Дар баробари бӯҳрони шадиди молиявӣ, ки ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст, ҳамзамон вазъи сиёсӣ низ мураккаб аст. Ҳамаи мо хуб медонем, ки давлатҳои Шарқи наздик дар мисоли Сурия, Лубнон, Фаластин, Ироқ ва даҳҳои дигар чи тавр зиндагии оромона ва хушбахтона доштанд. Маҳз холӣ мондани фазои сиёсӣ, ривоҷ гирифтани ҳаркатҳои тундгароёнаи исломӣ боис шуд, ки имрӯз ин давлатҳо ноором аст. Шаҳрҳои азими онҷо ба майдони мубориза, озмоиши яроқҳои навбаромад гардида, бадбахтиаш он аст, ки ҷавонони хеле зиёде, аз ҷумла аз кишвари мо низ дар ин майдонҳо ҷон бохта истодаанд. Аз ин рӯ, ҳамаи мо вазифадорем, ки дар маҳаллаву деҳҷойҳо вазъи зиндагии ҳамсоягонро омӯзем. Донем, ки фарзандҳоямон ҳам дар муҳоҷират ва ҳам дар ин ҷо ба чӣ кор машғуланд. Зеро аксарияти ҷавононе, ки имрӯз ба сафи ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ аъзо мешаванд, аз моҳият ва мақсадҳои нопоки онҳо огоҳ нестанд. Махсусан ҷавононе, ки имрӯз дар муҳоҷирати меҳнатианд ба ваъдаҳои дуруғи таблиғгарони ифротӣ дода нашаванд ва ҳаёти худро насӯзонанд. 

Ҳамаи мо хуб медонем, ки сабабгори асосии ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон дар солҳои навадуми асри гузашта маҳз авҷ гирифтан таасуби динӣ ва роҳ додани ҷавонону наврасон ба таълимоти ғайрирасмии динӣ буд. Ислом ҳамаи моро ба роҳи дуруст одобу ахлоқи ҳамида ҳидоят мекунад. Аммо на ҳар кас мазмуну муҳтавои китоби муқаддаси ислом – “Қуръон”-ро ба мардум ба дурустӣ мефаҳмонад. Мутаассифона, мо хатоҳои солҳои навадумро боз аз нав такрор карда истодаем. Фарзандҳоямонро ба ҷои ба мактаб равона карда аз илмҳои замонавӣ огоҳ намудан ба дасти муллоҳо месупорем, ки аксаран аз кучаи диншиносӣ нагузаштаанд ва ҳар яке бо ченаки дониши худ ба онҳо сабақ меомӯзанд. Бояд гуфт, ки ҳар яке аз чунин таълимоти ғайрирасмии динӣ дар назорати Кумитаи давлатии амнияти Тоҷикистон қарор дорад. Ба ҷои чунин “ғамхориҳо” ба фарзандон хондани китобҳои бадеӣ, иштирок дар озмунҳои “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм фурӯғи маърифат” ва “Тоҷикистон Ватан азизи ман”- ро талқин намоем. Ёдовар мешавем, ки мутобиқи талаботи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ҳар амали фарзандон дар назди қонун ба худ хос ҷавобгарӣ дорад.

Ватани азизу маҳбуби мо  - Тоҷикистонро ҳамчун миллату давлати куҳанбунёду соҳибфарҳанг дар арсаи байналмиллалӣ шинохтаву эътироф намудаанд. Дар ҳамин радиф бояд тазаккур дод, ки ин ҳама обрӯву нуфузе, ки кишвари мо мақоми ҷаҳонӣ пайдо намудааст, маҳз бо талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст. Вазифаи мо он аст, ки поку бегазанд ин сарзамини аҷдодиро барои ояндагон мерос гузорем. 

         Бузургтарин хизмате, ки мо дар ин ҷода анҷом хоҳем дод, ин пеш аз ҳама дар руҳияти худшиносӣ, дӯст доштани марзу буми кишвар тарбия кардани насли наврас аст. Зеро вазъи ҷаҳони муосир, қудратталабии давлатҳои абарқудрат аз ҳар як шаҳрванди бонангу ор тақозо мекунад, ки ҳушёру зирак бошад, ватанашро сидқдилона дӯст дорад.

Фаромӯш набояд кард, ки ҳимояи Ватан барои ҳар як ҷавонмард ҳам фарз асту ҳам қарз. Маҳз адо намудани хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳар як ҷавони боору номусро ба далериву мардонагӣ ва расидан ба қадри ҳаёту зиндагӣ, волидайну пайвандон раҳнамун месозад.

Чунин муносибат, яъне таваҷҷуҳ ба насли наврас ва ҷавонон бо фароҳам овардани  Марказу маҳфилҳои ҳунаромӯзӣ, баргузории мусобиқаҳои мухталиф, ташкили ҳар гуна озмунҳо ва ҳавасмандии иштирокчиён пеши роҳи ҷиноятсодиркунӣ, гаравидан ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонуниро мегирад.

Маврид ба зикр аст, ки  ҳадафи олии давлат ва қабули барномаву стратегияҳои давлатӣ фароҳам намудани зиндагии шоиста барои аҳолии кишвар мебошад. Дар ин иртибот дар ҳолати дуруст татбиқ ёфтани стратегияву барномаҳои давлатӣ ва супоришҳои Пешвои миллат оид ба фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди сифати нерӯи инсонӣ, имконияту тавоноии мардум дар роҳи созандагиву бунёдкорӣ боз ҳам афзун мегардад. Дар чунин маврид ҳар узви ҷомеа, хосса фаъолон, вобаста ба завқу тавоноии худ дар самту соҳаи муайяни ҷомеа фаъолияти босамар намуда, барои рушди ҳаёти шахсӣ, ободии ҷомеа ва пешрафти миллату давлати хеш саҳми муносиб гузоранд ва ҷашнҳои милли кишварро бо дастовезҳои арзанда пшвоз гиранд.! 

Дадобоев Шаҳзод, устои ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд