Халқи тоҷик аз қадимулаён ба шарофати шахсиятҳои нотарсу ҷасур, ватандӯсту меҳанпарвар, донишманд ва бонангу номус тавонистааст, ки ба ганҷинаи таърих ва тамаддуни башар саҳми мондагор гузорад.

Ин миллати фарҳангсолору тамаддунсоз дар ҳамаи замонҳо зулму ситам ва фоҷиаву даҳшатҳои аҷнабиёнро паси сар намуда, дар ҷое бо қавмҳои зиёд ҳамкорӣ кардаву бар зидди иддаи дигар муборизаи беамон бурдааст.

Мардуми шарафманди мо дар ҳамаи марҳилаҳои таърих барои ҳифзи ҳувият ва анъанаву арзишҳои миллии хеш бо қавму қабилаҳои саҳрогарду бодиянишин талош ва муқовимат карда, дар ин роҳ ҳазорон нафар фарзанди номоварашро аз даст дода, бо мушкилиҳои зиёд ба истиқлолу озодӣ расидааст.

Бесабаб нест, ки ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ бо номи ин абармарди миллат сидқан фахр мекунанд ва номи оламгири ӯ бо шоҳасараш «Тоҷикон» вирди забони на танҳо халқи тоҷик, балки тамоми мардуми олами мутамаддин гардидааст. «Тоҷикон» аз ҷумлаи китобҳои муқаррарӣ нест, он таърихи сеҳазорсолаи халқест, ки роҳи дуру дарозеро тай намуда, қариб дар ҳар як марҳилаи таърихӣ барои ҷисман зинда мондан, барои осори маданиашро ҳифз намудан, барои ҳаққу ҳуқуқи маънавияшро барқрор намудан пайваста мубориза бурдааст. Ба қавли комили академик Акбар Турсун, он асарест, ки холо ба китоби рӯйимизии ҳар як фарди тоҷик табдил ёфтааст, онро аллакай мардум дар мағозаҳо кофта мегарданд, якбора чанд нусха харида, ба фарзандон ва хешовандонашон тақдим менамоянд.

Дар китоб сарнавишти халқи тоҷик аз замони бостон то даврони нав гирд оварда шудааст, ки он таърихи қадимтарин, қадим, асри миёна ва давраи навро дар бар мегирад.

Воқеан, ин асари нодир ба аксарияти олимони шарқшиноси ватанӣ ва ховаршиносони хориҷӣ таассуроти оламшумул бахшида, Тоҷикистонро ба худаш ва берун аз он шинос намуд. Мо бояд фахр кунем, ки чунин аҷдоди воло дорем, ки барои озодӣ ва шукуфоии ватанамон мубориза бурда, номи неки худро дар ёди ҳар якеи мо гузоштаанд!

Хурсандибахш аст, ки асари бунёдии қаҳрамони Тоҷикистон, академик Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» бо ташаббуси бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ошноӣ пайдо кардан ба гузаштаи пурифтихори халқи тоҷик  ва баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ дар арафаи ҷашнгирии 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳар як хонаводаи халқи тоҷик туҳфа гаштааст.

 

Раҳматуллоева М. М., устоди ДПДТТХ