Ҷавонон дар назди Ватан масъулияти баланд дошта, дар таҳкими давлатдории миллӣ нақши бузургеро иҷро мекунанд. Бинобар ин тарбияи дурусти насли ҷавонон вазифаи мӯҳими ҷомеаву давлат ба ҳисоб меравад. Маҳз дар рӯҳияи ватандӯстиву инсониятгарӣ тарбия ёфтан ва дорои маърифати баланди сиёсию ҳуқуқӣ будан моро водор месозад, ки манфиатҳои миллии кишвари худро дарк ва ҳифз намоем.

Дар тараққиёти Тоҷикистони соҳибистиқлол ҷавонон нақши созанда доранд, зеро ки ҷавонон ояндаи давлату миллат ва қувваи пешбарандаи ҷомеа мебошанд.

Дунёи зуд тағйирёбанда равандҳои сиёсӣ, зуҳуроти гуногун, мушкилоти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоиро дар пай дорад, ки ба тафаккури ҷавонон  таъсир хоҳад гузошт. Ҷавонони Тоҷикистон низ аз ин таҳдидҳо эмин нестанд. Аз ин рӯ зарур аст, ки мушкилот ва сарчашмаҳои таъсиррасон сари вақт муайян ва роҳи дурусти  бартарафсозии онҳо амалӣ гарданд.  Яке аз падидаҳои ҷомеаи муосир Интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба шумор меравад. Интернет яке аз дастовардҳои бузурги инсоният дар асри XXI мебошад, ки ба сифати воситаи асосии иттилоотрасон дар ҷаҳон хизмат мекунад. Бояд гуфт, ки ҳар пешрафте, ки инсон ба он ноил мегардад, тарафҳои мусбату манфӣ дорад ва Интернет низ аз ин истисно нест.

Барои робитаи байни инсонҳо Интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ масоҳат ва сарҳадро аз миён бурдаанд. Инсон новобаста аз он, ки дар кадом кунҷи дунё ҳузур дорад, метавонад бо ҳам дар муошират бошад. Интернет аҳолии ҷаҳонро бо ҳам наздик намудааст ва шаҳрвандони як кишвар метавонанд, дӯстони зиёдеро аз кишварҳои дигар пайдо созанду бо онҳо дар тамос бошанд.

Барои пайдо намудани маълумоти зарурӣ, кофӣ ва муфид он имконияти хуберо дорост. Шабакаҳои иҷтимоӣ имконият медиҳад, ки мо ҷавонон ба гурӯҳҳои илмию фарҳангӣ аъзо шуда, талаботи маънавиамонро қонеъ намоем.

Дохилшавии ҷавонон ба донишгоҳҳои мамлакатҳои дигар, ёфтани ҷойи кор тавассути эълонҳо низ аз муфид будани Интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ дарак медиҳад. Чунин хосияти мусбии Интернет зиёданд, аммо дар баробари ин шабакаҳои иҷтимоӣ як қатор мушкилотҳои ҷиддиро низ ба бор оварда, боиси ташвиш мегарданд.

Тадқиқоти сотсиологӣ нишон медиҳад, ки дар як рӯз 53,6 дарсади истифодабарандагон, махсусан, ҷавонон аз 6 то 8 соат вақти худро дар шабакаҳои иҷтимоӣ мегузаронанд, ки ин хуб нест . Ба ин роҳ натанҳо вақт, балки ба саломатиашон ҳам зарар мерасонад. Вақтгузаронии барзиёд ва дур мондан аз олами воқеӣ яке аз паёмадҳои манфии Интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ мебошад. Ин мушкилот бештар дар байни наврасону ҷавонон мушоҳида мегарданд. Дар инҷо бемасъулиятии волидон низ ба назар мерасад, зеро маҳз онҳо ба фарзандонашон компютер ва телефонҳои мобилӣ мехаранд, аммо назорат намекунанд, ки онҳо ба чӣ кор машғуланд, чиро мутолиа мекунанд ва бо кӣ дар робитаанд. Шабакаҳои иҷтимоӣ назоратшавандаанд ва на ҳамаи маълумоте, ки дар худ доранд, дурусту беғаразанд. Солҳои охир гурӯҳҳои терорристию экстремистӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ақидаҳои ифротии худро тарғибу ташвиқ менамоянд. Аксар ҷавонон ба воситаи шабакаҳои иҷтимоӣ ба ин ё он гурӯҳу ҳаракатҳои ифротӣ пайвастанд. Барои ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ аз шабакаҳои интернетӣ бо тамоми тарзу усулҳояш истифода бурда мешавад.

Ба мо ҷавонон зарур аст, ки шабакаҳои интернетиро мақсаднок ва дуруст истифода бурда, зиракиву ҳушёрии сиёсиро аз даст надода мақсаду мароми гурӯҳҳои экстремистиро омӯхта, онро фош намуда, барои нест кардани он кӯшиш намоем, то ин ки истиқлолият, сулҳ, ваҳдат ва амнияти кишвар таъмин карда шавад.

Одилхӯҷа Солиев, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд