Чуноне ки огаҳӣ доред, мову шумо ва тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон 26-уми январи соли 2021 тавассути воситаҳои ахбори умум Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид, шунидаю тамошо намуда, аз дастоварду пешравиҳои ватани азизамон воқиф ва бо ҳисси ифтихору сарбаландӣ бо дурнамои рушди кишварамон шинос шудем.

Чун ҳамеша таҳлили саҳеҳу ҳамаҷонибаи вазъи соҳаҳои иқтисодиёти мамлакат, шароити мураккаби сиёсию иқтисодии минтақа ва ҷаҳон, дарки амиқи самтҳои имконпазири рушди устувори ҷумҳуриамон боз як мисоли такмилу инкишофи сиёсати созандаю сафарбаркунанда ва талошҳои арзандаи Пешвои муаззами миллатамон дар самти беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардум ва боло бардоштани мақоми байналмилалии ҷумҳуриамон мебошад.

Пӯшида нест, ки соли сипаришуда омилҳои ба ҳамагон маълум ба иқтисодиёти кишварҳои олам, аз ҷумла Тоҷикистон низ таъсири манфӣ расонид, Новобаста ба ин дар натиҷаи амалӣ гардидани тадбирҳои таъхирнопазир аз ҷониби Ҳукумати кишвар устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ таъмин гардида, дар самти беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ тамоюлҳои мусбат нигоҳ дошта шуданд.

Муҳтавои  Паёми навбатии Президенти мамлакат тамоми масъалаҳо, аз ҷумла  саноатикунонии босуръати мамлакатро дар бар мегирад. Чун ҳарвақта Ҷаноби Олӣ ба ин масъала таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд. Ёдовар мешавем, ки бо дарназардошти аҳамияти соҳаи саноат дар ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, боз ҳам тақвият бахшидан ба дастгирии давлатии соҳибкорони ватанӣ, ки фаъолияти босамари онҳо сарчашмаи рушду шукуфоии давлату меҳан маҳсуб меёбад,  соли 2018 бо  пешниҳоди  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии кишвар дар мамлакат саноатикунонии босуръати кишвар - ҳадафи чоруми миллӣ эълон карда шуд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки саноатикунонии босуръати кишвар ҳадафи чоруми стратегӣ эълон карда шавад ва то соли 2030 ҳиссаи соҳаи саноат дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 22 фоиз расонида шавад.

Ҳадафи меҳварии ин иқдоми муҳим аз кишвари аграриву саноатӣ ба саноативу  аграрӣ табдил додан аст. Саноатикунонии иқтисоди ҷумҳурӣ омилҳои зиёди таъсир ба рушди иқтисодию иҷтимоии кишварро дорост. Дар навбати аввал он боиси фароҳам омадани ҷойҳои нави корӣ гардида,  мушкилоти бекориро коҳиш медиҳад. Инчунин,   ҳолати вобастагӣ аз маҳсулоти воридотиро аз байн мебарад, барои баланд бардоштани иқтидори содиротии мамлакат ва рақобатнокии он заминаи амиқ мегузорад. Гузашта аз ин, пояи иҷтимоии давлат аз ҳисоби коргарони саноатӣ мустаҳкамтар шуда, бо ин роҳ сафи мутахассисони баландпояи соҳаи саноат меафзояд.  Саноатикунонии босуръати мамлакат, яъне бунёди корхонаҳои саноатӣ ва инфрасохтори соҳа барои боз ҳам баланд шудани некуаҳволии шаҳрвандон шароити воқеӣ фароҳам меорад. Дар суръати таъмини саноатикунонии босуръат ҳиссаи аҳолии дар соҳаи саноат машғулбуда афзоиш ёфта, шуғли пурмаҳсули аҳолӣ таъмин мегардад. Таъмини шуғли пурмаҳсул дар соҳаҳои ба содирот нигаронидашуда метавонанд ба дигар соҳаҳо ва умуман, ба иқтисодиёт таъсири назарраси афзоишёбанда расонад.

Дар партави тамоюли рушди ҷаҳони муосир, дар шароити глобалишавии тамоми ҷабҳаҳои фаъолияти ҷомеа, дар вазъияти талоши кишварҳои пешрафта барои ривоҷи бозори молу маҳсулот, бе назардошти манфиати кишварҳои истеъмолкунанда кӯшишҳои пайгиронаи Ҷаноби Олӣ дар самти аз кишвари аграрию саноатӣ ба кишвари саноатию аграрӣ табдил додани ҷумҳуриамон иқдоми олии мантиқӣ ва ҷасурона мебошад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳияти ҳадафи чоруми миллӣ эълон гардидани саноатикунонии босуръат ва аз кишвари аграрӣ – саноатӣ ба кишвари саноатӣ – аграрӣ табдил додани Ҷумҳурии Тоҷикистонро чунин шарҳ додаанд: «Мо саноатикунонии босуръатро ҳамчун ҳадафи чоруми стратегии кишвар қабул кардем, зеро рушди саноат барои таъмин намудани устувории иқтисодиёт, ташкили ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани иқтидори содиротии мамлакат ва рақобатнокии он замина мегузорад.

Таърих гувоҳ аст, ки пас аз ҷанги шаҳрвандию ҳодисаҳои нанговари солҳои аввали истиқлолият низоми иқтисодиёти Тоҷикистон ва соҳаи саноат аз фаъолият бозмонд. Аммо тадриҷан ва бо талошу заҳматҳои Роҳбари хирадманди кишвар Тоҷикистон ба ҳаёти осоишта баргашта, иқтисодиёт ба маҷрои рушд равона гардид. Ҳоло мо раванди саноатикунонии кишварро бо қадамҳои мантиқии рушди иқтисодӣ ва зина ба зина омодашавӣ ба тақвият додани соҳаи саноат мушоҳида карда метавонем.

Натиҷаи таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки соли гузашта 300 коргоҳу корхонаи нави саноатӣ бо беш аз 6500 ҷойи корӣ таъсис карда шуд. Дар маҷмӯъ, соли гузашта шумораи корхонаҳои саноатӣ ба 2274 расида, тибқи ҳадафҳои муайянгардида дар ҳафт соли оянда ба зиёда аз 3500 расонида мешавад, яъне беш аз 54 фоиз афзоиш меёбад. Дар натиҷа танҳо дар панҷ соли охир дар дохили кишвар ба маблағи умумии беш аз 44 миллиард сомонӣ маҳсулоти ивазкунандаи воридот истеҳсол карда шуд, ки боиси хеле коҳиш ёфтани вобастагии бозори истеъмолӣ аз маҳсулоти воридотӣ гардид.

Самтҳои афзалиятноки соҳаи саноат дар “Старатегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”, “Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисодию иҷтимоӣ барои солҳои 2016–2020, “Барномаи давлатии рушди содирот ва воридотивазкунӣ барои солҳои 2016–2020,” Стартегияи рушди саноат барои давраи то соли 2030 муайян ва ҷиҳати ноил гардидан ба онҳо тадбирҳои мушаххас пешбинӣ шудааст.

Тибқи “Стартегияи милии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” баланд бардоштани рақобатпазирӣ ва занҷири арзиши иловашудаи соҳаҳои саноат, афзоиши ҳаҷми истеҳсол ва фурӯши маҳсулоти саноатии дар бозори ҷаҳонӣ рақобатпазир, ташкили низоми самараноки омода намудани мутахассисони дорои қобилияти баланд, азхудкунии технологияҳои саноатӣ ва истеҳсоли маҳсулоти инноватсионӣ, бунёди асосҳои ниходӣ барои рушди устувор ва пешгирикунандаи соҳаҳои саноат, ташкили кластерҳои инноватсионӣ ва пурмаҳсул, мусоидат ба рушди содирот ва низоми миллии воридотивазкунии интихобӣ, пеш аз ҳама, дар соҳаҳои комплекси агросаноатӣ (коркарди маҳсулоти меваю сабзавот ва зиёд кардани истеҳсоли он), сохтмон, саноати сабук ва хӯрокворӣ ҳамчун афзалиятҳои асосӣ дар самти рушди соҳаи саноат интихоб гардидаанд.

Бояд қайд намуд, ки ҷиҳати рушди соҳаи саноати кишвар пайваста аз ҷониби Ҳукумати кишвар таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида истодааст. Бо мақсади таъмини ҳадафи эълонгардида бо дастгирии Пешвои Миллат дар кишварамон “300 рузи ислоҳот оид ба дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ” эълон гардида, мавриди амал қарор дорад. Таҷҳизоту теххнологияҳои  воридшаванда барои соҳаҳои саноат аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда шудаанд. Маврид ба зикр аст, ки Ҳукумати мамлакат вобаста ба фароҳам овардани шароити мусоид барои соҳибкорон ҳамасола ислоҳоти муҳимро дар самтҳои гуногун иқтисодиёт, аз ҷумла, содагардонии расмиёти бақайдгирии субъектҳои соҳибкорӣ, ҳимоя ва дастгирии соҳибкорон, махсусан, сохибкорони истеҳсолӣ такмили низоми андозбандӣ, содагардонии санҷишҳои фаъолияти соҳибкорӣ, ислоҳоти низоми иҷозатдиҳӣ ва иҷозатномадиҳӣ амалӣ менамояд.

Ҳар сол дар кишвар сохта ба истифода додани корхонаҳои гуногуни хурду бузурги молистеҳсолкунанда ва таъмин гардидани сокинон бо ҷои кори доимӣ далели рӯ ба рушд будани соҳаи саноати кишвар ва дастгириву ғамхории беназири Пешвои миллат  мебошад.

Гуфтан мумкин аст, ки иқдоми саноатикунонии мамлакат, ки бо ташаббуси Пешвои миллат пеш гирифта шудааст, ба таври назаррас дар амал татбиқ мешавад.

Тавре, ки дар боло қайд намудем имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон корхонаҳои хурду азими саноатӣ бунёд гардида истодаанд. Аз ин рӯ, ба хотири дар оянда пеш бурдани фаъолияти ин корхонаҳо ва беш аз пеш вусъат бахшидан ба соҳаи саноат ба мутахассисони донишманду соҳибкасби муҳандисию техникӣ эҳтиёҷ дорад. Вобаста ба ин ҳар яки мову шумо, омӯзгоронро, ки дар омода кардани муҳандисону мутахассисони соҳаи техникӣ нақши муҳим дорем,  зарур аст, ки вазифаи худро софдилона иҷро намуда, мутахассисони ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯ ва рақобатпазирро омода намоем.

Дар ниҳоят, чӣ тавре ки дар баромадҳояшон Пешвои муаззами миллат доимо қайд мекунанд, бо дилу нияти ояндабинонаи нек, нангу ори миллии ба тоҷикон хос ва нерӯи созанда бояд мо баҳри амалисозии ин ҳадаф кӯшиш намоем. Ҳар як мамлакат барои пешрафти худ ва манфиатҳои миллии худ сиёсаташро пеш мебарад. Моро танҳо зарур аст, ки дар атрофи роҳбари худододамон муттаҳид шавем, Тоҷикистони саноатиро бисозем.

Турсунова Шоирахон, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд