Барои давлату миллат, хизмати шоиста кардан, онро бо ҷону дил ҳимоя намудани ҳам қарз асту ҳам фарз аст. Ба ҳамин маъни ҳар кадоме аз мардумони худогоҳу меҳанпарастро мебояд, ки дар барои адои қарзи фарзандии худ устувор бошанд. Саркашӣ аз хизмат беадолатӣ нисбат ба Модар – Ватан буда, аз беинсофию бетараф будан нисбати ояндаи дурахшони миллат дарак медиҳад. Хеле хурсандиовар аст, ки имрӯз ҷавонони ояндасози миллат, бо шукргузорӣ аз ватани ободу озод бо хоҳиши худ барои хизмат ба халқу миллат сафарбар шуда истодаанд.

Боиси ифтихор ва сарфарозиҳои миллати тоҷик аст, ки маҳз бо шарофати Асосгузори сулҳу ваҳадати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон рӯз то рӯз ободу зеботар гашта, сатҳи зиндагонии мардум беҳтар гардидааст. Шароити қисмҳои ҳарбӣ ниҳоят дар сатҳи баланд буда, сарбозону аскарон худро ҳангоми хизмат хурсанду сарбаланд эҳсос карда истодаанд. Имрӯз волидон низ аз сафарбар гардидани фарзандонашон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ниҳоят хурсанданд, зеро онҳо низ медонанд, ки шароити буду боши фарзандонашон дар қисмҳои ҳарбӣ аз хонаи худ камбудаие надорад.

    Шукронаи ҳамин Истиқлолияту якдилӣ, шукронаи сулҳу субот ва  дӯстии халқи азизам, ки мо дар фазои озод зиндагони дорем ва сарваре моро роҳбарӣ мекунанд, ки ҳамеша дар фикри некӯаҳолии мо -мардумон мебошанд. Ҳамеша моро барои зиндагонии шоиста кардан ҳидоят намуда, иброз медоранд, ки дар зиндагӣ саодати беҳтарин барои ҳар як нафар саодати озодист. Зеро халқе, ки озод аст нусраташ ҷаҳонию мақомаш волотар хоҳад буд.

    Ба ҷавонони ватандӯсту меҳанпарасти диёрам иброз медорам, ки барои фардои дурахшони миллат бетарафӣ зоҳир накарда, тамоми заҳмату талошҳои хешро барои аз имрӯз бештар ободу зебо намудани диёри азизамон равона созанд.

Оқилҷонова Шаҳноза, омӯзгори калони кафедраи молия ва қарз: