Санаи 21 декабри 2021 Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш роҷеъ ба зарурат ва аҳамияти забонҳои хориҷӣ, хоса забонҳои русӣ ва англисӣ таъкид намуданд, ки «таълими забонҳои хориҷӣ, махсусан, русиву англисӣ дар тамоми факултаву шуъбаҳои мактабҳои олӣ боз ҳам беҳтар ба роҳ монда шавад». Билхоса, чандин далелу аснод аз ҷумла қайд намуданд, ки «Тоҷикистон ҳоло бо 180 давлат робитаи дипломатӣ ва бо 130 кишвар муносибатҳои тиҷоративу иқтисодӣ дорад». Пас равшан мегардад, ки бо мурури замон Тоҷикистон робитаҳои хориҷиро тавсеа бахшида, ҳамасола ба мутахассисони баландихтисос ва донандаи забонҳои хориҷӣ эҳтиёҷ дорад. Бинобар ин, омода намудани кадрҳои забондони баландихтисос дар соҳаҳои мухталиф, ҳадафи ягонаи ҳар муассисаи таҳсилоти олӣ ба шумор меравад.

Бояд қайд намуд, ки раванди омӯзиши забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла забонҳои русӣ ва англисӣ тӯлонӣ буда, таълими бевосита ва васеи он ҳанӯз аз таҳсилоти миёна, яъне синфҳои ибтидоӣ ба роҳ гузошта шавад.

Чунончи аз натиҷаҳои олимпиадаҳои ҳамасола маълум аст, сатҳи дониши хонандагони макотиби миёна нисбат ба баъзе гимназияву литсей ва мактабҳои хусусӣ пасттар аст. Соатҳое, ки ҷиҳати омӯзиши забони англисӣ дар мактабҳои миёна пешниҳод мегардад, кифоя нест, зеро агар аз рӯи забони тоҷикӣ иншо ё диктанте гирифта шавад, шояд аксарият аз супоридани он ноком гарданд. Ҳоло он ки соатҳои забони модарӣ дар муқоиса ба забонҳои русӣ ва англисӣ бамаротиб зиёд аст ва илова бар ин, тамоми дарсҳо бо забони адабии ҳозираи тоҷикӣ гузаронида мешавад. Аммо забони хориҷӣ дар 1 ҳафта ҳамагӣ 2-3 ё зиёдтар соат гузошта шудааст, ки он ҷиҳати омӯзиши забон кифоя нест ва ҷиҳати ҳалли ин мушкилӣ чандин ҷораҳоро пешниҳод намудан мумкин аст. Масалан, дар давоми соли хониш, ҳар моҳ ҳафтаи омӯзиши забонҳои хориҷӣ, афзун бар ин курсҳои факултативӣ, ташкили дарсҳои иловагӣ аз ҷониби раёсати муассисаҳои таълимӣ, маҳфилҳои забономӯзӣ ва дигар машғулиятҳо ташкил кардан мумкин аст. Ҳамзамон, ташкил ва таъсиси мактабҳои махсуси типи забономӯзӣ ё ҷомеашиносӣ низ барои омодаи кадрҳои баландихтисос мавриди таваҷҷуҳ аст.

Пешвои миллат дар идомаи Паёми хеш қайд намуданд, ки «Дар даврони истиқлолият барои муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ зиёда аз 315 ҳазор мутахассисони равияи омӯзгорӣ, аз ҷумла 115 ҳазор нафар дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ тайёр карда шудааст», пас равшан мегардад, ки дар миқёси ҷумҳурӣ кадрҳои ҷавони омӯзгорӣ кифоя буда, ба назари мо бояд таълиму тадриси забони англисӣ ба таври дуруст гузошта мешуд.

Ба илова, мувофиқи қайдҳои Сарвари кишвар, «ҳоло дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ 129 ҳазор нафар омӯзгорон дарс мегӯянд ва таъминнокии муассисаҳои таълимии кишвар бо кадрҳои омӯзгорӣ, дар маҷмӯъ, 98,7 фоизро ташкил медиҳад», ки барои омода намудани кадрҳои баландихтисос пояи устувор дорад.

Чунончи Пешвои миллат дар идомаи Паём таъкид намуданд, «бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ нисбат ба маориф – сармоягузорӣ барои рушди нерӯи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва Ватан мебошад», мо низ устодони муассисаҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бечунучаро ин гуфтаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро комилан сармашқи кории хеш қарор дода, кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки ҷиҳати омодаи кадрҳои баландихтисос саҳми омӯзгории худро гузошта бошем.

Дар мавриди ҷараёни таълим таъкид гардид, ки «Бо вуҷуди он ки раванди таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ ба низоми муайян даромадааст, зарур аст, ки барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, омода кардани кадрҳои баландихтисос, омӯхтани забони давлатӣ, таъриху фарҳанги бостонии халқи тоҷик, боло бурдани завқу рағбати хонандагон ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ, табиӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, махсусан, забонҳои русиву англисӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда шавад», воқеан суханҳои охирин таваҷҷуҳи моро ба худ ҷалб намуда, бояд таконе дар омодаи мутахассисони ояндаи наздик хоҳад буд.

Дар идомаи Паём чандин супоришу вазифаҳои мушаххас гузошта шуд: «Бо ин мақсад, роҳбарони муассисаҳои таълимиро зарур аст, ки ба масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи дониш ва касбияти омӯзгорон дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, бахусус, омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоиву миёнаи касбӣ, такмили ихтисосу бозомӯзӣ ва тарбияи омӯзгорони ҷавони баландихтисос ва ба талаботи замона ҷавобгӯй дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот эътибори аввалиндараҷа диҳанд». Ҳамчунин, ба Вазорати маориф ва илм супориш дода шуд, ки «барои омода кардани омӯзгорони фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ бо забонҳои хориҷӣ дар донишгоҳҳои равияи омӯзгорӣ кушодани шуъбаҳои алоҳидаро пешбинӣ намояд».

Хулоса, Сарвари давлат таъкид намуданд, ки «таълими забонҳои хориҷӣ, махсусан, русиву англисӣ дар тамоми факултаву шуъбаҳои мактабҳои олӣ боз ҳам беҳтар ба роҳ монда шавад».

Умедҷон Мақсудов, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд