дар баланд бардоштани ҳисии ватандӯстии мо ҷавонон замина мегузорад, моҳияти онро аз мактаби ватандории сарвари давлат омӯхта истодаем. Садоқат ба Ватан, ин садоқат бар шири поку сафеди Модар аст. Арҷ гузоштан ба халқу миллати тоҷдор, ин арҷгузори ба гузаштагонест, ки ба мо чунин озодиро муҳайё кардаанд. Арҷ гузоштан ба шуҷоатмандоне, ки ба хотири озодии мо ҷони хешро қурбонии майдони ҷанги бадхоҳон кардааст.

 Таърих ба мо маълум сохт, ки дар гузашта, миллати тоҷикро барои аз дасти бадбинону душманон наҷот додан чи гуна ҷонбозиҳо кардаанд гузаштагони қаҳрамони мо. Онҳо барои мо имрӯзиён дар замони нооромӣ талош карданд, то мо давлати соҳибистиқлол дошта бошем. Пас чаро мо маҳз дар замони Истиқлолияту озодӣ зиндагӣ намуда, онро барои ояндагон такмил надиҳем. Албатта чунин муносибат нисбат ба ояндагон ноҳақӣ хоҳад буд. Ба ҳамин хотир талош бояд, ки ояндагон низ моро чун тоҷики асилу ватандӯсту ватанпарвар ва дастпарвару пайравони Пешвои муаззами миллат шиносанду эътироф намоянд.

Олимов Насимҷон, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд