Муҳайё гардидани шароити арзанда ба хизматчиёни ҳарбӣ, тарбияи кадрҳои касбӣ ва соҳибтахассус, баланд бардоштани донишу маърифат, ҳисси ватандӯстиву меҳанпарастӣ, садоқат ба Ватан, дарки масъулиятшиносӣ ва таҳкими омодабошии ҷангии ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ аз масъалаҳои муҳими сиёсати пешгирифтаи Роҳбарияти Олии кишвар мебошад.

Қабул гардидани Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи мудофиа» ва «Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ», бунёди 10 қисми ҳарбӣ бо тамоми шароитҳои зарурӣ, комиссариатҳои ҳарбӣ дар шаҳру ноҳияҳо, зиёда аз 100 иншооти нави хизматрасонӣ, беш аз 2600 иншооту биноҳои нав аз тадбирҳое мебошанд, ки рушди иқтидори мудофиавӣ, шароити зист ва хизмати ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар сохторҳои низомиро таъмин намуданд.

Мутобиқи моддаи 43-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон: «Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст».

Маҳз таваҷҷуҳу ғамхорӣ ва боварии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки имрӯз афсарону сарбозон бо ҳисси баланди миллӣ ва садоқат ба халқу Ватан баҳри ҳимояи марзу буми аҷдодӣ саъю талош менамоянд. «Ман ба далериву шуҷоат, ҳисси баланди миллӣ ва эҳсоси гарми ватандӯстиву ватанпарастии афсарону сарбозони бонангу номуси Ватан бовар дорам ва бо онҳо ифтихор мекунам» - иброз менамоянд Роҳбари давлат.

Ин ҳама эътимоду таваҷҷуҳи Пешвои муаззами миллат ҳар як афсару сарбозро водор месозад, ки минбаъд низ содиқона, софдилона ва поквиҷдонона ба халқу Ватан хизмат намоянд. Ҷавонони синни даъватиро лозим аст, ки бо шукргузорӣ аз сулҳу осоиштагӣ, сабақгирӣ аз гузаштаи талх дар ибтидои солҳои 90-ум дар кишвар, вазъи фоҷиабори ҷаҳони муосир ва бо назардошти шароитҳои арзандаи хизмати ҳарбӣ, қарзи шаҳрвандии хешро ихтиёран ва саривақт анҷом дода, дар ҳифзи якпорчагии Ватан ва таъмини озодиву истиқлолият саҳми арзишманд гузоранд. Зеро хизмат дар сафи дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ мояи ифтихору сарбаландӣ, шараф, рисолати ҷавонмардӣ, мактаби бузурги худшиносӣ ва обутоби ҷисмонӣ аст.

Мо бояд аз гузаштаи пурифтихору ибратомӯзи миллати фарҳангиву сулҳдӯст, соҳибмаърифату тамаддунсоз ва ватандӯсту ободгарамон сабақи мардонагӣ гирем.

Таърих гувоҳ аст, ки фарзандони шарофатманди миллати тоҷик ҳамеша ва дар ҳама давру замон муҳофизати Ватан, анъанаҳои асили миллӣ ва ҳуввияти таърихии худро ҳифз намуда, бо душманон муборизаҳои беамон мебурданд ва аз худ беҳтарин намунаҳои шуҷоату қаҳрамонӣ нишон медоданд.

Барои насли ояндасози кишвар хизмат ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат муҳимтарин мактаби обутоби ҳаётӣ мебошад. Маҳз дар ҳамин ҷо ҷавонписарон сабақи шуҷоату мардонагӣ гирифта, муҳофизат кардани хоки поки Ватанро меомӯзанд.

Боиси хушнудист, ки ҳар фарзанди фарзонаи кишвари соҳибихтиёри Тоҷикистон ин вазифаи бузург ва муқаддаси худро азиз дониста, бо иродаи қавӣ дар хидмати марзу буми хеш мебошад.Сулҳу субот ва осоиши ҷомеаи ҳар кишвар ба ҳифзи сарҳади он вобаста аст.

Имрӯз лозим аст, ки ҳар нафар, шурӯъ аз падару модар, омӯзгор, соҳибкор ва кулли ҷомеа хидмат кардан дар сафи артишро ба ҳайси як мактаби мардонагию ҷасорат таблиғ намоянд.Зеро ин марзу  бум ва ин давлат аз мост ва вазифаи мост, то онро ҳимоят намоему зарур бошад, дар роҳи ҳифзи он ҷоннисорӣ кунем  ва ҳимояи сарҳади Ватан ин ҳифзи модар ва хонаву дари худ аст.

Аъзамҷон Усмонов, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд